БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

Ҳоло агарчи мизони сироят ба бемории Кувид-19 камтар шуда, вале он гуна ки дуктур Малика Юсупова, дар мусоҳиба бо Маҳини Даврон гуфта, тарси он ва асароти равонии он ҳамчунон боқист:

Дуктур Малика Юсупова аз ҷумлаи пизишконе буд, ки фаъолона дар ин корзори зидди куруно мушорикат карда ва ҳоло аз таҷрубааш ба мо мегӯяд:

Шумо яке аз пизишкони гурӯҳи вижаи мубориза бо вируси куруно дар Бемористони Ибни Сино будед. Лутфан бигӯед, ки дар рӯзҳои аввали густариши ин вирус дар кишвар вазъ дар бемористон чӣ гуна буд?

Ҳанӯз замоне ки вуҷуди вирус дар кишвар расман эътироф нашуда буд, беморони зиёде бо аломатҳои нафастангӣ, сурфа ва таби баланд ба пизишкони бемористон муроҷиат мекарданд. Он замон беморон барои муоинаи қалб меомаданд, аммо пас аз муоина маълум мешуд, ки қалбашон мушкил надошт ва сабаби нафастангияшон пневмония будааст. Вақте озмоиш ва рентген мекарданд, нишонаҳои илтиҳоби шуш дар асари пневмония доштанд. Аммо чун мо нав бо ин беморӣ рӯбарӯ шуда будем, наметавонистем бигӯем, ки беморон дақиқан куруно доштанд. Баъдан, ки расман эълон шуд, муроҷиати тӯдаи одамон барои гузаштан аз муоинаи томографи компютерӣ якбора зиёд шуд. Мардум якбора ба таҳлука ва изтироб афтода буданд. Мо тасмим гирифтем, ки барои машварат ба беморон шумораи телефонҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ихтиёри мардум гузорем.

Руҳияи мардум, вақте занг мезаданд, чигуна буд? Бештар чи машваратҳо мехостанд?

Гӯшии ман дар он рӯзҳо аслан хомуш набуд. Шабонарӯзӣ занг мехӯрд. Баъзеҳо ҳангоми суҳбати телефонӣ гиря мекарданд, чун аз пайдоиши аломатҳои куруно дар вуҷуди худ ва ё наздиконашон ба ваҳшат афтода буданд. Аз тарсу ваҳми худашон бештар азият мешуданд, то аз вируси куруно. Бисёриҳо тавсияи дору мехостанд. Аз тарси ҷонашон омода буданд, ки ҳама гуна доруҳоро харида ва истеъмол кунанд, то зудтар шифо ёбанд. Аммо ман асосан ба муроҷиаткунандагон машварат медодам, ки пеш аз ҳама ором шаванд. Ҳифзи оромӣ дар ин маврид хеле муҳим аст. Онхое, ки синну солашон боло буду гирифтори беморихои музмин (куҳна) буданд, яъне гурӯҳи хавф маҳсуб мешуданд, ба онҳо мегуфтам, ки ба духтур муроҷиат кунанд.

Фикр мекунед машваратҳои телефонии Шумо ва пизишкони дигари бемористон дар рӯзҳои авҷи беморӣ то куҷо муассир ва коромад буд?

Албатта, бисёре аз онҳо ҳатто то имрӯз занг зада ва изҳори миннатдорӣ мекунанд, ки саривақт бо истифода аз роҳнамоии мо тавонистанд чораҷӯӣ ва дармон кунанд ва ҷони худ ва наздиконашонро наҷот диҳанд. Мутаассифона, як ҷанбаи манфӣ ҳам дошт, ки онро ногуфтан намешавад. Масалан, як рӯз марде ба ман занг зад ва гуфт модараш беҳол асту шикамрав ва чанд аломати дигарро низ аз тариқи телефон гуфт, ки монанд ба аломатҳои куруно буд. Ман гуфтам, ки эҳтимолан куруно дорад ва ба пизишки хонаводагӣ муроҷиат кунед. Баъди чанд муддат дубора занг задам ва ҳоли модарашро пурсидам, аммо дар ҷавоб хеле дағал сухбат мекард. Гуфт модарашро ба духтур бурдааст ва духтур гуфтааст, ки куруно надорад ва идома дод, ки «ту чи ҳақ дорӣ машварат бидиҳӣ, дар ҳоле ки мутахассиси уфунат (инфексионист) ё вирусшинос нестӣ?». Бояд бигӯям, ки аввалан ман ҳаққи ташхиси бемориро аз тариқи телефун ва барои ҳеч беморе бидуни муоина надорам. Ман ба ӯ гуфта будам, ки аз рӯи нишонаҳое, ки худатон баршумурдед, эҳтимолан куруно ҳаст, вале барои дақиқ кардан бояд ба пизишки хонаводагӣ муроҷиат кунед. Ин ташхиси беморӣ нест, балки тавсияи аввалия барои рафтан ба назди пизишк ва озмоишу ташхиси дақиқи беморӣ аст. Ҳадафи ман ва пизишкони дигари бемористон танҳо нияти хайр ва кумак ба мардум буд. Аммо афсус баъзе аз мардум моро гоҳ дуруст дарк намекунанд ва кори мо натиҷаи баръакс медиҳад. Сониян, бемории Кувид-19 дар тамоми ҷаҳон як бемории нав аст ва ҳатто вирусшиносону уфунатшиносон ҳам онро пурра наомӯхтаанд ва то муоина ва озмоишҳои дақиқ сурат нагирад, наметавон онро ташхис дод. Ин беморӣ бо нишонаҳову табобаташ дар ҳоли омӯзиш қарор дорад.

