БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ВЕЖАГӢ Ё АЛОМАТҲОИ ХОСИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ

 

Мудири шӯъбаи ангиографияи

Бемористони Ибни Сино,

доктор Сатторов Орифҷон

 

Бемориҳои дил маъмулан се вежагии мушаххас ё аломати хос доранд ва танҳо мутахассис баъди анҷоми муоинаи тахассусӣ, дарди дилро аз дардҳои дигар ташхис медиҳад.

Се вежагӣ ё аломати хоси бемориҳои дил иборатанд аз:                                                         

1. Дард дар маҳалли пушти қафаси сина.                                   

2. Дарде, ки бо фаъолияти ҷисмонӣ бадтар мешавад.                           

3. Дарде, ки бо истироҳат ва ё истеъмоли доруи зеризабонӣ беҳтар мегардад.             

Ҳамин тариқ танҳо беморие, ки ҳар сеи ин аломатҳоро бо ҳам дошта бошад, дарди дил маҳсуб меёбад ва бояд бо равиши ангиографӣ, дили бемор ташхис дода шавад. Баъзе аз беморон мумкин аст ду то аз ин аломатҳоро бо ҳам ва ё яке аз онҳоро ба танҳоӣ дошта бошанд. Ин гуна дардҳо тибқи назари мутахассисон, мумкин аст моҳияти қалбӣ надошта бошанд ва бо анҷоми равишҳои ғайритаҳоҷумӣ масалан стресс тест ё эхокардиогрофӣ ташхис дода мешаванд. Бемороне низ ҳастанд, ки як ва ё ҳеч кадом аз ин аломатҳоро надоранд. Ин навъи дардҳо мумкин аст дардҳои дил набошанд ва иллати онҳо метавонад коҳиши хунрасонӣ ба мушаки дил бошад. Дардҳое низ дар ноҳия дил вуҷуд доранд, ки ба иллати надоштани эътидол ва миқдори зарурии ҳаво ба вуҷуд меоянд. Дили одамӣ барои сухту соз ва кори муътадил ниёз ба ҳаво дорад ва ҳар замон, ки ин эътидоли ҳаво барҳам бихурад, стенокордӣ ба вуҷуд меояд ва он дар навбатӣ худ дарди қалбӣ эҷод мекунад. Инчунин бемориҳое дигаре низ ҳастанд, ки боиси эҷоди дард дар ноҳияи дил мегарданд. Яке аз чунин бемориҳо илтиҳоби парда дар дил мебошад. Илтиҳоби пардаи дил дар пушти қафаси сина эҳсос мешавад ва бо хобидан бадтар ва ба ҳангоми хам шудан ба пеш беҳтар мегардад.

ФОТО

 

ВИДЕО