БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ИЛТИҲОБИ ҚАРНИЯИ ЧАШМ Ё КАРОТИТ!

Мудири бахши чашмпизишкии

Бемористони Ибни Сино, 

доктор Шаҳло Бобоҷонова.

 

Қарнияи чашм дар биноии инсон нақши муҳим дорад. Аммо ин қисмати чашми одамӣ низ дар баробари бемориҳои гуногун осебпазир мебошад. Яке аз хатароти асоси барои қарния, раванди илтиҳобӣ ба шумор меравад. Раванди илтиҳобӣ дар қарнияро дар истилоҳи тиббӣ "каротит" меноманд.

Илтиҳоби қарния бемории хатарнок буда, ба паст шудани биноӣ ва ҳатто нобиноӣ оварда мерасонад.

Аз ҳама шакли паҳнгаштаи илтиҳоби қарния - каротити сироятӣ ба шумор меравад. Ҷараёни илтиҳобии хусусияти сироятӣ доштаро асосан вирусҳо ва бактерияҳо ба вуҷуд меоранд. Бемории каротит метавонад бо сабаби ҷароҳатдор гаштани қания низ ба вуҷуд ояд. Дар баҳору тобистон бошад, бисёр вақт каротит метавонад бо сабаби вокуниши олергикӣ ба гарди растаниҳо пайдо шавад. Инчунин истеъмоли баъзе доруҳо, халал дар мубодилаи моддаҳо (мутаболизм), бемориҳои энодкринӣ, камбуди витаминҳо ва ғ. метавонанд боиси сар задани раванди илтиҳобӣ дар қарния ё ҳамон бемории каротит гарданд.

Дар давраҳои аввалия, каротит аломатҳои хафиф дорад ва одамон бисёр вақт ин аломатҳоро ба хасташавӣ, сармохурдагӣ, вокуниши олергикӣ ва ғ. нисбат медиҳанд. Аммо баъдан каротит бо ба истилоҳ "аломати қарнияӣ" зоҳир мегардад. Ба ин аломат ашкрезӣ аз чашм, тарс аз рӯшноӣ ва блифоспозм (ғайри ихтиёр басташудани пилкҳо) шомил мегарданд. Инчунин ҳангоми раванди илтиҳобӣ, қарния метавонад эҳсосоти дард дошта бошад, оҳиста оҳиста тезбинии чашм паст мешавад,  ғӯзаи чашм сурх гардида, дар сафедии он тӯри рагӣ пайдо мешавад.           

Қарния тадриҷан хира гардида, дар бофтаҳои он аносири ҳуҷайраҳо ҷамъ мегарданд ва нуфуз пайдо мекунанд. Раванди илтиҳобӣ ҳангоми каротит, метавонад ба инабияи чашм, пардаи чашм ва баданаи мижаи низ паҳн гардад.       

Ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои каротит бояд ҳар чи зудтар ба чашмпизишк муроҷиат намуд. Каротити сатҳиро амбулаторӣ, зери назорати мутахассис табобат мекунанд. Табибон қатъиян аз худдармонии каротит наҳй мекунанд. Худдармонӣ метавонад ба пасомадҳои басо ногувор аз қабили, сӯрохдор гаштани қарния, глаукомаи дубора ва комилан аз даст додани биноӣ оварда расонад. 

Ҳангоми каротити сатҳӣ, муроҷиати саривақтӣ ба чашмпизишк имкон медиҳад бемориро пурра табобат кунанд ва аз паст шудани биноии чашм ҷулӯгирӣ намоянд.

Барои ҷулӯгирӣ аз каротит инчунин, табобати саривақтии бемориҳои гуногуни сироятӣ ва пеш аз ҳама бемориҳои сироятии чашмҳо (аз қабили илтиҳоби мултаҳима, блофорит ва ғ) аҳамияти вежа дорад.                  

ФОТО

 

ВИДЕО