БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ИВАЗИ БУҒУМИ ЗОНУ

Дӯстони азиз, духтури ортопеди Бемористони Ибни  Сино доктор Мирзобеков Қурбоналӣ ба иттилоъ мерасонад:

Дар бемористони Ибни Сино баробари гузаронидани амалҳои ҷарроҳии ортопедӣ ва травматологӣ ҳамчунин ҷарроҳии эндопротези тоталии буғуми косу рон ва зону низ анҷом дода мешавад. Барои амал протезҳои ширкати Surgival-и Испониё истифода мешавад. 

Зиёда аз 5-сол мешавад, ки мо бо ин ширкати  ҳамкорӣ дорем ва  амалҳои мазкурро анчом медиҳем ва натиҷаи дилхоҳ ба даст омадааст. 

Аз ҷумла ба бемор Х. А. 1972 с.т. дар таърихи 13.01.2016 ва 16.08.2016 бо ташхиси некрози асептикии сараки ронҳо,  аз 2-тараф эндопротези тоталии буғуми косу рон гузаронида шуд, натиҷа қаноатбахш. 

Ба бемор М. Ғ. 1953 с.т. дар таърихи 10.10.2016 бо ташхиси шикасти гарданаки устухони рони рост амали ҷарроҳии эндопротези тоталии буғуми косу рони рост гузаронида шуд. Бемор фаъол аст, натиҷа қаноатбахш. 

Ба бемор  Р. С. 1951 с.т. ташхис: артрози деформатикии буғуми зонухо, ҳамрав: бемории қанди хун навъи II дар таърихи 18.07.2018 амали ҷарроҳии эндопротези тоталии буғуми зонуи чап гузаронида шуд, натиҷа қаноатбахш.  Ҳамчунин ба бемор амали ҷаррохии буғуми зонуи рост пас аз 6-моҳи чарроҳии аввал тавсия дода шуд. 

Замима: акси рентгении беморон ва сертификати протезҳо.

Бо умеди саломатии Шумо! 

ФОТО

 

ВИДЕО