БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БАХШИ ГӮШ, ГУЛӮ ВА БИНӢ (ЛОР)

 

Мутахассиси бахши Гӯш, Гулӯ ва Бинӣ (ЛОР) доктор Нозим Шодиев рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8 то 12 беморонро қабул мекунад. Бахши Гӯш, Гулӯ ва Бинӣ дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир гардидааст ва дар ин ҷо бемориҳои ин се узвро ташхису табобат мекунанд. 

1. Бемориҳои гӯш аз қабили:

 

- бемориҳои гӯши беруна: cерумени гӯш, ҷисми бегонаи гузаргоҳи берунии гӯш, кӯраки гузаргоҳи берунии гӯш, отити шадиди берунии густаришёфта, сурхбоди гӯши берунӣ, экземаи гӯши берунӣ, перихондрити суфраи гӯш, отомикоз; 

- бемориҳои гӯши миёна: отитҳои шадиди экссудативӣ, отитҳои миёнии шадид, отитҳои фасодноки миёнии музмин, мастоидитҳо, оризаҳои гӯшзоди косахонаи сар ва сепсис; - бемориҳои гӯши дохилӣ; гӯшвазнинии найросенсорӣ, отосклероз. 

2. Бемориҳои бинӣ ва ҷавфҳои шафати бинӣ аз қабилӣ: 

- ринофима; 

- ринити шадид; 

- ринити музмин; 

- ринити бодигармӣ; 

- каҷшавии миёндевори бинӣ; 

- кӯраки бинӣ; 

- хуномос ва думмали миёндевори бинӣ; 

- хунравӣ аз бинӣ. 

- синуситҳои шадид; 

- гайморитҳои музмин; 

- фронтитҳои музмин; 

- этмоидитҳои музмин; 

- сфеноидитҳои музмин; 

- омосҳои хушсифати бинӣ ва ҷавфҳои шафати бинӣ; 

- осеби бинӣ; 

- осеби ҷавфҳои шафати бинӣ. 

3. Бемориҳои балъум аз қабилӣ: 

- фарингитҳои шадид ва музмин;  

- аденоидҳо; 

- гипертрофияи бодомакҳои ком; 

- тонзиллити музмин; 

- паратонзиллит; 

- парафарингит; 

- думмали паси гулӯ; 

4. Бемориҳои ханҷара, сурхрӯда ва хирной: 

- ларингитҳои шадид ва музмин. 

Нархномаи бахши Гӯш, Гулӯ ва Биниро метавонед аз ин нишонӣ пайдо кунед:http://www.ibnisino.tj/…/narkhnoma/dushanbe/666-gush-gul-va

ФОТО

 

ВИДЕО