БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Тӯли 2 рӯз мешавад, ки дар Бемористони Ибни Сино эндоурологи маъруфи иронӣ Меҳробӣ Сосон ба қабули беморон машгул аст.

 30-01-2013 Тӯли 2 руз мешавад, ки дар Бемористони Ибни Сино эндоурологи маъруфи иронӣ Меҳробӣ Сосон ба қабули беморон машгул аст. Дар ин муддат аллакай зиёда аз 40 нафар эҳтиёҷмандон барои қабул, муоина ва табобат ба ин мутахассиси варзида муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 7 нафарашон бистарӣ гардида,

дар онхо амали ҷарроҳӣ бобомуваффақият анҷом дода шуд. Меҳробӣ Сосон яке аз мутахассисони варзида ва маъруфи иронӣ буда , собиқаи кории бисёрсола дорад, аз ҷумла зиёда аз 1000 амали PCNL (амали сангшикании тарики пӯстӣ)-ро бо сифати баланд анҷом додааст. Ҳамчунин ҷарроҳиҳои боз ва амалҳои ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодӣ дар маҷрои пешобро бо сифати баланд анҷом медихад ва ҳамчун мутаххасиси беназир маҳсуб меёбад. Қабули беморон аз ҷониби ӯ дар Бемористон идома дорад

ФОТО

 

ВИДЕО