БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/598681_444385178971991_936098525_n.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/598681_444385178971991_936098525_n.jpg'

Бемористони Ибни Сино-даргоҳи наҷот

   01-04-2013  Рӯзи 30-юми марти  соли равон сокини 54 солаи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, Мирзоҳаёт Худойназаров бо нишонаҳои бемории сактаи миокарди дил дар ҳолати вазнин аз шаҳри Хоруғ тавассути ҳавопаймо ба Бемористони Ибни Сино интиқол дода шуд. Бемор дар ҳолати вазнин қарор дошта, пас аз гузаронидани амали ташхису коронаграфия ҳамзамон ба бемор ангиопластикаи

Муфассал...

Доктори маъруфи эронӣ Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор рӯзхои 31-уми март ва 1 –уми апрели соли равон дар бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд ба кабули беморони гурда ва роҳҳои пешоб машғул мешавад

  28-03-2013 Доктори маъруфи эронӣ Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор рӯзхои 31-уми март ва 1 –уми апрели соли равон дар бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шахри Хуҷанд беморони гурда ва роҳҳои пешобро қабул, муоина ва дар сурати зарурат ҷарроҳӣ хоҳад кард.  Доктор  Мусавибаҳор  эндоурологи собиқадори эронӣ буда,  тайи солҳои фаъолият  зиёда аз 1500 амали PCNL ( сангшикании  зерипӯстӣ),  зиёда аз 4 000 амали TUL (сангшиканӣ аз тариқи маҷрои пешоб) ва систолитотрипсия (сангшиканӣ дар масона)-ро бо сифати баланд анҷом додааст.

Муфассал...

Аз 26 март эндоурологи эронӣ -доктор Сайид Ҳабибуллох Мӯсавибаҳор дар Бемористони Ибни Сино ба ҷарроҳии беморони гурда машгул мешавад

  25-03-2013  Аз 26 марти  соли равон дар Бемористони Ибни Сино мутахассиси варзидаи эронӣ,  эндоуролог -доктор Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор ба ҷарроҳии беморони гурда ва роҳҳои пешоб машғул хохад шуд.. Доктори Сайид Ҳабибуллох Мӯсавибаҳор яке аз мутахассисони хуби соҳа ба шумор рафта таҷрибаи беш аз 13 сола дорад. Тамоми амалиётҳои ҷарроҳии урологӣ ва эндоурологиро бо маҳорати баланд анҷом медихад

Муфассал...

Имконияти муфид барои варзишгарону ҳунармандон

26-03-2013 Варзишгарони тоҷик акнун имкон доранд, ки аз хизматрасониҳои Бемористони Ибни Сино ба таври ройгон истифода баранд. Барои ин онҳоро лозим аст, ки саломатии худро қаблан дар ширкати «Суғуртаи миллӣ» суғурта намоянд. Чанде қабл варзишгардухтари тоҷик оид ба намуди теквандо, хонандаи мактаби №72 Меҳрубону Зоироваро сарпарасти ӯ директори ширкати «Боғи Ҳисор-лимитед» Ҳоҷӣ Бурҳониддин дар ин ширкат суғурта намуд ва акнун дар мавриди ниёз пайдо намуданаш ӯ метавонад, дар дилхоҳ вақти худ аз хизтматрасонии ин бемористон истифода барад

Муфассал...

Бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд расман мавриди истифода қарор гирифт

  23-03-2013  Рӯзи 22 марти соли равон  дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи бахши минтақавии  Бемористони Ибни Сино баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода, раиси шаҳри Хуҷанд ва намояндагони дигар сохторҳои марбута ширкат намуданд. Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода бо дигарон аз дохили бино, шароити дар он муҳайё гардида ва сифати дастгоҳу таҷҳизоти он дидан намуда, ба он баҳои баланд дод  ва афзуд, ки ҳадафи бо эрониҳо кор карданашон ин аст, ки «он таҷҳизотҳое, ки дар мо нест, онҳо дастрас мекунанд ва дигар зарурати аз ҷумҳурӣ берун рафтан намешавад».

Муфассал...

ФОТО

 

ВИДЕО