Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ШАШ НӮШИДАНИИ ЧАРБИСӮЗ

Мутахассисон мегӯянд, ки нушиданиҳои зиёде вуҷуд  доранд, ки хосияти чарби (равған) сӯзиро доро мебошанд. Аммо дар миёни анбӯҳи онҳо боз нӯшиданиҳое ҳастанд, ки ин хосиятро ба таври аъло доро мебошанд.

Ба андешаи мутахассисин нӯшиданиҳои зерин дар самти сӯзонидан ё об кардани чарбии бадан бисёр хуб ва коромад мебошанд:

1. Об:

Об яке аз асоситарин нӯшиданиҳо барои об кардани равғани бадан ба шумор меравад. Вақте мехоҳед вазн кам кунед, хеле муҳим аст ки баданатон ба миқдори кофӣ об дошта бошад. Нушидани миқдори зиёди об дар тули рӯз ба бадани одамӣ кумак мекунад, то таъодули моеъоти худро ҳифз кунад ва илова бар ин боис мешавад, ки  одам бештар эҳсоси серӣ кунад ва камтар ғизо бихурад.

2. Чои хунуки пудинаӣ:

Ин нушиданӣ илова бар инки ташнагии баданро бартараф мекунад ва дар фасли тобистон ба инсон таровату шодобӣ медиҳад, барои соф ё лоғар кардани шикам низ бисёр муфид аст. Пудина(наъно) ба шиками одам кумак мекунад, ки чарбиҳоро бисузонад ва ғизоҳои пурчарб ё серравғанро бо осонӣ ҳазм кунад ва ба ин тартиб монеъ аз бузург шудани шикам мегардад.

3. Оби тарбуз:

Ба андешаи мутахассисон оби тарбуз яке аз беҳтарин ва солимтарин об меваҳои дунё ба шумор меравад.  Оби тарбуз метавонад  миқдори бисёр зиёди оби баданро таъмин кунад ва ҳамчунин чарбиҳои изофиро бисузонад. Албатта ба ин нукта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки  агар ба оби тарбуз заррае шарбат ё шакар изофа кунед, ин моъеи лазиз хусусиёти аслии худашро аз даст хоҳад дод. Оби тарбуз ҳамчунин витаминҳои бисёр зиёде монанди аминокислотаҳои лозим ва ликопинҳои зиддисаратонӣ дорад.

4. Оби ананас:

Ананас шояд аз гуруҳи меваҳои бисёр ширин бошад, аммо оби он дар сурате, ки ба таври табиӣ истифода шавад, метавонад чарбиҳои баданро комилан нобуд кунад. Оби ананас дорои маводе аст, ки кумак мекунад, то чарбиҳо ба осонӣ об шаванд.

5. Шоколади талх:

То ба ҳол исме аз нушиданиҳои шоколадӣ шунидаед? Ин нушиданиҳо бо об кардани шоколадҳои талх ва ё таркибӣ ба вуҷуд меояд. Агар аз шоколадҳои бисёр асил истифода кунед, метавонед ба роҳатӣ бадани бисёр хуб ва ҳамчунин шиками рост ва бидуни чарбӣ дошта бошед.

6. Чои  кабуд:

Дар мавриди чои кабуд матолиби бисёр зиёде то ба ҳол гуфта шуда аст ва яке аз аслитарини онҳо, қудрати чарбисузии ин нӯшидании гуворост. Ин нӯшокиро метавонед баъд аз варзиш ва ё баъд аз ҳаммом кардан истифода кунед. Ба андешаи мутахассисон, маҳз дар ин замонҳо, чои кабуд бештарин асарро руи бадан мегузорад. 

ФОТО

 

ВИДЕО