БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

АНГИОПЛАСТИКА УСУЛИ ИНВАЗИВИИ ҶАРРОҲӢ! (ВИДЕО)

Кардиологи Бемористони Ибни Сино,

доктор Сатторов Ориф.

 

Ангиопластика  усули инвазивии ҷарроҳӣ ба шумор рафта, имрӯз дар табобати бемориҳои дил "стандарти тиллоӣ" унвон шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дил кулли баданро бо хуни аз оксижен ғанӣ гардида таъмин мекунад.

Аммо худи дил низ ниёзи шадид ба хун дорад ва дар ҳолати таъмини нокофӣ  камбуди оксижен пайдо карда, кори он халалдор мегардад.

Дар бештари маворид сабаби ин ҳолат тангшавии рагҳои хунгард мебошад. Рагҳои хунгард  бо сабаби таҳшин шудани  чарбиҳо  ва ё пайдо шудани лахтаҳои хунӣ  ба вуҷуд меоранд. Тангии раг рафта рафта зиёд мегардад ва вақте ба 70 дарсад расид, аломатҳои бемориии дил баръало намоён мешавад. Аммо агар ин тангӣ ба 90 дарсад бирасад, аллакай ба ҳаёти инсон хатар эҷод мекунад. 

Маҳз барои бартараф кардани ин ҳолат табибон усули ангиопластикаро истифода мебаранд.     

Ангиопластика, хусусан дар табобати бемории ишемикии дил бисёр муфид буда, имкон медиҳад, ки гузаронандагии маҷрои коронарӣ барқарор гардад.     

Усули мазкур бо истифодаи васоилҳои махсуси як бор масраф, найчаҳо,  баллонҳо, стентҳо, амалӣ мегардад.  Катетер тавассути гузоштани найчаи хурд ба раг ба бадани бемор ворид карда мешавад. Барои дидани ҳаракати катетер  табибон аз дастгоҳи ангиогрофӣ истифода мебаранд . Ҳангоми ин амал, табибон катетери борикро ба маҳалли тангшудаи шарён мерасонанд ва ба василаи баллони васеъкунанда маҷрои онро васеъ мекунанд. Сипас барои нигаҳдории гузаронандагии шараён ба маҳалли тангшуда стент мегузоранд.   Ангиопластика дар аксари мавридҳо усули асосӣ ва ягонаи табобати бемории ишемикии дил ба шумор меравад.  Мақсади асосии ангиопластика барқарорсозии шараёнҳои танг ё басташуда, тавассути гузоштани стент мебошад ки  воситаи  он  дил аз хуни оксиген ганигардида таъмин мегардад.

Дар қатори бемории ишемикии дил ангиопластикаро инчунин барои табобати бемории тангии шараёнҳои дасту пой, иллати шарёни коротид рагҳои гардан ва мағзи сар  ва тангшавиии шараёни гурда истифода мебаранд. Ангиопластикаи коронариро бештар ҳангоми сактаи дил барои наҷот додани мушаки дил амалӣ мекунанд.

Пеш аз гузарондани ангиопластика, беморон аз муоинаи ташхисӣ, ки аз таҳлили хун, СБД, ЭХКГ ва ғ. Ҳамчунин баъзе омодагиҳои дигар зери назари мутахассис гузаронда мешавад.            

Ангиопластика аксари  мавридҳо натиҷаи хуб медиҳад ва беморон низ баъди баргузории он дар зарфи аз 1 то 3 рӯз ба зиндагии маъмулиашон бармегарданд.

Кафолати пурра барқароршавии  саломатии бемор аз худи бемор ҳам вобастагӣ дорад.

Аз маризон хоҳиш мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои  беморӣ ба мисли  нафастангӣ шадид, дард дар қафаси сина бо интишор ба самти чап ва дастҳо, шонахо, ҷоғи поён, гоҳан дар мавзеи шикам, фавран  ба бемористонҳои махсусгардонидашуда муроҷиат кунанд.

Бештари бемориҳо  ба мисли  бемории қанд, атеросклероз, фарбеҳӣ,  алоими метоболикӣ , беморихои хуни, ирси низ хусусияти  тангшавии рагҳои хунгардро  доранд, бинобар ин касони мазкур бо мақсади пешгирӣ бояд зери назорати  пизишкон қароргирифта  аз  усули ташхисии ангиография  ва ангиопластика истифода кунанд. 

https://youtu.be/jbbJRgbMM3E

ФОТО

 

ВИДЕО