БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

НАТИҶАҲОИ ТАБОБАТИ ҶАРРОҲӢ ҲАНГОМИ БЕМОРИҲОИ ДАСТГОҲИ ҲАРАКАТДИҲАНДАИ ЧАШМ.

Чашмпизишки Бемористони Ибни Сино,

доктор Шаҳло Бобоҷонова.

 

Аҳамият. Осеби дастгоҳи ҳаракатдиҳандаи чашм падидаи маъмулист. Ин падида метавонад  ба нодуруст ҷойгиршудани чашмҳо, маҳдуд шудани ҳаракати онҳо ва халали ҳамгароӣ ва фарқияти нистагм оварда расонад. 

 Дар амал, аз ҳама бештар бо нодуруст ҷойгир шудани чашм ё олусӣ дучор меоем. Чашмони одам ҳар кадом дорои шаш мушак мебошанд, ки функсияи ҳаракатдиҳандаи чашмро таъмин мекунанд.  Аз рӯи қоида биниши инсон бинокулярӣ (яъне нигоҳ бо ту чашм, ки дар анализатори биноӣ бо ҳам васл мегаданд.) мебошад.

Анализатори биноӣ дар  қишри мағзи сар ҷойгир гардида, назорати ҳамоҳангро аз болои ҳамаи 12 мушак ба мал меорад. Халалдор гардидани  ҳамоҳангии кори як ё як гурӯҳи мушакҳо ва ҳамин тариқ халалдор гардидани биниши бинокулярӣ, сабаби ба вуҷуд омадани олусӣ мегардад.

Олусии хаёлӣ ё қалбакӣ ҳам вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат нигоҳи бинокулярӣ осеб надидааст ва ин навъи олусӣ ба ислоҳ ниёз надорад.

Олусии махфӣ ё гиперотрофия бо сабаби халалдор гардидани ҳамоҳангӣ дар тонус ва фаъолияти мушакҳои ҳаракатдиҳандаи чашм ба вуҷуд меояд ва ҳангоме, ки инсон ба ҳеҷ ҷо нигоҳ намекунад ва ба таъбире "дар худ фурӯ меравад" намоён мегардад.

Олусии ҳамҷараён бошад, одатан дар кӯдакон ба вуқӯ мепайвандад. Ин намуди олусӣ дар давраи ҳассоси ташаккулёбии нерӯи биноӣ, дар солҳои аввали ҳаёти кӯдак рушд мекунад. Сабабҳои ин намуди олусӣ то ба ҳол пурра муаян нагардидаанд. 

Олусӣ на фақат иллати симо балки камбудиест, ки ҳолати равонӣ ва ҷисмонии кӯдакро барои мутобиқат ба муҳити атроф халалдор мекунад. Бо вуҷуди ин волидайн ва гоҳе вақт пизишкон - неоофталмологҳо ба ин ҷараёни паталогӣ диққати арзанда намедиҳанд. Табобати кӯдакони гирифтор ба олусиро барои давраи тӯлонӣ мутаввақиф мегузоранд ва ин барқарор кардани биноии аз даст додаро, ғайри имкон мегардонад.

Олусии ҳамҷараён мушкилоти иҷтимоӣ ба шумор меравад. Бо ин намудаи олусӣ аз 1,5 то 3,5% кӯдакон гирифтор мебошанд. Дар ҳоли ҳозир аз рӯи маълумотҳои коршиносони гуногун, дар дунё 100 млн одамон гирифтор ба олусианд.

Нишонаҳои олусии ҳамоҳанг аз инҳо иборат мебошанд:

- Нигаҳдори ҳаҷми пурраи ҳаракати ғӯзаҳои чашм;

- Баробарии кунҷи аввалия ва дуввумияи олусӣ (отклонений);

- Набудани биниши дугуна, новобаста аз вайроншавии биниши бинокулярӣ.

Вобаста ба кадом тараф каҷ шудани чашм олусиро ба дарунӣ ва берунӣ ва олусӣ ба боло ва поин тақсимбандӣ мекунанд; дар баъзе мавридҳо каҷшавии амудӣ ва уфуқии чашмон низ дида мешаванд.

Мақсад. Мақсади амали ҷарроҳӣ дар мушакҳои чашм, ба даст овардани мавқеъи дурусти чашмон мебошад.

Маводҳои матлаб ва усулҳои таҳқиқ.  Аз соли 2013 то моҳи августи соли 2018 дар бахши офталмологии Бемористони Ибни Сино 57 мариз бо бемориҳои дастгоҳи ҳаракатдиҳандаи чашм муоина гардида, 47 нафар онҳо бо ташхиси олусчашмӣ дар бахш ҷарроҳӣ гардиданд.  Синну соли маризон аз 4 сола то 33 соларо ташкил медод (ба ҳисоби миёна аз 3,5 (+) то 22 сола). Хусусан мо ба муддати беморӣ диққат медодем. Нисбати ҳамаи беморон таҳқиқоти зерин гузаронида шуд: визометрия бо ислоҳ ё бе он, тестҳои мутановиб бо пӯшонидан, тест пӯшиш бо маншураҳо, ки имкон медиҳад кунҷи олусчашмиро дақиқ муаян намуд, муаян кардани ҳаракатнокии ғӯзаи чашм . Агар дар кӯдакон омблиопӣ ошкор мегардид, дармони муносиб мешуд. Ҳамаи маризон аз таҳқиқоти умумиклиникӣ ва озмоишгоҳҳӣ гузаштанд. 

Таҳлили натиҷаҳои табобат бо усули ҷарроҳии 27 кӯдак бо олусии ҳамоҳанг ва гиперметропияи (камхунии) сатҳи миёна ва боло ва бо аворизи амблиопӣ. Кунҷи олусӣ аз 10-15 дараҷа тибқи ҷадвали Гиршберг таҷовуз намекард. Синну соли кӯдакон аз 4 то 12 солро (ба ҳисоби миёна 3,5 (+)(-) 5 сол) ташкил медод. Аз онҳо 9 нафарашон духтар ва 8 нафарашон писар буданд.

Мӯҳлати мушоҳида як сол.

Амалиётҳои ҷарроҳӣ  бо ду равиш ва зери наркози умумӣ амалӣ гардиданд:

а) ретсессияи мушаки рости дохилӣ анҷом дода шуд 13 (11,1%),

б) тақвият бахшии фаъолияти мушаки рости берунӣ ва рехезектсияи он иҷро гардид. 34 (43,4%).  

Муддати амали ҷарроҳӣ  (+) (-) аз 50 то 60 дақиқаро ташкил дод. Теъдоди рӯзҳои каттӣ дар давраи баъдиҷарроҳӣ 1,5 рӯзро ташкил дод. Дар давраи баъдиҷарроҳӣ мавеъи дурустӣ чашмон баҳодиҳӣ гардад ва дар ҳамаи маризон кунҷи инҳирофӣ 3 (+) (-) 7 ро ташкил дод.

Натиҷаҳо. Ислоҳи вазоифи мушакҳои ҳаракатдиҳандаи чашм бо самаранокии мусбии косметикӣ, дар ҳамаи амалҳо ба даст оварда шуд.     

ФОТО

 

ВИДЕО