БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Умеди дубора бар ҳаёт

 17-04-2013 16 –уми апрел ба Бемористони Ибни Сино духтари 17-сола Х.М.  бо шикоятҳои нафастангӣ ва тезхасташавӣ ҳангоми фаъолияти андаке зиёди ҷисмонӣ муроҷиат намуд. Пас аз ташхису муоинаи пизишкон, ки бо истифода аз дастгоҳҳои ҳозиразамон сурат гирифт, мушаххас гардид, ки  ин бемор мубталои нуқси модарзодии дил, тангии шараёни пулмонарӣ мебошад. Худи ҳамон рӯз ба бемор амалиёти валвулопластикаи баллонии шараёни пулмонарӣ (яъне

Муфассал...

Доктор Сомӣ: Тими эҳёи қалби мо доимо омодаи қабули беморон аст

  16-04-2013 Бемори 58-солае  дар ҳолати вазнин бо дарди сина, варами шуш ва тангии нафас ба Бемористони Ибни Сино интиқол ёфт. Пас аз гузаронидани амали ташхису коронаграфия  дар ӯ аломатхои камхунии шадид, тангии шадиди ҳар се шараёни дил, тангии шараёни коротиди дохилӣ ва тангии шадиди шараёни гурда аз рост муайян карда шуд.Бо далели варами шуш, бемор бо омодагӣ барои гузоштани баллони дохили аортӣ мавриди ангипластикаи дил қарор гирифт ва ба бемор ангиопластикаи ду шараёни иллатёфтаи коронарӣ бо истифода аз стентҳои доругӣ анҷом дода шуд.

Муфассал...

Иқдоми беназир

  13-04-2013 13-уми апрел ба муносибати рӯзи кормандони тиб аҳолии кишвар имкон доштанд, ки аз як қатор хизматрасониҳои тиббӣ ба таври ройгон истифода баранд. Аз ҷумла таҳти шиори «Фарди солим – миллати солим” дар ин рӯз тамоми кормандони соҳаи тиб  ба ҷойҳои мухталиф сафарбар гардида, дар сартосари кишвар чорбиниҳои умуммиҷумҳуриявӣ гузаронида шуданд..

Муфассал...

Маҳмудризо Сарзаим-ҷарроҳи дил аз 18 апрел дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони дил машғул мешавад

Маҳмудризо Сарзаим-ҷарроҳи дил аз 18 апрел дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони дил машғул мешавад. Доктор Сарзаим  мутахассиси варзидаи эронӣ  мебошад, ки фаъолияти худро аз соли 1996 ҳамчун ҷарроҳи умумӣ оғоз кардааст. Аз соли 2003 то ин ҷониб ҳамчун ҷарроҳии дил фаъолият менамояд.

Муфассал...

Шӯъбаи ангиопластика: Мо ба шумо ҳаёти дубора мебахшем!

  10-04-2013 Рӯзи 9 –апрел ба беморе, ки аз Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон тавассути ҳавопаймо ба Бемористони Ибни Сино интиқол ёфта буд, амали ангиопластика бо гузоштани стент дар шараёни гурдаи рост анҷом дода шуд. Ҳамчунин ба шараёни коронарии рост низ стенти доругӣ гузошта шуд. Дар назар аст, ки дар марҳилаи баъдӣ ба мавзеи тангии шараёни коротиди дохила низ стент гузошта шавад. Сипас бемор ба хонааш мураххас хоҳад шуд.

ФОТО

 

ВИДЕО