Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ТАШХИСИ ПРОФИЛАКТИКИ

Оё дар бемористони Шумо ташхисоти умумӣ гузаштан мумкин аст?

Бале. Бисёр иқдоми хуб аст, агар шахс бихоҳад соле як бор аз ҳолати аъзои баданаш хабардор шавад. Ин амалкард имкон медиҳад, ки инсон бемориҳои зиёдеро пешгирӣ кунад. Баъзан, одамон вақте ба пизишк муроҷиат мекунанд, ки дигар кор аз кор гузаштааст ва пешгирии беморӣ имкон надорад. Ва кор ба дармони пурхарҷу тӯлонӣ мекашад.

Одатан пизишкон аз рӯи шикояти бемор барояш озмоиш ва санҷиш таъин намуда, сабаби нороҳатии беморро муаян мекунанд ва аз паи дармон мешаванд.

Вале, дар ҳолати ташхиси профелактикӣ мо метавонем вазъи кулли аъзои баданро баррасӣ бикунем ва барояш тавсияҳо бидиҳем, то саломатиаш барқарор бошад. Барои баррасии куллии бадани инсон бемористони мо ҳама имокотро дорад.

Чунин ташхис чи қадар арзиш дорад?

Вақте Шумо барои ташхиси куллӣ муроҷиат мекунед, як зумра озмоишот ва санҷишҳои дастгоҳӣ бароятон фармуда мешавад. ЭКГ, Стресс-тест, УЗИ- и узвҳои дохилӣ, рентгени қафаси сина, таҳлили умумии хун ва ғайра, ки шояд ҳудудан 600-700 сомонӣ арзиш дошта бошад.

Шояд барои касоне, ки аз ҷиҳати ирсӣ ё хусусиятҳои инфиродии бадан моил ба баъзе бемориҳо ҳастанд, озмоишҳои бештаре фармуда шаванд.

Мегӯянд, ки духтурон ҳатман беморие пайдо мекунанд?

Таҷҳизоти мавҷуд дар бемористон имкон медиҳад, ки ташхис асоснок бошад ва агар беморие дар касе ташхис дода шуд, он ба шахс возеҳ фаҳмонда мешавад ва натоиҷи хаттии озмоиши худи дастгоҳҳо ба ӯ дода мешавад.

Мешавад дар бемористони шумо як ҳафта бистари шуда, дармони тақвиятӣ гирифт?

Бешубҳа. Баъзан одам худро бемор мепиндорад, гарчанде аз назари физиологӣ мушкиле дар ӯ вуҷуд надорад. Бехобӣ, беиштиҳоӣ, зуд хаста шудан, зуд асабӣ шудан, корношоямӣ, эҳсоси дард дар чанд ҷои бадан ва ғайра ӯро азият мекунанд. Дар ин ҳолатҳо мувофиқи шикояти бемор табобатҳои тақвиятӣ фармуда мешаванд, ки таваҳҳуми бемориро аз зеҳни ӯ дур мекунанд.

Як ҳафта бистарӣ бо дору ва дармон чанд сомонӣ қиммат дорад?

Боз ҳам ин бастагӣ ба таъиноте дорад, ки пизишк ба бемор мефармояд. Маъмулан, як шаби бистарӣ дар бемористон 250 сомонӣ арзиш дорад, ки шомили либосу ғизо буда ва то 50 сомонӣ дору ва василаи масрафиро низ дар бар мегирад. 

ФОТО

 

ВИДЕО