Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

МУАРРИФИИ БАХШИ ТАШХИСИ ФУНКСИОНАЛӢ

Ташхиси фуксионалӣ имрӯз ба яке аз самтҳои бисёр муҳими тибби муосир мубаддал гардидааст. Ин намуди ташхис имрӯз дар бештари дармонгоҳҳову бемористонҳо ба ҳайси сохти ташкилии алоҳида фаъолият намуда, ба шакли утоқҳо ва бахшҳои бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, созмон дода шудааст.

Ташхиси функсионалӣ ба табибон имкон медиҳад, бемориҳои гуногунро дар марҳилаи ибтидоии онҳо ошкор намоянд ва табобати дурустро ба роҳ монанд. Ташхиси функсионалӣ дар Бемористони Ибни Сино низ, яке аз бахшҳои бо суръат рушдкунанда ба шумор меравад. Ин бахш дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир гардидааст ва рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8 то 12 ба мардум хизматрасони мекунад. Бахши мазкур бо таҷҳизоти замонавӣ ва дақиқ муҷаҳҳаз мебошад. Таҷҳизоти истеҳсоли олмонии ширкатҳои " Siemens" ва "GE" дар соҳаи ташхиси тиббӣ, яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба шумор мераванд. Бахши ташхиси функсионалии Бемористони Ибни Сино аз: 

- ЭКГ (кардиография барқӣ); 

- Эхо-КГ (эхо кардиография);

- Спирометр; 

- Томографияи компютерӣ иборат ёфтааст. 

Ин таҷҳизот имкон медиҳад табибон ташхиси дурусти ҳар бемориро муайян намуда, табобати саҳеҳ ва босамарро ба роҳ монанд. Барои мисол ЭКГ (кардиограмаи барқӣ) имрӯз дақиқтарин ва дастрастарин усули таҳқиқи кори дили инсон буда, дар фаъолияти амбулаторӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст. Инчунин дар бахши мазкур барои муайян намудани кори дил аз Эхо КГ ва тести варзиши (спорт тест) истифода мекунанд. Барои ташхиси кори шуш спирометр мавриди истифода қарор мегирад. Қисми дигари ин бахшро ташхиси рентгенӣ ташкил мекунад, ки аз утоқи рентгенӣ ва томографи компютерии истеҳсоли ширкати "Siemens" иборат ёфтааст. Томография компютерӣ низ яке аз бахшҳои самараноки ташхиси функсионалӣ ба шумор меравад. Томографияи компютерӣ имкон медиҳад маълумоти дақиқтарро дар мавриди ҳар узв ба даст оварда, ташхис ва табобати дурустро заминасозӣ кунанд. Ғайр аз ин дар бемористон озмоишгоҳ ва ташхиси нурӣ (лучевая диагностика) дар хидмати мизоҷон қарор доранд. Нархҳои хизматрасонӣ дар бахши ташхиси функсионалии бемористонро метавонед аз ин нишонӣ дастрас намоед:  http://www.ibnisino.tj/tg/narkhnoma/dushanbe/672-darmongoh.html

 

 

ФОТО

 

ВИДЕО