Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ВИРУС ВА БАКТЕРИЯ - ТАФОВУТ ВА НАЗДИКӢ

 

Бисёриҳо дар зери мафҳуми вирус ва бактерия як чизро мефаҳманд. Як мавҷуди барои организми одамӣ зараррасон. Дар ҳақиқат вирус ва бактерия  метавонанд бадани инсонро мубтало ба беморӣ кунанд.

Ин мавҷудот чунон хурду рез ҳастанд, ки танҳо зери микроскоп онҳоро мешавад мушоҳида кард. Хусусиёти дигари вирус ва бактерия зуд паҳншавии онҳост. Ҳам вирусҳо ва ҳам бактерияҳо ин хусусиётро доранд. Аммо дар баробари ин, ба андешаи мутахассисон вирус ва бактерия аз назари биологӣ аз ҳамдигар куллан фарқ мекунанд. Мутахассисони соҳа чанд тафовути аслӣ миёни бактерия ва вирусро баён кардаанд:   

Бактерия мавҷудоти зинда ба шумор меравад ва аз як ҳуҷайра таркиб ёфтаанд. Ин ҳуҷайра тамоми муҳтавоёти барои ҳаёташ лозимаро доро мебошад ва мустақилан худашро таъмин мекунад. Вежагии женетикии ҳуҷайра ин аст, ки протеин тавлид мекунад ва протеин дар навбати худ, хӯроки асосии бактерияҳо мебошад. Бактерияҳо метавонанд сабабгори бемориҳои зиёди хатарнок дар бадани инсон гарданд. Бемориҳои вабо, сил, дифтерия ва ғ. аз ҷумлаи ин бемориҳоянд. Аммо ҳамаи бактерияҳо барои инсон зарарнок нестанд. Миёни онҳо бактерияҳои фоидаовар низ вуҷуд доранд. Масалfн бактерияҳое, дар рӯда ҳастанд барои ҳазми хӯрок ва кори мӯътадили системи хӯрокҳазмкунӣ нақши муҳим доранд. Асоситарин роҳи мубориза бо бактерияҳо дар тибби муосир, антибиотикҳо ба шумор мераванд. 

Вирусҳо бошанд ба андешаи бархе мутахассисон, мавҷуди зинда нестанд. Онҳоро қитъае аз оксид медонанд, ки даруни пӯшиши протеинӣ пинҳон шудаанд. Ба хотири ҳамин ҳам вирусҳо наметавонанд мустақиман барои худ энержӣ ва ғизо тавлид кунанд ва бо ҳам зоду валад дошта бошанд. Бинобар ин паҳншавии вирусҳо аз паҳншавии бактерияҳо фарқ мекунад. Вирусҳо бо кумаки ҳуҷайраҳои дигар паҳн мешаванд. Онҳо вежагиҳои ирсии худро ба ҳуҷайраҳои дигар интиқол дода, барномаи ин ҳуҷайраҳоро ба ҳам мезананд. Вирусҳо бо як "фиреб" коре мекунанд, ки ҳуҷайраҳои мизбон пас аз он, танҳо зарроти вирусӣ тавлид мекунанд. Ҳуҷайраҳо фиребхӯрда ҳаҷмашон бузург гардида метарканд ва дар натиҷа вирусҳои нав озод мешаванд. Ҳар вирус ба ҳуҷайраҳои мизбони муаяне таъаалуқ мегирад.  Вирусҳо на танҳо ба инсон, балки ба гиёҳон, ҳайвонот ва ҳатто ба бактерияҳо ҳам ҳамла мекунанд. Вирусҳо бисёр хурдтар аз бактерияҳо буда, ҳаҷми онҳо танҳо як садуми ҳаҷми бактерияҳоро ташкил медиҳад. Мубориза бо вирусҳо ҳам мушкилтар мебошад. Инҳо, чун мавҷуди зинда нестанд кушта ҳам намешаванд. Дар тибби муосир бештар доруҳои зиддивирусӣ, аз қабили Antiviral ва воксинро алайҳи онҳо истифода мебаранд.. Ин доруҳо монеъи афзоиши вирусҳо шуда, аз вуруди онҳо ба ҳуҷайраҳои мизбон ҷулӯгирӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, табибон ҳангоми бурузи уфунати вирусӣ, антибиотикҳоро низ мавриди истифода қарор медиҳанд.. Ва далелашон ин аст, ки замоне як фард олуда ба вирус шуд, системи дифоии баданаш заъиф мегардад ва бактерияҳо роҳаттар вориди бадани ӯ мешаванд.

 

 

 

ФОТО

 

ВИДЕО