БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ШУНТГУЗОРИИ АОРТОКОРОНАРӢ.(ВИДЕО)

Мудири бахши ҷарроҳии дили

Бемористони Ибни Сино,

доктор Хайрулло Исомаддинов

 

Шунтгузории аортокоронарӣ усули муосири барқароркунии ҷараёни хун ба мушаки дил ба шумор меравад. Шунтгузории рагҳои дил ҷарроҳиест, ки ҳангоми бемории норасоии рагҳои  дил амалӣ мегардад.

Ин беморӣ дар натиҷаи шаклгирии пилокҳои атеросклерӣ дар рагҳое, ки дилро бо хун таъмин мекунанд ба вуҷуд меояд.

Дар натиҷа маҷрои рагҳо танг шуда, онҳо гирифтори стеноз (суддабандӣ) мегарданд. Ин ҳолат барои бемор метавонад паёмадҳои бисёр ногувор ба бор орад. Ҳангоми норасоии таъмини хун, порае аз мушаки дил метавонад ба марг мубтало гардад ва бемор гирифтори сактаи миокорд мешавад.     

Бемории мазкур ба афроди калонсол бештар хос аст ва афроди аз 50 сола боло (хусусан мардон) дар гурӯҳи хатар қарор доранд. 

Шунтгузории аортокоронарӣ ҳам дар ҳолати иллатдоршудани рагҳои шараёнии ҷудогона ва ё якчанд раги шарёнӣ гузаронида мешавад. Бо ин ҷарроҳӣ ба рагҳои ҷараёни хунгардиашон иллатдор шуда, роҳҳои иловагии нав - шунтҳо гузошта мешаванд. Ин амал ба василаи рагҳои солими ба шарёнҳои коронарӣ васлшуда анҷом дода мешавад. Дар натиҷаи ин ҷарроҳӣ, ҷараёни хун тавассути роҳҳои иловагӣ ҷои стеноз ё макони масдудшударо давр зада мегузарад ва таъмини хун барқарор мешавад. Ҳамин тариқ, мақсади шунтгузории аортокоронарӣ мӯътадил гардонидани ҷараёни хун ва таъмини пурраи мушаки дил бо хун ба шумор меравад.

Ҷарроҳии мазкур омодагии дақиқи пешакиро тақозо мекунад. Пеш аз ҷарроҳӣ беморон аз ташхиси пурра мегузаранд. Ин ташхис тадқиқоти озмоишгоҳӣ, ЭКГ, ултрасадо ва коронарогрофӣ (ангиогрофӣ) - ро дар бар мегирад. Аз ин ташхисҳо ангиогрофӣ ташхисест, ки дар бораи дараҷаи тангшавии рагҳо ва ҷои дақиқи шаклгирии пилокҳо иттилоъи дақиқ медиҳад.

Дар бештари маврид, шарёни қафаси сина, ки онро шараёни маммарӣ меноманд, барои шунткунонӣ истифода мешавад. Ин шараён ба хотири хусусиёти беназири худ, дорои муқовимати баланд ба атеросклероз буда, муддати тӯлонӣ ба ҳайси шунт хизмат мекунад. Инчунин раги калони рон (раги софиниз) ва шарёни шуъоӣ низ метавонанд ба ҳайси шунт мавриди истифода қарор гиранд. 

Ҷарроҳӣ бо беҳушкунии умумӣ  ба таври боз гузаронида мешавад. Муддати ҷарроҳии мазкур аз 3 то 6 соат метавонад тӯл кашад.

Дар тибби муосир се навъи шунтгузории аортокоронарӣ вуҷуд дорад.

1. Бо пайвастан ба дастгоҳи гардиши хунӣ сунъӣ.

2. Бе пайвастан ба дастгоҳи гардиши хунӣ сунъӣ ва дар дили коркардаистода.   

3. Наъви саввуми шунтгузорӣ, усули нисбатан нав ба шумор рафта, аз дастрасии миниинвазивӣ бо истифодаи дастгоҳи гардиши хунӣ сунъӣ ё бе он иборат меёбад.

Равиши ҷарроҳӣ вобваста аз ҳоли мариз аз сӯи мутахассисон интихоб карда мешавад.

Ҳамин тариқ эҷоди як роҳи ҷадиди шараёнӣ, ҳолати беморро сифатан тағйир медиҳад. Хатари марги нобаҳангоми бемор поён рафта, сифати ҳаёти ӯ беҳтар мегардад. Баъд аз шунтгузории аортокоронарӣ бемор ба зиндагии маъмулии худ боз мегардад.

Баъди амали ҷарроҳӣ ба бемор тавсияҳо дода мешавад, ки бояд ҳатман риоя шаванд. Масалан бемор бояд қатъиян аз сигоркашӣ худдорӣ кунад, зеро ки дар сурати истеъмоли сигор дар афроди ҷарроҳишуда, хатари сарзадани бемории ишемикии дил боло меравад. Инчунин баъди ин ҷарроҳӣ беморон бояд реҷаи муйаяни хӯрокиро риоя кунанд ва истеъмоли равғанҳо, намак ва қандро камтар кунанд. Дар сурати акс хатари бозгаштани беморӣ вуҷуд дорад.   

https://youtu.be/xuutzU5GQSI                                  

ФОТО

 

ВИДЕО