БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ТАБОБАТИ БЕ ЗАРАР: ДОРӮ ВА ТАРЗИ ИСТИФОДАИ ОН.

Дар зиндагии рӯзмарраи худ, инсоноҳо имрӯз мунтазам дар шакли қурс, сӯзанзанӣ, доруи обакӣ ва шира, дорӯ масраф мекунанд. 

Дору дар асл кори муҳимеро дар бадани мо анҷом медиҳад, аммо бисёриҳо "кори" дурусти доруро дар организм намедонанд. Дар баъзе маворид бисёре аз инсонҳо доруро бе машварати табиб истеъмол мекунанд ва ин низ хатари зиёд ба саломатии онҳо дорад. 

Мутахассисон мегӯянд, ки истифодаи нодурусти дорӯ ба муқовимати доруӣ боис мегардад ва оқибат дорӯ ба инсон дигар таъсир намекунад ва одамӣ аз асоситарин силоҳаш алайҳи бемориҳои хатарнок маҳрум мегардад.   

Фарқ кардани дорӯ ҳам аз ғайри дорӯ аҳамияти вежа дорад. Дорӯ маводеро меноманд, ки фаъолият ва таъсири табобатӣ дорад. Ба таъбири дигар дорӯ маводест, ки чизеро табобат ва шифо мебахшад. Ва таъсир ва таркиби табобатии ҳар дорӯ ҳам ҳатман бояд собит шуда бошад.                             

Дар ин раванд бояд афзуданиҳои фаъоли биологиро (БАД) махсус қайд намуд. Ин маҳсул танҳо таъсири биоложӣ дорад ва чизеро табобат намекунанд. Аммо таъсири дорӯ ба организм куллан аз БАД ҳо фарқ мекунад. Худи дорӯ низ масраф ва таъсири гуногун дорад. Имрӯ дар тибб анвоъи гуногуни дорӯҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд ва ҳар кадом ба таври хос ба организм ворид карда мешавад. Тарзи ворид кардани дорӯ ба организсм, дар таъсири фаъолияти дорӯ нақши калидӣ дорад. Бар фарз агар дорӯ тавасссути сӯзан рост ба раг ворид карда шавад, зудтар ба хун ворид мегардад ва ин таъсири аз ҳама зудтар дорад. Агар дорӯ ба шакли қурс фурӯ бурда шавад таъсири он муддати тӯлонитар мехоҳад. Чун қурс аввал ба меъда ворид шуда, дар он ҳазм ва таҷзия мегардад. Сипас тавассути ҷараёни махсуси хунгард вориди ҷигар мешавад. Дар ҷигар боз вазъият тағйир меёбад ва баъзе аз дорӯҳо рост аз он убур мекунанд ва аммо баъзеи дигар дар он ҳазм шуда, дучори тағйироти мураккабе мегарданд. 

Бар фарз дорӯҳои бедардкунанда, дар ҳолати истеъмоли дуруст, баъди чанд дақиқа таъсир мерасонанд. Дар баробари ин, боз дорӯҳое ҳам вуҷуд  доранд, ки таъсири табобатиашон баъди чанд ҳафта шурӯ мешавад. Ҳамин тариқ тариқ агар таъсири фаврии дорӯеро тақозо кунанд, онро тариқи сӯзандорӯ ба раги хунгард ё ба мушак ворид мекунанд. Аммо дар баробари ин, қурсҳо аз бартарии дигаре бархурдоранд. Таъсири ин шакли дорӯ тӯлонитар аст.         

Гоҳе авқот як дорӯ бо шаклҳои гуногун мавриди истифода қарор дода мешавад. Чаро, ки бемориҳо дар ҳолатҳои гуногун ҷараён меёбанд ва ҳар ҳолат шакли ҷудогонаи дорӯро тақозо мекунад. Бар фарз агар ҳангоми ҷараёни музмини беморӣ бештар аз қурс истифода кунанд, ҳангоми ҳолатҳои шадид дорӯро ба бадан бояд бо сӯзан ворид кунанд.                         Гурӯҳи дорӯҳо ҳам вуҷуд дранд, ки наметавонанд  дар меъда ҳазм шаванд. Яке аз ин дорӯҳо инсулин ба шумор меравад. Ба ҳамин хотир  ин дорӯ ба шакли қурс истеҳсол намешавад ва беморони диабети қанд аз сӯзандорӯи он истифода мекунанд.

Дар баъзе маворид дорӯ метавонад таъсир нарасонад. Таъсир нарасонидани дорӯ ба организм тибқи андешаи мутахассисон, чанд ҷанба дорад. Пеш аз ҳама бояд донист, ки ҳар дорӯ нишондоди ҷиддии истифода ва аломати манъи худро дорад. Аломати манъ метвонад нисбӣ ва мутлақ мебошанд.   

Ҷанбаи дуввум интихоби номуносиби дорӯ мебошад. Барои мисол дорӯеро барои хомӯш кардани сардард масраф мекунанд ва он таъсир намерасонад. Имрӯз теъдоди анбӯҳи дорӯи дарди сар вуҷуд дорад вале ҳар кадом ба навъе аз сардард таъсир мерасонад. бинобар ин интихоби дорӯи муносиб дар таъсири он нақши муҳим дорад.

Ҷанбаи дигар иштибоҳ дар миқдори дорӯст. Миқдори ҳар дорӯ қатъӣ таъиншудаанд ва иштибоҳ дар миқдори онҳо ба нотамом мондани табобат оварда мерасонад.

Ҷанбаи баъдии таъсир накардани дорӯ интизории худи мариз унвон шудааст. Барои мисол дарди сари оддиро мешавад дар зарфи чанд дақиқа табобат кард, илтиҳоби шуш дар зарфи чанд соат ё чанд рӯз табобат мешавад, аммо барои табобати бемории атеросклероз бемор бояд солҳо дорӯ масраф кунад. Бемориҳои зиёди дигаре ҳам вуҷуд  доранд, ки табобаташон муддати тӯлоиро тақозо мекунад. Ва ҳоло инсоният дорӯе ихтироъ накардааст, ки битавонад ҳамон атеросклерозро дар зарфи чанд рӯз табобат кунад.

Сифати дорӯ ҳам дар таъсири он нақши босазо дорад. Дорӯҳои мӯҳлаташон гузашта ё нодуруст нигаҳдоришуда, умдадатан таъсир намекунанд ва шояд зарар ҳам ба бадан ворид намоянд.                                                                       

ФОТО

 

ВИДЕО