БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

109 амали ангиографӣ дар оғози соли 2013

   19-03-2013  Шурӯъ аз моҳи январи соли 2013 то ба имрӯз дар Бемористони Ибни Сино 109 амали ангиографӣ (баррасии ҳолати шараёнҳои коронарӣ ) ва ҳам катетеризатсия (муайян кардани ҳолати даричаҳои дилӣ, муайян кардани сатҳи фишор дар ҳуфраҳои мухталифи дил), 24 амали ангиопластикаи коронарӣ (кушодани тангиҳои шараёнҳо бо воситаҳои баллон ва стент), 1 амали комиссуротомияи митралӣ (кушодани тангии равзанаи митралӣ), 6 амали ангиопластикаи шараёнҳои гурда, мағзи сар ва пойҳо)

Муфассал...

Тӯҳфаи наврӯзии Бемористони Ибни Сино ба сокинони шаҳри Хуҷанд

   18-03-2013 Рӯзи 22 марти соли равон соати 9:00 дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи бахши минтақавии  Бемористони Ибни Сино баргузор мешавад.

   Бахши минтақавии бемористон дар шаҳри Хуҷанд аз шӯъбаҳои ташхис ва дармони кардиологӣ, урологӣ, амрози занон ё гинекология, ҳамчунин пизишкии умумӣ, озмоишгоҳ ва рентген иборат хоҳад буд.

Муфассал...

Дар Бемористони Ибни Сино эндоурологи маъруфи иронӣ Меҳробӣ Сосон ба қабули беморон шурӯъ намуд

 11-03-2013  Дар Бемористони Ибни Сино эндоурологи маъруфи иронӣ Меҳробӣ Сосон ба қабули беморон шурӯъ намуд. Дар ин муддат аллакай эҳтиёҷмандони зиёде барои қабул, муоина ва табобат ба ин мутахассиси варзида муроҷиат намуданд. Меҳробӣ Сосон яке аз мутахассисони варзида ва маъруфи иронӣ буда , собиқаи кории бисёрсола дорад, аз ҷумла зиёда аз 1000 амали PCNL (амали сангшикании тарики пӯстӣ)-ро бо сифати баланд

Муфассал...

Дар соли 2012 дар Бемористони Ибни Сино 6 амали нодири ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, ки дар Тоҷикистон бори аввал сурат гирифтааст.

12-03-2013 Дар соли 2012 дар шӯъбаи кардиологияи Бемористони Ибни Сино 91 амали ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, ки аз инҳо 36 амали шунтгузории аорто-коронарӣ,  19 амали корректсияи нуқсонҳои модарзодии дил, 18 амали ивази даричаҳои дил бо протезҳои механикӣ ва тармими онҳо бо дарз ва ё ҳалқа, 4 амали ивази даричаи  шоҳраг бо протези механикии №23– SJМ ҳамзамон бо шунтгузории мамма-коронарӣ ва аорто-коронарӣ дар шароити ГХС ва КПФХ ва 2 амали амали ҷарроҳии Гленн дар шароити гардиши хуни сунъӣ ва

Муфассал...

348 амали эндоҷарроҳӣ дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино дар як сол

  09-03-2013 Дар соли 2012 дар шӯъбаи урологии Бемористони Ибни Сино  1200   бемор муроҷиат намуданд,ки аз онхо 409 нафарашон бистарӣ гардидаанд. Дар ин муддат ба беморони муроҷиат намуда,  417амали ҷарроҳӣ  гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 69 амали ҷарроҳии боз ва боқимонда 348 амали ҷарроҳӣ  бо усули эндоҷарроҳӣ амалӣ  гардидааст. Аз ҷумла 38 амали систоскопия, 18 амали уретероскопия, 92 амали гирифтани стенти DJ,

Муфассал...

ФОТО

 

ВИДЕО