БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ОМИЛҲОИ АСОСИИ ТАБОБАТИ МУВАФФАҚ

Мутахассиси бахши кардиологии

Бемористони Ибни Сино, 

доктор Малика Юсупова.

 

Ба андешаи мутахассисон дар раванди табобат се омили асоси дахолат доранд: бемор, табиб ва худи беморӣ. Агар бемор бо табиб ҳамкорӣ намояд, табобати беморӣ осону самарабахш сурат мегирад.

Дар акси ҳол, агар бемор ба гуфтаву дастуроти табибаш беэътинои карда, ба таъбире "ҷониби бемориро бигирад, раванди табобат душвор гардида, самараи дилхоҳ намедиҳад. Дар Бемористони Ибни Сино мутахассисони мо ҳамарӯза ин ҳақиқатро мушоҳида мекунанд. Барои мисол, бемор Исматов Бобокалон, соли таваллудаш 1940, ҳанӯз соли 2009 бо ташхиси сактаи миокард ба бемористон интиқол ёфт. Моҳи декабри соли 2009 бемор Исматов Бобокалон дар Бемористони Ибни Сино ҷарроҳӣ гардид. Ҷарроҳии бемор бомуввафақият анҷом гирифт, аммо бемориаш тақозо мекард, ки ӯ таҳти назорати доимии табибон қарор гирад. Ва бемор то ин дам таҳти назорати доимии табибони бемористон қарор дорад. Исматов Бобокалон дар муддати мазкур му ба му тависяҳои табибонро оиди истеъмоли доруҳо ва тавсияҳои ғайридуругӣ (аз қабили бурдани тарзи ҳаёти солим, реҷаи ғизоӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ) иҷро мекунад.  Маҳз ба хотири ҳамин, пас аз гузаронидани амали калонҳаҷмӣ ҷарроҳӣ дар дил, Исматов Бобокалон худро солиму бардам ҳис мекунад ва илова бар ин, фаъолияти меҳнатиашро давом дода, барои халқу ватан хизмати арзанда менамояд.

ФОТО

 

ВИДЕО