БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

СИНДРОМИ КУШИНГ

Нейроҷарроҳ Парвиз Иброҳимов

 

Синдром Кушинг  бемориест, ки дар сурати беш аз андоза тавлид шудани ҳормони користолл (hormony kortisoll) дар бадан эҷод мешавад.  Алоими ин беморӣ мамулан оҳиста - оҳиста зоҳир мешаванд ва ба ҳамин хотир ташхиси ин беморӣ дар аксар ҳолатхо мушкил мебошад.

Ин беморӣ бори аввал аз тарафи нейроҷарроҳ Хорви Кушинг (Hourvi Kyshing) ошкор карда шуд ва ба ҳамин хотир ин беморӣ синдроми Кушинг унвон гирифт. 

Ҳормони кортисолл тавассути ғадудҳои Адринол, ки дар болои гурдаҳо қарор доранд тавлид мегардад. Ғадудҳои болои гурда барои бадан  бисёр заруриянд. Ин ғадудҳо ба танзими фишори хун кумак мекунанд, системи дифоъии баданро (иммунитет) тақвият мебахшанд, инсулини баданро ба танзим дароварда, ба бадан дар рафъи изтироб кумак мерасонанд.                 

Ҳамон тавр, ки гуфта шуд ин беморӣ замоне эҷод мешавад, ки ҳормони кортизол  беш аз андоза дар организми тарашшуҳ шавад ва беморони мубтало ба ин беморӣ бояд озмоишоти гуногун анҷом диханд то мушахас шавад, ки ба чи иллате гирифтор шудаанд.   

Синдроми Кушинг бемории паҳнгардида аст ва тибқи оморҳои расмӣ аз 200 000 аҳолии курраи Замин 1 нафар мубтало ба ин беморӣ мебошад. Занон нисбат ба мардон бештар ба синдроми Кушинг гирифтор мегарданд. Иллати инро бошад мутахассисон то кунун муаян накардаанд. Синни гирифтори ба ин беморӣ бошад, мамулан аз 30 то 40 солро ташкил медиҳад.           

 Синдроми Кушинг аломатҳои гуногун ва бисёр печида дорад. Бинобар ин ташхиси он кори бисёр душвор мебошад.  Бо вуҷуди ин, табибон як қатор алоими хосси онро зикр мекунанд, ки иборатанд аз:     

- Афзоиши вазни ногаҳонӣ дар бадан (дар баробар ин, даст у пойҳо мумкин аст бидуни тағийр боқӣ бимонанд ё инки мумкин аст лоғар шаванд);

- Сустии мушакҳо, хусусан дар пойҳо;         

- Сурхи ва гирдшаклии руй, ба таъбире моҳруйи;       

- Пайдошавии доғҳо ва нуқтаҳо дар сатҳи пуст;   

- Пӯкии устохонҳо;     

- Болоравии фишори хун;     

- Пайдоиши хатчаҳо дар қисмати шикам;       

- Дар занҳо метавонад ихтилол дар одати моҳиёнаашон эҷод шавад; 

- Пастшавии тамоили ҷинсӣ дар мардҳо ва занҳо;   

- Афсурдагӣ ва Изтироб; 

Ба ин далел, ки синдроми Кушинг ором-ором рушд мекунад , дар базе афрод алоими он муддати тӯлонӣ хомуш боқӣ мемонанд.  Бо таваҷҷӯҳ ба ин, бисёре аз беморон  ҳангоми муроҷиат ба табибон муътақиданд, ки алоими онҳо 1-2 сол пеш пайдо шудаанд.   

Аз ин хотир муроҷиати саривақтӣ ба мутахассиси эндокринолог  дар ташхиси синдроми Кушинг нақши ҳалкунанда дорад.       

Ба таври хос синдроми Кушинг ба 2-даста тақсимбандӣ мегардад.  Дастаи аввал  ба ҳормони ACTH вобастагӣ дорад.  Дар ин ҳолат бадани инсон беш аз андоза ҳормони ACTH тавлид (тарашшух) мекунад, ки сабаби афшоиши беш аз ҳадди ҳормони картисолл мегардад. Одатан омосҳои гипофиз (hipophisiz) аз ин даста ҳастанд.   

Дастаи дуввум аз ҳормони ACTH вобастагӣ надоранд ва дар ин ҳолат ғадудхои болои гурдаҳо (аdrenoll) мустақилона миқдори зиёди ҳормони користиролл тавлид (тарашшуҳ) мекунанд. Ин ҳолат метавонад ба далели омоси адренолл эҷод шавад.

Табобати синдроми Кушинг ба далели эчоди беморӣ вобастагӣ дорад. Дар табобати ин беморӣ ҳам аз усули консервативӣ (доруӣ) ва ҳам аз усули ҷарроҳӣ истифода мебаранд. Табобати доругӣ ба коҳиши ҳормони коростиролл дар ғадуди адренолл равона мегшардад. Аммо дар баъзе мавороид синдоми Кушинг боиси пайдо шудани омосҳо дар гипофиз мегардад ва ин омосҳо мумкин аст бадхим бошад. Он вақт роҳи ягонаи табобати он ҷарроҳӣ ба шумор меравад.     

Ҷарроҳии синдроми Кушинг бо роҳи инвизивӣ, аз тариқи бинӣ  (Trans esfenoid) ба василаи нонотекнолоҷии пешрафтаи Fibrioptic endoscope анҷом дода мешавад. Ин равиш ба нейроҷарроҳон имкон медиҳад, ки диди комиле ба омос дошта бошанд ва онро бидуни ҳеҷ буриши бадан аз тариқи бинӣ хориҷ гардонанд.   

Албатта дар мавориди истисноӣ омоси гипофез ба пардаи сахти мағзи сар ( Sinus Cavernozus ва ё Duro mater) густариш е часпандагӣ пайдо мекунад. Дар ин ҳолат хориҷсозии омос имкон  надорад ва баъди ҷарроҳӣ барои беморон дармонҳои иловагӣ мисли; радиотерапӣ, адреноэктомӣ, ва дармони дорӯӣ, ки мизони ҳормони кортисоллро муътадил мегардонанд таин карда мешавад.     

Умуман тибқи оморҳои рамӣ аз 80 то 90 % ҷарроҳиҳои синдроми Кушинг бо муваффақият анҷом мегиранд.  

ФОТО

 

ВИДЕО