БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

УЗВИ НОЗУК

Гарданро воқеъан узви нозук мешавад унвон кард. Дар қисмати гардан узвҳои бисёр муҳим ҷойгир гардидаанд, ки халал дар кори яке аз  онҳо метавонад ба зиндагии инсон хатар эҷод кунад. 

 

Гардан дар қисмати гардании сутунмӯҳра, рӯи 7 мӯҳра истодааст. Мӯҳраи аввали ин қисмат Атлант ном дорад ва ин муҳра, мисли як титан косахонаи сарро дошта меистад. Мушакҳо ва фошияҳои бешумор, мисли изғичи пешон, қабат ба қабат печида, таҷвифи устухон-мушакиро ба вуҷуд меоранд, ки дар он ҳалқ, ғадуди сипаришакл, гулӯ ва оғози сурхрӯда ҷойгир гардидаанд.  Ҳароммағз,  чанд шарёни бузург (монанди шарёни сутунмӯҳра ва шарёнҳои хоб) ва риштаҳои асабӣ, ки алоқаи рефлекториро бо дастон, дил ва шуш таъмин мекунанд,  аз қисмати гардан мегузаранд. Дар ин қисмат инчунин як шабакаи густардаи рагҳо ва гиреҳҳои линфавӣ воқеъ гардидааст.  Гардан дар ҳиқақат як узви истротежик ба шумор меравад.   

Ҳангоми фишори статикии ҳатто на чандон зиёд, дар мушакҳои гардан гардиши хун халалдор мегардад ва фишор ба буғумҳои байнимӯҳраӣ зиёд мешавад. Дар натиҷа, тағоякҳои байнимӯҳраӣ, ки мисли амартизатори табии намегузоранд, мӯҳраи болоӣ ба мӯраи поини фишор орад ва онро ҷароҳатдор кунад, хушку нозук гардида,  вазоифи худро иҷро намекунанд. Дар натиҷа канораҳои сутунмӯҳра  ба ҳам наздикшуда, ҷои баромади риштаҳои асабӣ танг мегардад. Ин ҳолат метавонад боиси мушкилоти зиёд гардад.                       

Тибқи оморҳои тиббӣ, бемориҳои гардан аз ҳама бештар ба дӯзандаҳо, харротон, нақшакашҳо, тарҳкашон, ҳисобдорон, программистҳо, ронандаҳо, муҳаррирон  ва ғ. таҳдид мекунанд. Одамони дорои касбу кори мазкур дар гурӯҳи хатар қарор доранд.

Хусусан остеохандрози гардани миёни онҳо зиёд дида мешавад. Дар ин ҳолат шарёни сутунмӯҳра азият мешавад. Ин шарён соқаи мағзи сар, ҳипоталамус ва майначаро бо хун таъмин мекунад. Оҳиста оҳиста гардан дар қисмати мӯҳраҳои 6-ум ва 7-ум чарбидор шуда, ҳаракаташ маҳдуд  мегардад.  Барои саломат нигаҳ доштани гардан, оромиши дуруст додан ба мушкҳои он нақши зиёд дорад.    

ФОТО

 

ВИДЕО