Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БЕМОРИҲОИ ХАТАРНОКИ МАРДОНА

Мардон ҳангоми тақсими хромасомаҳо як даста бемориҳоро низ ба ирс мебаранд, ки ба онҳо тамоюли бештаре доранд. Инак номгӯи бемориҳои мардона:

 

Бемории ишемикии дил (ИБС)

Бемории ишемикии дил одатан ҳангоми танг гардидани рангҳои шараёнӣ дар натиҷаи ба вуҷуд омадани селюлҳои чарбӣ ва тромботситҳо рушд мекунад. Ин як навъ ҳолати паталогии (ғайриоддӣ) дил мебошад, ки ҳангоми он дил бо сабаби тангии рагҳои шараёнӣ бо хуни кофӣ таъмин намегардад ва дар натиҷа миокард (мушаки дил) аз оксиген танқисӣ мекашад. Бемории ишемикии дил метавонад барои инсон пасомадҳои ногувор эҷод кунад ва ба сактаи миокард ва марги инсон мунҷар гардад. Баъзан ин беморӣ аз худ ҳеҷ аломате нишон намедиҳад ва танҳо баъди ба сактаи дил дучор гардидан, бемор аз он хабардор мегардад. Аз ин хотир ба ҳеҷ ваҷҳ  ин бемории мардонаро кам нагиред ва агар дарде дар қафаси сина ё пушти қафаси сина эҳсос мекунад, фавран ба табиб муроҷиат кунед. Дар зимн дард метавонад ҳам дар қисмати чапи қафаси сина, ҳам дар шикам ва ҳам дар дасти чап пайдо шавад. Ба ин беморӣ бештар мардони моил ба танбалӣ, пурхурӣ ва сигоркаш, ки фишори хуни баланд доранд гирифтор мегарданд. асоситарин роҳи пешгирии ин беморӣ тарзи ҳаёти солим мебошад. Бештар ба кори ҷисмонӣ машғул шудан, тарки сигоркашӣ ва истеъмоли камтари хӯрокҳои равғанин метавонанд садди хубе дар пешгирии ин беморӣ эҷод кунанд.

Инсулт (сактаи мағзӣ)

Инсулт ё сактаи мағзи дар миёни бемориҳои марговар, баъди бемориҳои дил ҷои дуввумро ишғол мекунад. Дар асл инсулт бемориест, ки дар натиҷаи он гардиши хун дар мағзи сар сахт халалдор мегардад. Яъне равандест, ки ногаҳон ягон қисмати мағзи сар бо миқдори зарурии хун таъмин намегардад ва ё баръакс - қисмате аз мағзи сар пур аз хун мегардад ва гематомаи (мошароӣ) дарунмағзиро ба вуҷуд меорад. Пайхас накардани ин беморӣ номумкин аст ва баъди пайхас намуданаш фавран бояд ба бемористон муроҷиат кард ва бистарӣ шуд. Ногаҳон аз кор мондани даст, пой, рӯй ё ягон қисмати дигари бадан, ҳаракати контролнашудаи чашмон, гуфтори печидаву нофаҳмо ва аз даст додани ҳофиза, ҳамаи инҳо метавонанд аз нишонаҳои инсулт ё сактаи мағзӣ бошанд. 

Диабети қанди навъи дуввум

Бар хилофи диабети қанди навъи якум, ки онро мешавад ҳанӯз дар кӯдаки ташхис дод, диабети қанди навъи дуввум танҳо дар бузургсолӣ пайдо мешавад. Ғадуди зери меъда дигар наметавонад ҳормони инсулини кофиро ҷудо кунад ва дар натиҷа миқдори қанд дар хун зиёд мегардад. Қанди зиёд дар хун бошад ба вайроншавии тамоми намуди мубодилаи моддаҳо мунҷар гардида, ба узвҳои барои ҳаёт муҳим таъсири манфӣ мерасонад. Сабаби пайдоиши ин бемории мардона метавонад фарбеҳӣ, фишори баланди хун ва тамоюли ирсӣ бошад. Роҳи пешгирӣ аз ин бемории мардона, истеъмоли камтари равғанҳо ва кори ҷисмонии бештар ба шумор меравад. Вале агар касе дар худ аломатҳое монанди харобшавӣ бо вуҷуди иштиҳои боло, ташнагии доимӣ ва идрори тез тезро (аломатҳои диабети қанд) мушоҳида кард, бояд ҳатман ба табибон муроҷиат кунад. 

Серрози ҷигар

Чуноне, ки маълум аст ҷигар аз муҳимтарин узвҳои одамӣ маҳсуб меёбад ва агар ҷигари худро дӯст надоред, дер ё зуд ҷигар низ дигар шуморо дӯст нахоҳад дошт. Ва ин номаҳбубият метавонад дар бемории мардонаи дигар, ба номи серрози ҷигар ифода ёбад. Ҳангоми ин беморӣ дар асари марги ҳуҷайраҳои ҷигар таҳти таъсири омилҳои гуногуни зараррасон, бофтаи солими ҷигар бо бофтаи суддабанд ҷойгузин мегардад ва дар он уқдаҳо шакл гирифта, тамоми сохтори ҷигар бозсозӣ мегардад. Ин уқдаҳо кори ҷигарро халалдор намуда, оқибат ба тамоман аз фаъолият мондани он оварда мерасонанд. Барои пешгирии ин беморӣ бояд аз истеъмоли зиёди алкул даст кашид ва хӯрокиҳои равғанин ва бирёнро низ камтар истеъмол кард. Нишонаҳои ин беморӣ зардпарвин, заъфи бадан, аз даст додани вазн ва пайдоиши ишканбаи рагӣ дар болои пӯст мебошанд.

Саратони рӯдаи ғафс

Саратони рӯдаи ғафсро метавон аз ҳама бемории бади мардона номгузорӣ кард. Ин беморӣ қариб ҳеҷ аломати мушаххас надорад. Ин боис мешавад онро танҳо дар давраҳои охир, вақте табобаташ мушкил ё номумкин мегардад ошкор намоянд. Ягона роҳи муаян намудани он ҳозир шудан ба қабули мутахассиси рӯда мебошад. Инчунин табибон тавсия медиҳанд ба тарзи ҳаёти камҳаракат ва хӯроки худ эътибор диҳад. Ин бемории мардона хӯроки равғанинро дӯст медорад. Умуман матахассисон тавсия медиҳанд ба ҳар тағйир дар кори меъда ва рӯдаи худ эътибор дода, ҳангоми ин тағйирҳо ҳатман ба табиб муроҷиат кунед. 

ФОТО

 

ВИДЕО