Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ҲАФТ АСАРИ ШИГИФТАНГЕЗИИ ОБ!

Мутаассифона бештари одамон намедонанд, ки бо кам хурдани об чи мушкилотеро ба баданашон таҳмил мекунанд. Аммо нӯшидани об аз фавоиди зиёде бархурдор аст ва мо чанд фоидаи обнӯширо дар зайл пешкаши азизон мекунем:

 1. Афзоиши энержии бадан. 

Шумо дар бисёре аз мавоқеъ эҳсоси хастагӣ мекунед, бидуни ин, ки коре анҷом дода бошед. Мутахассисон яке аз илалӣ ин хастагиро камбуди оби бадан медонанд. Об дар бадан, боиси интиқоли оксижен ва соири маводи ғизоӣ ба селюлҳо (ҳуҷайраҳо) мебошад ва камбуди он боиси гуруснагии ҳуҷайраҳо мегардад. Агар бадани инсон ба андозаи кофӣ пуроб бошад, қалби ӯ низ маҷбур намешавад, барои расонидани хун ба нуқоти мухталифи бадан бо шиддати бештаре кор кунад. Ва кори муътадил қалб, умри ин узвро дароз мекунад.

2. Ҳифзи таносуби андом.     

Агар касе ба дунболи коҳиши вазн аст бояд бидонад, ки об боиси афзоиши метаболизми бадан мешавад ва инсони пуроб  худашро сер ҳис мекунад. Бинобар ин саъй кунед ба ҷои истеъмоли нӯшокиҳои пуркалорӣ, об бинӯшед. Агар касе як истакон оби ях бинӯшад, бадани ӯ бояд ин обро гарм кунад. Дар натиҷа бадан, миқдоре аз ин гармии мавриди ниёзро аз сӯзонидани чарбиҳо ба даст меорад. 

3. Коҳиши истресс.             

85 %  бофтаҳои мағзиро об ташкил медиҳад. Ба ҳангоми ташнагӣ, бадан ва мағз барои анҷоми фаъолиятҳояшон ба фишор ва истресс мувоҷеҳ мешаванд. Барои коҳиш додани сатҳи истресс мутахассисон тавсия мекунанд, ҳамеша дар ҳангоми кор як шиша об дар рӯи мизатон дошта бошед ва ба ҳангоми варзиш низ, каме об ба ҳамроҳатон гиред.   

4. Пешгирӣ аз гирифтагии мушакҳо   

Нӯшидани об боис мешавад, ки мушакҳо камтар дучори гирифтагӣ шаванд. Инчунин об ба оксиженрасонии кофӣ ва поксозии мушакҳо аз заҳрҳо кумак мекунад. Ҳангоме, ки бадани Шумо оби кофӣ дошта бошад, метавонад бо қудрати бештар ва бо муддат замони бештаре корҳои баданиро анҷом диҳад.

5. Тағзияи пӯст                   

Ҳангоми камбуди об дар пӯсти инсон хутути рез бештар мешаванд. Нӯшидани об боиси фарбеҳ шудани ҳуҷайраҳои пустӣ ва коҳиши чину, ҷавон кардани пуст мешавад. Ҳамчунин оби кофӣ ба ҷараёни хун дар пуст мусоидат мекунад ва пустро аз вуҷуди нохолисиҳо пок намуда, тағзияи кофӣ ва беҳтари онро фароҳам месозад. 

6. Беҳбуди кори дастгоҳи гувориш (меъдаву рӯда)

Мутахассисон мегӯянд об ба фаъолияти дастгоҳи гувориш (меъдаву рӯда) низ таъсири зиёди мусбат дорад. Маҳз об боиси ҳаракатӣ хӯроки хурдашуда, дар дохили меъдаву рӯдаҳо мегардад. Ҳамчунин дастгоҳи гувориш баъзе аз маводи маъданиро, танҳо ба василаи молекулҳои об метавонад ҷазб кунад. 

7. Коҳиши хатари мубтало шудан ба сангҳои гурда ва масона.     

Бо кам нӯшидани об, хатари мубтало шудан ба сангҳои роҳи пешобгузар афзоиш меёбад. Об боиси рақиқ кардани намакҳо ва маводи маъдании мавҷуд дар идрор буда, ба ташкили кристалҳои сангҳои роҳи пешобгузар монеъ мешавад. Сангҳо гурда ва масона дар идрори рақиқ наметавонанд шакл бигиранд, бинобар ин хатари мубтало шудан ба ин бемориҳои дарднок коҳиш меёбад. 

Мутахассисон мегӯянд бо замонбандии саҳеҳ об хурдан, асари шифобахши онро дар бадан боло мебарад ва беҳтарин замони обхурданро низ номбар мекунанд.  Масалан ду истакон об баъд аз бедорӣ ба фаъол кардани узвҳои дохилӣ кумак мекунад. Як истакон об ним соат қабл аз ғизохурдан, ба ҳазми роҳати он кумак мекунад. Як истакон об қабл аз гирифтани ҳаммом бошад, фишори хунро дар бадан коҳиш медиҳад. 

ФОТО

 

ВИДЕО