БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ТРОПИНИН - ТЕСТИ ҲАССОС БАРОИ ОШКОР КАДАНИ САРИВАҚТӢ ВА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ИШЕМИКИИ ДИЛ

Тропинин - сафедаест, ки дар раванди кашидашавии (инқибози) мушакҳо ширкат мекунанд. Ин сафеда танҳо дар дохили мушакҳои арнӣ-риштаӣ ва мушакҳои дил вуҷуд дорад, аммо дар мушакҳои софу ҳамвор аз он хабаре нест. 

Тропонин аз се сафеда таркиб ётааст, ки тропонини С, тропонини I ва тропонини Т номида мешаванд.

 

Тропонини Т хоси мушакҳои дил мебошад ва дар мушакҳои искелетӣ, танҳо дар давраи ҷанинии рушд вуҷуд дорад. Тропонин I низ то имрӯз танҳо дар мушакҳои дил ташхис дода шудааст ва ин ду тропонинро (Т ва I) инчунин "тропонинҳои қалбӣ" унвон ниҳодаанд.

Ҳангоми осеби ишемикии ё осеби дигари селюлҳои (ҳуҷайраҳо) миокорд, печидаи тропонинӣ аз ҳам мепошад ва молекулаҳои тропонин вориди хун мегарданд. Ва ин нишогари некрозӣ мушакҳои дил буда, сари вақут ошкор кардани он ба табобати беморӣ кумак мекунад. Бо усулҳои муосири озмоишгоҳӣ, ғилзати (ҷамъшавии) тропонинро, аллакай баъди 3-4 соати сакта (ҳатто сактаи хурд) мешавад муаян кард. Дар натиҷа тести трпонин имкон медиҳад, хеле зуд сактаи миокордро ошкор кунанд ва ин ба табибон барои табобат вақти бештар медиҳад.

Тестҳои тропинин ҳангоми ташхиси дер ( вақте дар хун ғилзати нишонгарҳои дигар аллакай ба меъёр даромадаанд) низ заруранд. Ҳамин тариқ , ҳатто дар ҳолатҳое, ки мариз бо сабабҳои гуногун сари вақт ба бемористон интиқол дода нашуд, тести тропинин имкон медиҳад ташхиси дақиқи сактаи миокорд гузошта шавад. Ошкор намудани ғилзати тропинин бошад, на танҳо имкони ташхиси сактаро фароҳам меоварад, балки имкони табобати ояндаро низ пешгӯи мекунад.

Бемориҳои системи дилу-раг аллакай солҳои дароз, дар радифи маргу мири беморон дар кишварҳои тараққикарда, ҷои аввалро ишғол мекунад. Тибқи маълумоти омории ВОЗ (ташкилоти ҷаҳонии саломатӣ) ҳамасола аз сактаи миокорд наздики 4,3 миллион сокинони Аврупо мемиранд, ки 48%  аз теъдоди умумии сабабҳои марг ба шумор меравад.

Солҳои тӯлонӣ ташхиси сактаи миокорд аз  алоими клиникӣ ва нишондиҳандаҳои ЭКГ асос меёфт. Аммо аз соли 2010 барои ташхиси сактаи микорд дар як қатор кишварҳо тести тропини мавриди истифодаи васеъ  қарор дода шуд. Ва ин кор қадами устуворе дар ташхиси сари вақтӣ ва дақиқи сактаи миокрд ба шумор меравад.  

ФОТО

 

ВИДЕО