Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Аломатҳои гастрит (илтиҳоби меъда)

Аломатҳои гастрит дар ҳолатҳои гуногун якхелаанд ва одатан мутахассиси бо маҳорат, ба ҳайси пайдо намудани тасаввури комил аз вазъи бемор, онҳоро ба осони муаян мекунад. Ин беморӣ бисёр азиятдиҳанда аст ва ҳар чи зудтар бемор аз он раҳо ёбад,ба нафъи саломатии умумиаш хоҳад буд.

Яке  аз асоситарин аломатҳои гастрит ё ҳамон илтиҳоби меъда, ҳисси нороҳатӣ дар қисмати шикам ба шумор меравад. Бисёр вақт ин нороҳатӣ баъди истеъмоли хӯрок шиддат меёбад. Ин нороҳатӣ ба шаклҳои мухталиф буруз мекунад, аммо ҳисси дамидан ва вазининии шикам баъди истеъмоли хӯрок, аломати умумӣ барои ҳамаи навъҳои гастрит ба шумор меравад. Одатан баъди каме таваққуф ин ҳисс аз байн меравад.

Аломати дигари гастрит дард ё нороҳатӣ дар қисмати меъда, байни қабурғаи поинӣ ва ноф мебошад. Ин дард метавонад ҳангоми хӯрокхурӣ шиддат пайдо кунад ва истеъмоли як қатор маҳсулот ин дардро шиддат бахшида, ва як қатор маҳсулоти дигар баръакс, онро коҳиш медиҳанд. Тибқи мушоҳидаҳо маҳсулоте, ки туршиашон зиёд аст барои илтиҳоби меъда бештар нороҳаткунандаанд, то маҳсулоте, ки осон ҳазм мешаванд (монанди тухм ва шир).

Аз ҳама аломати нохушоянд ҳангоми гастрит дилбеҳузурӣ ба шумор меравад, ки бештар баъди истеъмоли хӯрок пайдо мешавад. Баъзан ин дилбеҳузурӣ бо қайкунӣ (истифроғ) ҳамроҳ мегардад. Дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ барои зиндагии рӯзмарраи инсон мешкилоти зиёде ба бор меоранд. Ҳангоми дилбеҳузурии доимӣ бояд ҳар чи зудтар ба духтур муроҷиа кунед, чун ин аломат нишонгари он аст, ки бемории шумо рушд мекунад ва дахолати фавриро тақозо дорад. Инчунин миёни аломатҳои паҳнгардидаи гастрит ҳиссиётӣ пур ва васеъ шудани меъда, зиёд ба назар мерасанд.

Зардаҷӯш ё сӯзиши меъда, яке дигар аз дигар аломатҳои гастрит шинохта шудааст. Ин сӯзиш ва нороҳатӣ низ бештар баъди истемоъли хӯрок дар қисмати сина ба вуҷуд меояд. Бештари беморон ин аломатро ҷиддӣ намегиранд ва дар ҳолати зурурӣ бо истеъмоли чанд дорӯи таскиндиҳанда иктифо мекунанд. Аммо бе табобат ин ба он оварда мерасонад, ки беморӣ рушд мекунад ва бо аломатҳои вазнинтар баруз менамояд.

Тамоми аломатҳои зикр гардида, ба коҳиши иштиё мунҷар мегарданд ва таъсири қавӣ ба тартиби хӯрокхурӣ мерасонанд. Одамони гирифтор ба гастрит кӯшиш мекунанд аз хӯрок канорагирӣ кунунд ва аз бими хурӯҷи ду бораи дард ва дилбеҳузурӣ  "аз хӯрок метарсанд". Ҳангоми гастрит ҳолати умумии беморон низ бад мегардад: дар онҳо заъфӣ ҳамаи бадан, хоболудагӣ, коҳиши вазн, сарчархзанӣ, арақкунии зиёд, баланд гардидани ҳарорат ва паст шудани фишори хун пайдо мешавад. Аммо аз ҳама аломати хатарнок ва нишонаи он, ки беморӣ ранги ҷиддӣ гирифтааст, парофтани хун ё идрори сиёҳ (нишонаи хун дар системи ҳозима) мебошад. Ҳангоми мушоҳидаи ин аломатҳо бемор бояд фавран ба мутахассис (гастроэнтеролог) муроҷиат кунад. Албатта гастрит ё илтиҳоби меъда, ба гурӯҳи бемориҳои хатарнок шомил намегардад, аммо метавонад ба авориз ҷиддӣ оварда расонад. Ин авориз иборатанд аз: хунравӣ аз меъда, бемории захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ва саратони меъда. Ғайр аз ин ҳангоми гастрит вазъи умумии организм низ бад гардида, аломатҳои беморӣ сифати зиндагии беморро сахт поин мебаранд. Бинобар ин мутахассисон тавсия мекунанд, ҳатто ба аввалин аломатҳои гастрит диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар аввалин фурсат ба табиб муроҷиат кунед.          

ФОТО

 

ВИДЕО