Шумо ва дигар пизишкони Бемористони Ибни Сино барои муқобила бо вирус чигуна омӯзиш ва омодагиҳо дида будед?

Тавре ки маълум аст, Бемористони Ибни Сино ба табобати бисёре аз бемориҳо машғул аст, ғайр аз бемориҳои уфунӣ ё сироятӣ (инфексионӣ) ва чанд бемории дигар. Аммо шароит маҷбур кард, ки як гурӯҳи пизишкони бемористон, сарфи назар аз тахассусашон барои табобати Кувид-19 ҳам омӯзиш бинанд ва барои муддате вирусшинос шаванд, чун дунёгир шудани (пандемияи) Кувид-19 ҳамаи пизишкони ҷаҳонро ғофилгир кард. Дар расонаҳо вақте ҳолу аҳволи пизишкони дунёро ҳангоми мубориза бо ин вирус медидем, мо ҳам шурӯъ кардем ба омӯзиш, то худро то андозае омода кунем. Мо аз роҳнамоиҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Вазорати тандурустии кишвар ва роҳнамоии пизишкони сатҳи ҷаҳонӣ истифода мекардем.

Вақте дар мавриди вуҷуди вирус хабарҳо расмӣ шуд, овозаҳое паҳн шуд, ки гӯё баъзе аз пизишкон дар кишвар аз тарси гирифторӣ ба ин вирус ба истилоҳ коргурезӣ кардаанд. Агар ин хабарҳо рост бошад, пас назари Шумо дар ин маврид чист? Оё чунин рафтореро метавон тавҷеҳ кард?

Мо пизишкон дар замони ҳол сарбозони аслӣ ба ҳисоб меравем ва дар мубориза бо ҳар гуна беморӣ, новобаста ба зарару зиёни он, ҳамеша дар ҳар давру замон бояд омода бошем. Албатта, мо намедонем, ки ин хабарҳо то куҷо ҳақиқат доранд. Агар ҳақиқат дошта бошанд, шояд онҳо аз тарси сироят ёфтани наздикони худ ва аз тарси аз даст додани онҳо ин корро кардаанд. Шояд баъзе аз онҳо падару модари солхурда ва бемор доранд ва метарсанд ба онҳо осебе расад. Дар ин маврид намешавад ба таври куллӣ қазоват кард, чун ҳар мавридеро, агар ҳақиқат дорад, бояд ба таври ҷудогона баррасӣ кард. Беҳтар аст аз ҳар гуна қазоват кардан дар ин маврид бипарҳезем.

Бо ин ҳама сахтии кор дар ҳангоми авҷи ҳамагирӣ (пандемия), лутфан бигӯед, ҳолати шумо ва ҳамкасбонатон он замон чигуна буд? Аз либоси муҳофизатӣ бигӯед. Кор кардан бо он либос душвор набуд, бахусус дар ин фасли гармо? Муддати чанд соат онро бадар намекардед?

Хушбахтона, мудирияти бемористон барои тамоми кормандон саривақт либосҳои ҳифозатиро таъмин кард. Мо ҳатто замоне ки вуҷуди ҳамагирӣ (пандемия) расман эълон нашуда буд, алакай либосҳои ҳифозатӣ мепӯшидем. Албатта, дар ҳавои сард пӯшидани либосҳои ҳифозатӣ таҳаммулпазир буд, аммо вақте ки ҳаво гарм шуд, хеле душвор буд. Масалан, пизишкони навбатдор дар минтақаи сурх ба муддати 8 соат дар дохили либоси муҳофизатӣ қарор доштанд ва онро дар ин муддат аслан иваз намекарданд. Ҳатто об наменӯшиданд, хӯрок ҳам намехӯрданд ва дастшӯӣ ҳам намерафтанд. Либосҳои таҳпӯши кормандони бемористон комилан тар мешуд, аммо таҳаммул мекарданд. Баъзе аз пизишкон вазн партофтанд ва баъзе ҳам аз ноҳияи руй осеб ва сӯхтагӣ гирифтанд, чун дохили либоси ҳифозатӣ ҳаво намерасид.

Ман аз таҷрибаи худам метавонам бигӯям, ки вақте бо мошини ёрии таъҷилӣ ба хонаи беморе рафта будем, баромадан аз се ошёна бо он либос ва дастгоҳҳои тиббӣ дар даст бисёр душвор буд. Дар ҳоле ки дар ҳолати маъмулӣ баромадан аз се ошёна бароям ҳеч душворие надорад. Бо он либос бемореро, ки гирифтори Кувид-19 буд ва ҳолаш вазнин буд, базӯр аз се ошёна пойин овардем. Хушбахтона дар миёни пизишкони бемористони мо талафоти ҷонӣ набуд. Баъзе аз мо бемориро аз сар гузаронда дубора сари кор баргаштем. 

