БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

МИГРЕН (НИМСАРА) - ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТ

Инсоният бо мигрен (дарди  нимсара)  ҳанӯз аз замонҳои қадим ошно гардидааст. Аввалин тавсифи илмии дарди нимсара, ба табиби юнонӣ Артерий Капподикий тааллуқ дорад. Ибни  Сино низ дар "Қонуни тибб"-и худ дар мавриди ин беморӣ маълумоти муфассал медиҳад. Ба андешаи мутахассиси бахши асабшиносии Бемористони Ибни Сино, доктор Саидалиев Шералӣ Муродович - дарди нимсара аз сардарди оддӣ тафовут дорад.

Одами комилан солим ногаҳон гирифтори дарди сар мегардад, ки шиддатнокии он якбора боло рафата, мисли бо болға кубидан ба сарро мемонад. Мигрен мушкили бисёр паҳнгардида ба шумор меравад. Тибқи омори расмӣ ин дард дар 10% одамон дида мешавад. Хурӯҷи мигрен дар бештари беморон як ё ду маротиба дар ҳафта ба вуқӯ мепайвандад. Мигрен ё ҳамон нимсара бемории музмини неврологӣ буда, нишонаи хосси он, паҳн гаштани дард дар як нимаи сар ба шумор меравад. Дард ҳангоми мигрен метавонад ҷоғи болоӣ, чашм ва гарданро низ фаро гирад. Дар бисёр маврид ҳангоми хурӯҷи мигрен инсон дилбеҳузурӣ ва вазнини дар меъдаро ҳис намуда, ба ҳолати қайкунӣ гирифтор мегардад. Сабабҳои пайдоиши бемории мигрен низ гуногунанд.

Мутахассисон чанд фарзияро номбар мекунанд, ки сабаби пайдо шудани дарди нимсара ба шумор мераванд. Аз ҷумла бад гардидани таъмини хун дар мағзи сар, васеъгардии нобаробари рагҳои мағзи сар, хароб гардидани шӯъбаи марказии системаи асаб, баланд ё паст шудани фишори артериалӣ ва халалҳои марбут ба мубодилаи серотонин дар мағзи сар. Танҳо дар миёнаҳои солҳо 90-уми қарни ХХ-ум маълум гардид, ки дарди нимсара бемории ирсӣ мебошад ва аз падару модар ба фарзанд мегузарад. Дарди нимсара метавонад азияти зиёде ба инсон расонад. Сифати зиндагии гирифторони ин беморӣ ба маротиб паст мегардад. Агар ба бемори гирифтор ба мигрен сари вақт кумак расонида нашавад, хурӯҷи дард метавонад як шабонарӯз ва ҳатто зиёдар идома ёбад. Хурӯҷи дарди нимсара инсонро водор мекунад аз ҳамаи кору бораш даст кашида, ҷои хилватеро ихтиёр кунад. Чун рӯшноӣ, садо, соддатарин кори ҷисмонӣ ва фикрӣ ба хуруҷи дарди нимсара шиддати бештар мебахшад. 

Аммо бо вуҷуди ин, мигренро метавон пешгирӣ кард. Барои ин танҳо муроҷати саривақтӣ ба мутахассис лозим аст.  Тибби имрӯз қодир аст бо муваффақият хуруҷи мигрен ё ҳамон нимсараро бартараф намояд. Мутаасифона бештари одамони гирифтор ба ин беморӣ ба худтабобати машғул гардида, аз доруҳои гуногун истифода мекунанд. Тибқи омор танҳо як шашуми беморони гирифтор ба мигрен, бо ин мушкилот ба табиб мероҷиат мекунанд. Аммо ин тарзи амалкард мигренро ба бемории музмин табдил медиҳад ва истеъмоли зиёди доруҳои аналгетикӣ низ аворизи нохуши зиёдеро метавонад ба бор орад. Инчунин агар мигрен табобат нашавад, он гоҳ дар ҳуҷайраҳои системаи марказии асаб дигаргуниҳо ба амал меоянд, ки оҳиста-оҳиста ҷамъ гардида, ҳуҷайраҳои дардовар мутақилона дардро таҳрик мебахшанд. Ва ин дар навбати худ мигренро аз дарди номунтазам (гоҳ гоҳ ба вуқӯ пайваста) ба дарди доимӣ (музмин) табдил медиҳад. Бинобар ин мигренро ҳар чи тезтар ва дар назди мутахасиси соҳа бояд табобат намуд. Дар бахши асабшиносии Бемористони Ибни Сино бо истифода аз усулҳои навтарини илми тибб бемориҳои гуногуни системаи асаби инсон, аз ҷумла мигрен ё нимсараро бо муваффақият табобат мекунанд. Бахши асабшиносии бемористон бо таҷҳизоти лозимаи замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он мутахасисони варзида фаъолият мекунанд. Азизоне, ки аз ин дарди нороҳаткунанда азият мекашанд метавонанд аз хизматрасонии бахши мазкур истифода намоянд.

 

ФОТО

 

ВИДЕО