Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

КАРИЕС - АСОСИТАРИН ОМИЛИ ХАТАР БАРОИ ДАНДОН

Мутахассисони бахши

дандонпизишкии Бемористони

Ибни Сино, табибон Тошматов

Ҷамшед  Нуъмонович ва Нурматов

Мамед Муъминҷонович.

 

Бемориҳои дандон аз ҳама зиёд дар инсон дида мешаванд.

Тибқи омори расмӣ зиёда аз 90% одамон аз бемориҳои гуногуни дандон азият мекашанд. Маҳз ин омил соҳаи дандонпизшкиро ба яке аз соҳаҳои муҳими тибби муосир табдил додааст. Дандонпизишкии муосир имрӯз бо истифода аз васоилу дастовардҳои навтарини илмӣ, чораҳои нави пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногуни дандонро ҳамавора ҷустуҷӯ дорад. Инчунин диққати зиёд ба такмил додани усулҳои табобат ва омӯзиши сабабҳои пайдоиши ин бемориҳо дода мешавад. Яке аз чунин бемориҳо кариес (варамидани милк ва пӯсидани дандон) ба шумор меравад. Кариес аз ҳама бемории паҳнгашта дар инсон буда, зиёда аз 93% одамон гирифтори ин беморӣ мебошанд. 

Хусусан  бемории кариес миёна кӯдакон аз ҳама зиёд дида мешавад. Ин беморӣ дар кӯдакон ҷои аввалро дар миёни бемориҳои доимӣ (хронический) ишғол менамояд. Кариес раванди паталогии мураккаб, сустҷараён ва оҳиста рушд кунанда, дар бофтаҳои сахти дандон ба шумор меравад. Сирри дандон аз ҳама бофтаи сахти организми одам буда, 96 % онро минералҳо (асосан гидроксиапатитҳо) ташкил медиҳанд. Ин минералҳо нисбат ба кислотаҳо таъсирпазир мебошанд ва аллакай дар 4,5 pH вайроншавии сирри дандон оғоз меёбад. Дар натиҷаи гигиенаи бади дохили даҳон, дар сирри дандон лояи мулоим пайдо мешавад. Ин лоя бо сатҳи дандон маҳкам васл гардида, ҷои ҷам шудани бактерияҳои гуногун мегардад. Ин бактерияҳо карбогидратҳои дар таркиби лоя мавҷудро ҷаббида, аз худ кислотаҳои органикиро ҷудо мекунанд. Маҳз ин муҳити туруш ба вайроншавии кристалҳои апатит, ки ба таркиби сирри дандон дохил мешаванд мусоидат мекунад. Баъд аз ин микробҳо ба қабатҳои дигари дандон дохил шуда, онҳоро вайрон мекунанд.                       

Суръати ҷараёни ин беморӣ аз омилҳои гуногун вобастагӣ дорад. Дар ҳолати ғайриқаноатбахш будани гигиенаи дохили даҳон ва истеъмоли зиёди қанд, кариес метавонад  баъди чанд моҳи баромадани дандон рушд кунад. Сабаби бемории кариес ирсӣ низ буда метавонад. Хӯрок ҳам аҳамияти зиёд  дорад. Норасоии сафедаҳо, витаминҳо, намакҳои минералӣ, фтор ва микроэлементҳои гуногун дар организм ба рушди ин беморӣ сабаб мегарданд. Мутахассисон ин бемориро ба 4 марҳала ҷудо мекунанд: Марҳалаи аввал ё марҳалаи доғ. Дар ин марҳала ҳангоми муоина дар сатҳи дандон доғи хурди сафед ё сиёҳ ба назар мерасад. Марҳалаи дуввум, кариеси сатҳӣ ном дорад. Дар ин марҳала беморон дарди кӯтоҳмуддатро ҳангоми фаъол шудани ангезандаҳои механикӣ ё ҳароратӣ ҳис мекунанд. Марҳалаи саввум, кариеси миёна ном дорад ва дар он ковокии кариозӣ пайдо мешавад. Марҳалаи чорумро бошад кариеси амиқ меноманд. Дар ин марҳала ковокӣ васеъ гардида, расидан ба он сабаби дарди шадид мегардад.                                                           

Агар Шумо дар худ ё наздиконатон аломатҳои ин бемориро мушоҳида кардед, бояд ҳар чи зудтар ба дандонпизишк муроҷиат намоед. Танҳо мутахассис метавонад дараҷаи рушди беморӣ ва тарзи дурусти табобати онро муаян кунад. Барои мисол дар марҳалаи доғ, барои табобати кариес танҳо гузаронидани реминерализатсия (барқарор намудани миқдори зарурии минералҳо) кифоят мекунад. Дар мароҳили баъди коркарди ковокии кариозӣ гузаронида шуда, дандон пломбагузорӣ мегардад. Дар табобати марҳилаи охирини ин беморӣ инчунин аз гидро оксиди калий истифода мекунанд, ки барои дубора барқарор намудани устухони дандон кумак мекунад.                                                                         

ФОТО

 

ВИДЕО