Оё Шумо мутахассисони минтақаи қирмизи бемористон ҳам ҳамроҳи беморон дар қарантина қарор доштед ё хона мерафтеду меомадед? Чанд шабонарӯз аз хонаводаҳои худ дур будед ва дар куҷо хоб мерафтед?

Ман асосан ба қабули беморони Кувид-19 машғул будам. Гурӯҳи дигари мутахассисони бемористон махсусан дар минтақаи сурх кор мекарданд. Ман, ки чун ҳамеша аз субҳ то бегоҳ кор мекардам. Аммо мутахассисони минтақаи сурх шабҳо низ меистоданд ва қариб як моҳ хонаҳояшон нарафта буданд. Ҳар як пизишк вазифаи махсуси худро дошт. Гурӯҳе аз мутахассисони узви ақибгоҳи боэътимод буданд, гурӯҳе масъули дармон ва гурӯҳе дигар масъулони қабули беморон буданд. Бурди аслии мо ин буд, ки тибқи барнома ва низоми махсуси беҳдоштӣ фаъолият мекардем. Махсусан ба хотири риояти беҳдоштӣ (гигиена) ва ҳифозат аз олудашавӣ аз як дари минтақаи сурхи бемористон бо либосҳои ҳифозатӣ ворид мешуданд ва пас аз анҷоми навбатдорӣ аз дари дигар шустушӯ карда ва бо либосҳои тозаву тамиз берун мешуданду ба меҳмонхона мерафтанд. Мудирияти бемористон меҳмонхона ва рестурони “Шумон”-ро, ки дар як бино бо бемористон қарор дорад, дар ихтиёри кормандони минтақаи сурх қарор дода буд, то пизишкон битавонанд хуб истироҳат кунанд. Ин ҳам яке аз бурдҳои мо дар мубориза бо вирус буд. Яъне барои тими мубориза бо вируси куруно тамоми шароит, аз маводи доруворӣ гирифта, то васоили беҳдорӣ, хӯрок ва ҷои хоб пурра фароҳам буд.

Оё бовар доштед, ки дар як муддати кӯтоҳ авҷи густариши вирус фурӯ нишинад? Ба назари Шумо, сабаб чист, ки авҷи ҳамагирӣ (пандемия) паси сар шуд?

Мо дида истодаем, ки воқеан муроҷиати беморон кам шуд, омадани беморон дар ҳолати вазнин ҳам нисбат ба қабл камтар шудааст. Лекин гуфтан наметавонем, ки теъдоди гирифторони вирус кам шудааст. Ваҳму тарси мардум фурӯ нишастааст ва бисёриҳо алакай дар хона ҳам табобат мегиранд. Аз сӯи дигар, мумкин аст таъсири гармо ва хушкии иқлими Тоҷикистон бошад, ки сирояти вирус заъифтар шудааст. Аммо ин ки бигӯем авҷи ҳамагирӣ (пандемия)-ро пушти сар гузоштем, ҳам чандон дуруст нест.

Ҳоло ки Бемористони Ибни Сино пас қарантина ба реҷаи кории маъмулии худ баргашт, рӯҳияи дармонҷӯён пас аз хонанишинӣ ва қарантина чигуна аст?

Баъзе аз бемороне, ки барои гирифтани машварат меоянд, мушоҳида кардем, ки ба неврози ё ихтилолоти равонии баъд аз кувидӣ гирифтор шудаанд. Яъне тарсу ҳароси беморӣ дар вуҷудашон нишастааст. Бо ин шикоятҳо бештар муроҷиат мекунанд: изтироб, дилзанӣ, душвории нафас ва буғз дар гулӯ. Вақте ки дараҷаи оксижен дар хунро месанҷем ва ё қалбашонро муоина мекунем, ҳеч мушкили хос ё тағйироти осебшинохтӣ (патологӣ) дар онҳо мушоҳида намешавад. Ҳамаи шикоятҳои онҳо бештар ба хотири афсурдагӣ аст, на мушкили қалбӣ ё Кувид-19.

Машварати Шумо, бо ин ҳама таҷрибае, ки дар роҳи мубориза бо вирус тайи ду моҳи ахир гирифтед, ба мардум чи аст?

Инро бояд қабул кард, ки эҳтимолан ин вирус бо мо боқӣ мемонад. Башар дар тӯли таърих бемориҳо ва вабоҳои зиёдеро аз сар гузарондааст. Ҳануз, ки ҳеч воксин ва дармони мушаххас барои аз байн бурдани вируси куруно пайдо нашудааст, дар ҳоли ҳозир фақат бо риояти тозагӣ, бехдошти шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ метавонем худро аз он муҳофизат кунем.

Ташаккур барои суҳбати ҷолиб ва машваратҳои муфид.

Саломат бошед! 

 

ФОТО

 

ВИДЕО