БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БАХШИ ЧАШМПИЗИШКӢ (ОФТАЛМОЛОГӢ)

Мутахассиси бахши чашмпизишкӣ (офталмологӣ) Бемористони Ибни Сино доктор Бобоҷонова Шаҳло рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8 то 12 ба қабули мизоҷон машғул аст. Бахши чашмпизишкӣ дар ошёнаи 3 юми бемористон ҷойгир аст ва дар ин ҷо бемориҳои гуногуни чашм аз қабилӣ:   

- олусӣ;

 - катаракта (оби марворид);     

- фишорбаландии чашм (глуакома);

- илтиҳоби мултаҳима (конъюнктивит);         

- амблиопия ("чашми танбал");

- макулодистрофӣ; 

- синдроми чашми хушк;       

- астигматизм;   

- наздикбинӣ (близорукость);

- дурбинӣ (далнозоркость);     

- птоз;         

- бемориҳои қарияи чашм;               

- блефарит;

- бемориҳои пилкҳои чашм;- бемориҳои шабакияи чашм; 

- бемориҳои эндокринӣ дар кудакон ва бузургсолон ва тағйири синну солии қисмати пеши чашм (қария, инабия) ташхису табобат мегарданд. 

Инчунин дар бахши чашмпизишкии бемористон бо истифода аз усулҳои муосир ҷарроҳиҳои зерини чашм анҷом дода мешаванд:

- факоэмулсификасия (ҷарроҳии оби марворид- катаракта);

- ҷарроҳии олусӣ ва оризаҳояш;

- синустрабекулэктомия - ҷарроҳии фишорбаланди дар чашм;

- дакриосисториностомия (DCR) ҷарроҳӣ дар узвҳои ашк ва оризаҳои он; 

- гирифтани нохунак  (птерегиум);

- блефаропластика.

Дар ин ҷо бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва усулҳои навтарини табобат муоинаҳои зерини узви биноиро низ анҷом медиҳанд:

1. Визометрӣ - муйян намудани тезбинии чашм.

2. Авторефракератометрӣ - таҳқиқи компютерӣ қарнияи чашм, ки дар муддати якчанд дақиқа дараҷаи пастшавӣ - тезбинии чашмро муйян менамояд.

3. Ретиноскопӣ - аз назаргузаронии қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсус бо имконияти таҳқиқи шабакия, ҳалқаи асаби биноӣ ва рагҳои қаъри чашм, минтақаи макула дар шабакия.         

4. Биомикроскопӣ - муоинаи қисмҳои пеши курраи чашм (қарния, рагҳои навпайдошуда, хирашавии булурак ва ҷурми шишамонанд).

5. Тонометрӣ - чен кардани фишори чашм. 

6. Линзометрӣ - муоинаи дараҷаи айнак.

Нархномаи хизматрасониҳои бахши офталмологиро метавонед аз ин нишонӣ пайдо кунед: http://www.ibnisino.tj/tg/narkhnoma/dushanbe/670-chashmpizishki.html

 

ФОТО

 

ВИДЕО