Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БАХШИ АМРОЗИ ЗАНОНА (ГИНЕКОЛОГӢ)

Мутахассиси бахши амрози занона (гинекологӣ), доктор Ситора Кодирова рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 16.00 ва рӯзҳои шанбе аз 8 00 то 12 00 беморонро қабул мекунад. Бахши амрози занона дар ошёнаи шашуми бемористон ҷойгир гардидааст. Дар бахши мазкур бемориҳои гуногуни занона ташхису табобат мегарданд.

Аз ҷумла: 

- Безуриётӣ;       

- Миомаи бачадон; 

- Беморихои илтиҳобии гениталӣ; 

- Вайроншавии сикли ҳайзбинӣ;       

- Инфантилизми гениталӣ;         

- Синдроми поликистози тухмдонҳо;     

- Лапароскопии ташхисӣ ва табобатӣ: кистектомӣ, тубэктомӣ, миомектомии консервативӣ;     

- Омосҳои хушсифати тухмдонҳо: кистаи тухмдонҳо ва намудҳои мухталифи он; 

- Ҷароҳиҳои плостикии узвхои таносулии занон: колпорофӣ ва лабиорофӣ; 

- Гирифтани кистаи бартолинӣ; 

- Пешбурди ҳомиладорӣ. 

Нархномаи хизматрасониҳои бахши амрози занонаро метавонед аз ин нишонӣ дастрас намоед: http://ibnisino.tj/tg/narkhnoma/dushanbe/35-endoginekolo.html

ФОТО

 

ВИДЕО