БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Раҳоӣ аз дард баъди 5 сол

  14-05-2013 Ин ҳафта бо ширкати эндоурологи эронӣ Амирҳасани Шаҳриёр дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино  амалҳои ҷарроҳии гурда ва роҳҳои пешоб анҷом дода шуд.Ҳамаи амалҳои ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфта, беморон баъд аз 3-4 рӯзи ҷарроҳӣ дар ҳолати хуб ба табобати амбулаторӣ фиристода шуданд.

Яке аз ин беморон, ки 5 сол пеш дар яке аз бемористонҳои маҳаллӣ ҷарроҳии аденомэктомия шудааст, тӯли ин 5 сол ҳангоми пешоб кардан аз дард азият мекашид. Пас аз муроҷиат ба Бемористони Ибни Сино, бемор пурра аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуд. Маълум гардид, ки гарданаи масонаи бемор пурра танг (контрактура) гардидааст. Сипас тавассути дастгоҳи эндоскоп-резетоскоп ин тангӣ бартараф карда шуда, бофтаҳои фиброзӣ бо резетоскоп тарошида шуданд. Амал бомуваффақият анҷом ёфт ва рӯзи 4-ум бемор ба хонааш мураххас гардид. Ҳамчунин пешобкунии бемор пурра барқарор гардидааст.

Як амали ҷарроҳии кистаи мағзи сар бомуваффақият анҷом ёфт.

 10-05-2013 Дар Бемористони Ибни Сино як амали ҷарроҳии кистаи мағзи сар бомуваффақият анҷом ёфт. Бемори ҷавон, ки ду соли охир аз ин дард азият мекашид, бо шикояти ташаннуҷ (аз ҳушравӣ ва дарди сар) ба бемористон муроҷиат кард.

Муфассал...

Иқдоми нави Бемористони Ибни Сино

06-05-2013 Дӯстони гиромӣ! Маъмурияти Бемористони Ибни Сино , ки фаъолияташро ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ташаккули низоми хизматрасонӣ бо истифода аз  технологияҳои муосир нигаронидааст, акнун тасмим гирифт, ки доир ба намуди бемориҳои нисбатан маъмул ва роҳҳои сари вақт пешгирӣ намудани он дар сомонаи бемористон гӯшаеро таъсис дихад.Акнун Шумо метавонед, аз бахши тавсияҳо доир ба бемориҳои нисбатан маъмул ва роҳҳои пешгирӣ аз он  маълумоти заруриатонро пайдо намоед. Муфассалтар ниг http://ibnisino.tj/tg/tavsiyahoi-mo.html

Танҳо дар Бемористони Ибни Сино

  07-05-2013 Дар Бемористони Ибни Сино  ҳафтаи  гузашта бо ширкати нейрохирурги эронӣ Бахтиёри Аббос амале  анҷом дода шуд, ки танҳо дар шароити Бемористони Ибни Сино анҷом дода мешавад.

Муфассал...

Сомӣ Алдубунӣ: «Мо мехоҳем Бемористони Ибни Сино маркази бузурги илмӣ-тадқиқотӣ гардад

  04-05-2013 Бемористони байналмилалии  Ибни Сино фаъолияти худро  моҳи сентябри соли  2009 оғоз намудааст. Дар тӯли беш аз се соли фаъолият, бемористон худро ҳамчун  маркази тиббие, ки    дар он  ҷо   ёрии  тиббии олидараҷаи касбӣ расонида мешавад, муаррифӣ намуд. Бояд гуфт, ки  дар ин ҷо на фақат духтурони тоҷик, балки  мутахассисони маъруфи дигар кишварҳо низ хизматрасонии тиббӣ мерасонанд.

Муфассал...

ФОТО

 

ВИДЕО