Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ДАНДОН ВА УЗВҲОИ ДОХИЛИИ МО

Шояд дар олам кам одаме ёфт шавад, ки боре ҳам ба дарди дандон гирифтор нашуда бошад. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ, танҳо аз кариес 95% аҳолии курраи Замин азият мекашанд.

Мутаасифона пизишкии муосир ҳоло чораеро пайдо накардааст, ки одамонро аз дарди дандон халос гардонад. Аммо дандонҳо на фақат худашон дард мекунанд, балки ба халал ва нуқсонҳои дохили организм низ ҳассосияти амиқе нишон медиҳанд. Олимони соҳаи тибб ҳолати дандон ва бемориҳои дар инсон вуҷуд доштаро таҳлил намуда ба хулосае омаданд, ки ҳар як дандони дардманд бевосита бо халали ин ё он узв алоқамандӣ дорад. Масалан ҷигар бо дандонҳои ашкии поинӣ алоқаманд мебошад ва ҳолати ғадуди зери меъдаро бошад аз рӯи дандонҳои курсии хурд муаян кардан мумкин аст. Ҳолати дандонҳои пеши ҷоғи поён ва боло, метавонанд аз бемории банду буғумҳои пой дарак диҳанд. Вазъи меъда ва рӯдаҳоро бошад  мешавад аз рӯи милкҳо муаян намуд. Олимон муаян кардаанд, ки дар одамони гирифтор ба бемории захми меъда ё рӯдаи дувоздаҳангушта, бемории пародонтоз низ рушд мекунад. Инчунин ҳангоми захми меъда дар дандонҳо қабати сангии зиёде ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ бо муоинаи дандонҳо мешавад маълумоти дақиқро дар бобати вазъи узвҳои дохилӣ ба даст овард. Масалан кариес метавонад сабабгори сардарди доимӣ гардад. Аз ҳама аҷиб худи дандон метавонад дарде надошта бошад ва ин муаян намудани сардардро боз ҳам душвортар мегардонад. Бештар ин ҳолат ҳангоми илтиҳоби ҷоғи поёнӣ рух медиҳад ва тамоми сарро як дарди номуаян фаро мегирад. Аммо дандонҳо на фақат дар бобати бемориҳои "соҳиби" худ маълумот медиҳанд, балки хулқу хӯи ӯро низ мушаххас мегардонанд. Барои мисол дандонҳои хурд ва тез - нишонгари маккорӣ ва ҳилагарӣ, дандонҳои дароз - нишонгари бадқаҳрӣ ва бисёрхӯрӣ, дандонҳои ба пеш баромада ва барҷаста - нишонгари бухлу ҳирс ва дандонҳои аз ҳам ҷудо - нишонгари сустиродагӣ ва камақлӣ ба шумор мераванд. Одамони дорои ҷоғҳои бузург ва боқувват ба андешаи олимон умри дароз мебинанд ва дорои сиришти некӯ ва ҷасорат мебошанд. Хобиши рости дандонҳо низ нишонгари некукории зиёд ба шумор меравад. Аммо агар дандонҳои шумо каме ноҳамвор хобидаанд, андӯҳгин нашавед. Ин нишонгарӣ андешаи муттафакирона дониста шудааст.

ФОТО

 

ВИДЕО