БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

PCNL чист?

Урологи бемористон,

доктор Мубин Аминов.

 

PCNL таркиби  кӯтоҳшудаи  англисӣ буда, шакли  комили он Per cutanium Lithotripci мебошад. Яъне сангшиканӣ аз тариқи пӯст дар гурда аст.

Суол ба миён меояд, ки ин равиш барои дармони кадом беморҳо ба кор бурда мешавад ?

Аз охири солҳои ҳафтодуми садаи бист ин усулро дар кишварҳои пешрафта ба таври васеъ ба кор мебаранд ва ин як амали каминвазивӣ ва камосеб барои гирифтани санги гурда дониста мешавад.

Тариқи анҷом додани ин усул чунин аст: дар аввал аз роҳи сурох кардани пӯст ба андозаи як сонтиметр гурдаи бемор бо назорати нурҳои рентгенӣ, бо сӯзани махсус сӯрох карда мешавад ва бо раҳнамодастгоҳи нефроскоп ва проби сангшикан дохили гурдаи бемор шуда, амали сангшиканӣ  анҷом мешавад.

Нишондод барои ин амал: санги бузурги гурда, санги бандкунандаи даҳони гурда  ва сангҳои зиёди гурда мебошад.

Зиди нишондод ё мамнуъ: вазни аз ҳад зиёд, коогулопатия (бемории лахташавии хун), бордорӣ, истеъмоли антикоогулянтҳо,  аритмияҳои мураккаб бо зарабони тези дил.

Суол ба миён меояд, ки механизми шикастани санг тавассути ин дастгоҳ чи гуна ба вуқуъ меояд ? Оё ин дастгоҳ ба гурда ва дигар узвҳо зарар мерасонад ё не ?

Тавассути фишори баланди мавҷӣ, ки дастгоҳ хориҷ мекунад,  санг шикаста мешавад,  аммо ба гурда ва бофтаҳои дигар, ки нарманд,  осеб намерасад. Барои мисол,  агар қанди сафедро дар даст нигоҳ дошта,  дастгоҳро фаъол намоем, қанд мешиканад, вале ба даст осеб намерасонад.

Сангҳои хурдшуда бо мучинҳо (пинсетҳо)-и  махсус чида гирифта мешаванд ва дохили гурда бо моеъи зиддиуфунӣ шустушӯй карда мешавад. Сипас, дар утоқи амал тавассути  дастгоҳи рентгенӣ акси назоратӣ гирифта мешавад ва пок шудан ё нашудани гурдаро мушоҳида мекунем ва бо ҳамин амали ҷарроҳӣ ба итмом мерасад.

Хушбахтона,  ин амал дар Бемористони Ибни Сино аз тарафи мутахасисони кишварамон   хуб анҷом дода мешавад ва корафтодагон метавонанд, ба ин бемористон  муроҷиат намоянд.

ФОТО

 

ВИДЕО