БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ТАБОБАТИ МУОСИРИ МИОМАИ БАЧАДОН

Мутахассиси бахши амрози

занонаи (гинекология)

Бемористони Ибни Сино,

доктор Ситора Кодирова.

  

 

Доштани фарзанд орзӯи ҳамешагии ҳар зан ба шумор меравад.

Аммо дар баъзе маворид бемориҳое домангири зан мегарданд, ки ба дунё овардани фарзанд барояшон мушкил ё умуман номумкин мегардад. Яке аз чунин бемориҳо миомаи бачадон ба шумор меравад. Миомаи бачадон омосест, ки дар байни занон зиёд вомӯхарад. Манбаи асосии ин омосро гиреҳҳои мушакии пардаи бачадон ташкил медиҳанд. Ин омос дар бештари маврид бе зарар (хушхим) буда, танҳо дар ҳолатҳои бисёр кам метавонад ба омоси бадхим табдил ёбад. Аломатҳои асосии миомаи бачадон иборатанд аз:

- хунравии зуд-зуд аз бачадон;

- дард дар қисмати поёнии шикам;

- дард ҳангоми алоқаи ҷинсӣ;

- рушди бо суръати варамӣ; 

- безурётӣ ва бачапартоии тадриҷӣ.                                                    

Одатан миома тариқи ҷарроҳӣ ҳамроҳи бачадон аз байн бурда мешавад. Аммо ин усул барои занони ҷавон, ки фарзанд надоранд ё мехоҳанд боз фарзанддор шаванд, чандон  судманд  қарор  намегирад.  Хушбахтона гинекологияи муосир дар ин ҳолат усули миомэктомияи консервативиро истифода мебарад, ки барои занони зиёд умеди дубора мебахашад. Истилоҳи  консервативӣ аз калимаи лотинии  “conservo”,  гирифта шуда, маънояш нигаҳдорӣ мебошад.  Дар зери истилоҳи миомэктомия бошад, танҳо дур кардани гиреҳҳоро дар назар доранд. Ба ибораи дигар миомэктомияи консервативӣ - яъне ҷарроҳии аз байн бурдани гиреҳҳо бо маҳфуз нигаҳ доштани бачадон.

Асоситарин нишондод  барои баргузории миомэктомияи консервативӣ иборатанд аз:                         

- вуҷуди як ё якчанд гиреҳҳои бузурги миомотозӣ, хусусан дар занони ҷавон, ки мехоҳанд соҳиби фарзанд шаванд;

- занони ҳар синну сол, бо гиреҳи субсерозӣ дар пояи борик;                 

- манъи суддабандии рагҳои бачадон ва давраи дуввуми табобат баъди  суддабандии рагҳои бачадон ҳангоми миомаи мушкил.               

Асосан ин намуди ҷарроҳӣ барои заноне муфид қарор мегирад, ки дар муддати наздик мехҳанд фарзанддор гарданд, аммо гиреҳҳо то ҳаҷме бузург шудаанд, ки табобати ҳормоналӣ ё суддабандии рагҳои бачадон натиҷаи даркориро нахоҳанд  дод. Барои амалигардонии ҷарроҳӣ, гинекологҳо  аз усулҳои гистероскопӣ (миомэктомияи гистероскопӣ), лапароскопӣ (миомэктомияи консервативии  лапароскопӣ) ва лапаратомикӣ (миомэктомияи лапаратомикӣ) истифода мекунанд. Усулҳои гистероскопӣ ва лапароскопӣ усулҳои муосир буда, бо ворид намудани эндоскоп ба дохили шикам ва бачадон амалӣ мегарданд. Ин усулҳои камзахм буда, мӯҳлати ҳузури беморро дар бемориcтон кам мегардонанд.

 

 

 

 

ФОТО

 

ВИДЕО