БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Дар Бемористони Ибни Сино бахши гемодиализ роҳандозӣ мешавад


 14-01-2013  Ба зудӣ дар Бемористони Ибни Сино бахши гемодиализ роҳандозӣ мешавад. Муассисон ва маъмурияти Бемористон дар назар доранд, бо насби дастгоҳи навтарин, беҳтарин лавозим ва маводи якбормасрафи тавлиди Олмон ва Эрон ва мутахассисони варзидаи хориҷию ватанӣ ба мушкили беморони норасоии музмини гурдаи Тоҷикистон, ки ниёз ба диализ доранд, расидагӣ кунанд.

Беморони норасоии музмини гурда ва ё онҳое, ки баъд аз ҷарроҳӣ, гурдаашон ногаҳон аз фаъолият мемонад, эҳтиёҷ ба гемодиализи фаврӣ доранд. Чунин беморон имкон ва фурсат нахоҳанд дошт, пайваста (ҳафтае ду ё як бор) ба марказҳои дармонии хориҷӣ сафар кунанд. Дар ин ҳол, то кунун дар пойтахти Тоҷикистон танҳо як маркази гемодиализ вуҷуд дорад. Бахши гемодиализи Бемористони Ибни Сино дувумин чунин марказ дар Душанбе хоҳад буд.

ФОТО

 

ВИДЕО