БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

КАМХОБӢ, ФИШОРӢ БАЛАНД ВА САКТАИ ҚАЛБӢ

Тибқи таҳқиқотҳои ҷадиди пизишкӣ, камхобӣ ва хоби бекайфият эҳтимоли боло рафтани фишори хунро афзоиш медиҳад. Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Аризонои ИМА ба натиҷа расиданд, ки камхобӣ яке аз авомили бузурги сактаи қалбӣ, сактаи мағзӣ ва ҳатто марги ношӣ аз бемориҳои қалбӣ ва рагӣ мегардад.

Албатта иллати он то ба ҳол барои таҳқиқотчиён ношинохта боқӣ мемонад.

Муҳақиқони Донишгоҳи Аризоно ба манзури баррасии хоби бе кайфият ва иртиботи он бо бемориҳои қалбӣ 300 зан ва марди аз 21 то 70 соларо мавриди баррасии дақиқ қарор доданд. Ин афрод собиқаи ҳеҷ гуна бемории қалбӣ надоштанд. Дар рафти таҳқиқот фишори хуни ин афрод ба таври муовим баррасӣ шуд ва натоиҷи нишон дод, ки камхобӣ мунҷар ба бололрафтани фишори хун мешавад ва фишори хун ҳам муҳимтарин омили бурузи бемориҳои қалбӣ ва сактаи мағзӣ аст. 

Фишори хун нерӯест, ки тавассути ҷараёни хун ба девораи рагҳо ворид мешавад, то хун дар саросари рагҳо ва бадан ҷараён ёбад. Агар ин нерӯ афзоиш пайдо кунад ва дар тӯли замон собит боқӣ бимонад, бадан бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешавад. Фишори хун муҳимтарин омили пайдоиши бемориҳои қалбӣ ва бемориҳои қалбӣ бошанд дар навбати худ, муҳитмтарин омили маргу мир дар саросари ҷаҳон мебошанд.

Ба андешаи олимон аз 11 шаб то 7 субҳ беҳтарин замони хоб аст ва масрафи ғизои сабук  се соат қабл аз хоб, дамои муносиб ва тарки истифода аз таҷҳизот ва васоили барқӣ дар утоқи хоб низ нақши муҳим дар хоби бо кайфияти шумо дорад. 

ФОТО

 

ВИДЕО