БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

КАРДИОЛОҶИИ ПЕШГИРИКУНАНДА

Мутахассиси бахши кардиологии

Бемористони Ибни Сино,                                                   

доктор Малика Юсупова.

 

Кардилогияи пешгирикунанда - яке аз самтҳои нав дар тибби муосир ба шумор меравад. Вазифаи асосии ин самти тибб пешгирии бемориҳои дилу-раг ба шумор меравад.

Усули асосии ин самти кардиолоҷӣ: "пешгири аз дармон арзонтар аст" мебошад ва барои бемориҳои дилу-раг аҳамияти вежа дорад. Чаро, ки табобати ин бемориҳо бисёр душвор буда, дар сурати дер шурӯ кардани табобат пасомадҳои ногувори зиёд ба бор меоранд. Ҳоло чи бояд кард, то миқдори сакта, инсулт ва дигар бемориҳои дилу рагро камтар гардонид.

Сабабҳои маргу мири одамон дар тӯли таърих бисёр гуногун буданд. Як вақт гуруснагӣ, ҷанг ва хушунат, як вақти дигар сироятҳо ва дар ҳоли ҳозир тарзи носолими ҳаёт сабаби асосии бармаҳал аз дунё рафтани инсонҳо мегардад. Барои мисол хӯроки серравған, ки имрӯз бисёр дастрас аст, ҳанӯз барои мағзи сар манбаъи нодир ва арзишмад ба шумор меравад ва инсон гумон мекунад, ки захира кардани он барояш муфид мебошад. Ба ҳамин хотир имрӯз одамон миқдори зиёди хӯрокҳои сурравғанро истеъмол мекунанд ва ҳеҷ мулоҳизаи дар мавриди рагҳо ва ҷигарашон намекунанд. Ҳоло ба ин рӯйхат сигоркашӣ, истеъмоли маҳсулоти алкулӣ, фаъолияти пасти ҷисмонӣ ва исстреси ҳамешагиро илова кунед ва шумо омилҳои асосии хатарнокро, ки бемориҳои дилу-рагро сабаби асосии маргу мири инсонҳо мегардонанд ба даст меоред.   

Мешавад ду роҳи рушди кардиолоҷии пешгирикунандаро қайд намуд. Роҳи аввал тағйири қатъии (родиколии) тарзи ҳаёт дар сатҳи давлатӣ. Барои мисол ба Финляндия, ки як вақтҳо дар Аврупо аз рӯи маргу мири инсонҳо бо сабаби бемориҳои дилу-раг ҷои аввалро ишғол мекард, ба хотири маъраки омӯзишии густарда муяссар гардид теъдоди ҳаводиси марговарро бо сабаби бемориҳои дилу раг якбора поин барад. 

Роҳи дуввум дармони дорӯӣ ба шумор меравад. Як қатор кишварҳо, аз ҷумла ИМА бо ин роҳ пеш рафтанд. Дар ин кишвар маргу мир бо сабаби бемориҳои дилу-раг ду маротиба коҳиш ёфт, аммо афзоиши маргу мири инсонҳ бо сабаби бемориҳои диабети қанд ва фарбеҳӣ нишон медиҳад, ки тарзи ҳаёти амрикоиҳо ҳанӯз дур аз камолот мебошад. 

Кардиолоҷии пешгирикунанда чанд банди асоси дорад. Банди аввал - тарбияи дурусти кӯдакон ба шумор меравад. Инсонҳоро бояд аз хурдӣ ба хӯрок ва тарзи ҳаёти солим омӯзиш дод. Банди дуввум - кор бо бемороне, ки ба гурӯҳи хатар шомиланд мебошад. Ва банди саввум - кор бо бемороне, ки аллакай гирифтори бемориҳои дилу раг гардидаанд ба шумор меравад.                 

Авомили хатари бемориҳои дилу раг низ беист тағйир меёбад ва бо боло рафтани синну сол ин авомил васеътар мегарданд. Ғайр аз ин, авомили хатарнок тамоюл доранд, ки ҳамдигарро ҷазб кунанд. Яке аз авомили ҷиддӣ -исстреси музмин шинохта шудааст. Бадани мо ба исстреси шаддид мутобиқ мебошад ва қодир аст пасомадҳои онро рафъ кунад. Аммо,исстреси музмин ба рагҳо таъсири бисёр ҷиддӣ мерасонад. Аз ин хотир афроди шомил ба гурӯҳи хатаррро бояд таҳрик намуд, то аз бадани худ ҷиддан муроқибат кунанд, сари вақт ба қабули табибон ҳозир шаванд, тарзи ҳаёти солим бурда, алоими аввалияи бемориҳои дилу рагро сарфи назар накунанд. 

Назорат кардани вазъият, ҳангоми тавъам гардидани фишори баланди шарёнӣ бо пилокҳои атеросклерозӣ дар раванди пешгирӣ нақши бисёр муҳим дорад. Дар ин ҳолат бурҳон ҳар лаҳза метавонад иттифоқ уфтад ва бисёр вақт ҳолати буҳрониро исстреси шадид таҳрик мебахшад. Дармони пешгирикунанда дар ин ҳолат метавонад бисёр таҳоҷумӣ бошад. Ба бемор якбора то шаш дору ворид мекунанд. Сатҳи хатарро мешавад бо ёрии корти кардилогӣ пешбинӣ кард. Дар ин корт маълумоти бемор сабт мегардад.

Бояд дар хотир дошт, ки сактаи дил на ҳамеша бо дард иттифоқ меуфтад. Бисёр вақт бемороне, ки мубтало ба сакта мегарданд, ҳеҷ аломати дардиро мушоҳида намекунанд. Пилокҳо дар хуни одамони ҷавон нопойдор буда, бо ҳеҷ аломат худро ошкор намекунанд. Аммо ин пилокҳо метавонанд якбора пора пора шуда, сактаи густардаро ба бор оранд. Кардиолоҷии пешгирикунанд инчунин ба таҳқиқи ин пилокҳои нопойдор ва омилҳои хатарнок, ки метавонанд эҳтимоли пайдоиши онҳоро зиёд кунанд машғул аст.         

Мутаассифона илми тибб имрӯз наметавонад тамоми омилҳои хатарноки бемориҳои дилу рагро номбар кунад, аммо усулҳои асосӣ аллакай маълум карда шудаанд. Ба ин усулҳо корҳои зерин шомил мегарданд: нигоҳ доштани фишорӣ хун дар сатҳи 130 ва 80 мм. сутуни симобӣ; пешгирии фарбеҳӣ; назорати миқдори липидҳо ва қанд (глюкоза) дар хун; кам кардани истеъмоли намак, хӯроки равғанин ва алкул ва истеъмоли бештари сабзавот ва мева; тарки пурраи сигоркашӣ; зиёд кардани фаъолияти ҷисмонӣ; ҳифзи оромӣ ва дури аз исстрес. 

Умуман пешгирии бемориҳо ва пеш аз ҳама бемориҳои дилу раг, раванди муҳим дар тибби муосир ба шумор меравад. имрӯз касе шубҳа надорад, ки кардиолоҷии пешгирикунандаро оядаи дурахшон интизор аст ва мо дар оянда тавассути он маълумоти бештарро барои пешгирии бемориҳои дилу раг ба даст меорем.        

ФОТО

 

ВИДЕО