Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 900 93 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ИРОАИ КИТОБИ "ҲАЗОРВОЖАИ ЧАҲОРЗАБОНАИ ПИЗИШКӢ"

Ҳар кас ба забони худ забондон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Рӯзи 15.09.2017 дар Бемористони Ибни Сино ироаи китоби "Ҳазорвожаи Чаҳорзабонаи Пизишкӣ" пешкаши ҳаводорони илму адаб гардид. Ин китоб аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва дастгирии молии Бемористони Ибни Сино ба чоп расид.

 

Китоби мазкур бо чор забон: русӣ, тоҷикӣ, англисӣ ва форсӣ нашр гардидааст ва қадами устуворе дар танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти пизишкӣ ва рушду густариши забони адабии тоҷикӣ ва ба забони илмӣ табдил ёфтани он ба шумор меравад. Дар ҷаласаи ифтитоҳии ин китоб намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат варзиданд. Дар ҷаласа Саидбилол Қурбонов - мудири шӯъбаи ташкилӣ ва методии муассисаи Акадмеияи илмҳои тиббии Вазорати тандурустии ҶТ, Кароматулло Усмонов - узви гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, Ҳасани Қарибӣ - раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии назди Сафорати ҶИЭ ва Абдухалил Холиқзода - раиси Бемористони Ибни суханронӣ намуданд. Раиси Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода зимни ташаккур аз ҳозирин ва намояндагони Кумитаи забон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, аҳамияти китоби мазкурро хусусан барои пизишкони ватанӣ таъкид карданд. Аз ҷумла оқои Холиқзода иброз доштанд, ки "дар бахши пизишкӣ, ки мо тӯли 8 сол дастандаркор ҳастем, асосан забони русӣ ва лотин бештар мавриди истифода қарор гирифтаанд. Донистани забони русӣ хуб аст. Донистани забонҳои дигар, ки забони илм ҳастанд воҷиб аст. Вале донистани забони модари ҳатмист, зеро рози муваффақият дар он нуҳуфта шудааст! Бовари дорам, ки ин китоб дар донистани забони модарӣ дар илми пизишкӣ барои мутахассисони соҳа бениҳоят кумаки хуб мекунад. Аҳамияти вежаи дигаи ин китоб дар он аст, ки забони илм бар фарқ аз забони адабиёт бояд хеле дақиқ бошад. Агар дар назму наср кас дар интихоби вожа озод аст, аммо дар илм мутахассисон танҳо аз истилоҳити илмӣ, ки мусаввабанд метавонанд истифода кунанд. Вагарна суитафоҳум ба вуҷуд меояд ва ҳатто метавонад сабабгори фоҷиа бишавад. Итминон дорам, ки чопи китоби "Ҳазорвожаи чаҳорзабонаи пизишкӣ" як қадами хубе дар танзими истилоҳоти пизишкӣ хоҳад буд". Алоқамандон метавонанд китоби мазкурро аз  китобфурӯшии "Пойтахт", воқеъ дар буришгоҳи хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Бухоро дастрас намоянд.. 

ФОТО

 

ВИДЕО