БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ПРОТЕЗГУЗОРӢ

Дандонпизишки Бемористони Ибни Сино,

Тошматов Ҷамшед.

 

Протезгузории дандонҳо солҳои охир бештар маъруф мешавад. Мувофиқи  омори мавҷуда 15 дарсади одамони аз 60 сола боло дандони табиӣ надоранд. Зиёда аз шаст дарсади кулли одамон ҳадди ақал аз як дандонашон маҳрум гардидаанд.

Бемории кариес қариб дар ҳамаи одамон дида мешавад. Дар ин росто масъалаи бозсозии қатори дандонҳо аҳамияти вежа пайдо мекунад. Набудани дандонҳо сифати зиндагиро паст мекунад, дар талаффуз халал эҷод мекунад ва ҷавидани хӯрокро душвор гардонда, ба ҳаёти иҷтимоии шахс тағйироти манфӣ ворид мекунад. Одамони бе дандон бузургсолтар менамоянд ва худашон низ чунин ҳис мекунанд.         

Протезгузорӣ зебогии шахсро бардавом ва иҷрои вазифаи дандонҳоро барқарор мекунад, ки ин барои маризони ҳамаи синну сол бисёр муҳим аст. 

Протезҳои дандон ба ду навъ собит ва  созаҳои гирифташаванда ҷудо мешаванд.

Ба протезҳои собит рӯйкаш ва протезҳои пулшакл шомил мегарданд. Барои гузоштани протезҳои пулшакл, тарошидани дандонҳои солим лозим мешавад ва бинобар ин дар ҳоли ҳозир аз ин равиш камтар истифода мебаранд. 

Ба созаҳои гирифташаванда, протезҳои пурра ва ҷузъӣ, ки дандонҳои рехтаро ҷойгузин мекунанд  аз қабили протезҳои лавҳаии акрилӣ, протезҳои чандири (инъитофпазирӣ) нейлонӣ ва протезҳои мустаҳками бюгелӣ шомиланд.       

Рӯйкашҳо аз масолеҳи гуногун аз қабили сиромики филизӣ ё металлокерамика, сиромики бефилиз ё пресс керамика, диоксиди сиркониюм ва филизи омехта омода мегарданд.  Барои пояи прортези пулшакл ҳам аз дандони мариз ва ҳам аз имплант истифода мебаранд.

Дар ҳолати ҷой доштани реаксияи аллержӣ истифодаи протезҳои пласмассӣ, ки мономер ҷудо намекунанд тавсия мегардад.

Аз панҷоҳ дарсад зиёд вайрон шудани ғилофаки анатомӣ ва набудани дандонҳо (адентия) нишондод барои протезгузорӣ ба шумор меравад. Инчунин ҳангоми нуқси шаклу андозаи дандон ва шикастани он протезгузорӣ тавсия мегардад.

Дар ҳолати холигии ҷои дандон дар муддати дароз, фишори ҷавидан ба қисми дандонҳо бештар мерасад ва раддаи дандонҳо тағйир меёбад. Дандони шафати холигӣ каҷ мешавад ва дандони муқобил дароз мегардад. Бофти устухонии бехи дандони кандашуда оҳиста оҳиста нобуд мешавад. Протезгузорӣ ҳамин мушкилотро пешгирӣ менамояд.

Реаксияҳои аллергӣ ва камбудии бофти устухонӣ дар гузашта барои протезгузорӣ монеъа ҳисоб мешуд. Аммо имрӯз ба шарофати дастовардҳои муосири тиббӣ, равишҳои гуногун имкон медиҳанд, ки бо дарназрадошти хусусиёти бадани фард усули алтернативии барқарор кардани дандонҳо мавриди истифода қарор дода шавад. 

Имрӯз протезгузориро ҳатто дар кӯдакони хурдсол ҳам анҷом медиҳанд. Барои протезгузории кӯдакон аз рӯйкашҳои махсус истифода мебаранд. Ин протезҳо имкон медиҳанд, ки дандонҳои ширӣ ва нӯги дандонҳои доимӣ бо ҳам омехта нагарданд. Ин амалкард чораи пешгирикунанда буда, рушди нодурусти раддаи дандонҳоро бартараф мекунад.

Пайванд ё импланти дандонҳоро аз 18 солагӣ оғоз мекунанд, ки дар ин синн шаклгирии системи ҷоғу дандон дар марҳилаи анҷомшудан аст. Барои пайванди дандон ҳади болои синнӣ вуҷуд надорад. Пайванди дандонро дар 70 солагӣ ва ҳатто 80 солагӣ гузарондан мумкин аст. Дар ин син хоҳиши мариз ва набудани нишондодҳои зидди амали ҷарроҳӣ муҳиманд. 

Созаҳои гирифташавандаро аз 16-18 солагӣ, мегузоранд, то ки фард аз ӯҳдаи муроқибат барояд ва эҳтиёт карда тавонад. Баъди гузоштани протез пизишк санаи муоинаи назоратиро таъин мекунад. Пас аз он шахс бояд ду маротиба дар сол ба дандонпизишк барои гузарондани гигиенаи ихтисосии даҳон муроҷиат кунад.

Маризони бедандон ва дорои протезҳои доимӣ низ барои назорати протез ва ҳолати милкҳо бояд доим дар зери назорати дандонпизишк бошанд.

Касоне ки пайванди дандон шудаанд, ҳар 6 моҳ бояд аз муоинаи дандонпизишк гузаранд. Дар ҳолати риоя накардан, истеҳсолкунандаи имплантҳо  кафолати онҳоро лағв мекунад.

ФОТО

 

ВИДЕО