БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

Рӯзноманигори бемористон,

Маҳини Даврон.

 

Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

Донишмандони ҳавзаи пизишкӣ, ки дар ҳар давру замон аз рӯшанфикртарин кишрҳои ҷомеъа маҳсуб мешаванд, аз даврони Буқроту Сино то ба ҳол пайваста бо маҳдудиятҳои ахлоқӣ рӯ ба рӯ будаанд. Бо ин ки имрӯз илми пизишкӣ хеле пешрафт карда ва ба кашфиёти зиёде ҳам ноил шуда, пизишкон ҳанӯз ҳам дар баъзе аз ҷавомеъ ба лиҳози ахлоқӣ бо мушкилот рӯбарӯ ҳастанд.

Аз мушкили умдае, ки гоҳе дар фаъолияти пизишкони тоҷик низ ҳангоми муоинаи беморон пеш меояд, масъалаи ҷинсият (гендерӣ) аст. Ба гуфти бархе аз мутахассисон, баъзе аз дармонҷӯёни муҳофизакор ва суннатӣ иҷоза намедиҳанд, ки ба таври боиста муоина шаванд ва ин дар ташхиси дурусти беморӣ гоҳ халал эҷод мекунад.

Бо ин ҳол мутахассисони Бемористони Ибни Сино мегӯянд, ҳамеша кӯшидаанд, ки хостаҳои беморонро ба назар бигиранд.

Ҳар як пизишки Бемористони Ибни Сино роҳу равиш ва меъёри ба худ хосси муоинаи беморро дорад. Дуктур Қурбоналӣ Мирзобеков, осебшиноси бемористон мегӯяд, агар 50 дарсади ташхисро озмоишҳову рентгену сонографӣ муайян кунад, 50 дарсади дигарро аз аломатҳои клиникии бемор метавон мушаххас кард.

Оқои Мирзобеков меафзояд: «Бояд бубинем ҳаракоти бемор чи гуна аст? Дар кадом қисмати баданаш дард мекашад. Инҳоро гоҳ фақат бо ламс кардан метавон мушаххас кард. Мо кӯшиш мекунем, ки тибқи хоҳиши бемор ӯро муоина кунем, аммо бемор ҳам набояд ба муоинаи комилу дақиқи пизишк монеъ шавад.»

Ба таъкиди Диловар Маҳмадёров, пизишки эҳёгар, табиб ҳақ надорад дар муоинаи бемор тундхӯӣ ё зиёдаравӣ кунад: «Баъзе беморонро аз тарзи суҳбаташон маълум мешавад, ки чи гуна фикру ақида доранд. Аз ин рӯ, баъзе ҳолатҳо мешавад, ки барои гӯш кардани дили бемор кардиологи занро даъват мекунам. Ин гуна афрод хеле каманд. Дар муоинаи бисёриҳо мушкил надорем. Мо вобаста ба равоншиносии бемор рафтор мекунем».

Оё мардон рашк доранд?

Ба гуфтаи пизишкон, бархе аз дармонҷӯёни зан дар Тоҷикистон намехоҳанд, ки аз хидмати пизишкони мард истифода кунанд, зеро пойбанди арзишҳои мазҳабӣ ҳастанд ё рашки шавҳарон боис мешавад, ки онҳо аз муроҷиат ба пизишки мард худдорӣ кунанд.

Ба гуфтаи Насим Нарзуллоев, масъули тими пазириш ва барномасози бемористон, ҷинсияти пизишк барои баъзе аз беморон хеле муҳим аст: «Баъзе аз беморон пеш аз сабти ном шудан дар бахши пазириш мепурсанд, ки пизишк мард аст ё зан ва баъд вобаста ба ҷавоби мо тасмим мегиранд, ки сабти ном кунанд ё не. Ин пурсишҳо бештар доир ба  мутахассисони сонографӣ(УЗИ), ЭХОКГ ва рентген сурат мегирад. Масалан, боре як мард ҳамроҳи занаш назди мутахассиси сонографӣ омад. Дар қабулгоҳ пурсид сонографистатон мард аст ё зан? Гуфтем, мард. Гуфт мешавад, аммо таъкид кард, ки вақти муоина бояд болояш бо матоъе пӯшонда шавад. Аз он ҷумла ҳангоми ЭХОКГ ҳам чунин дархостҳо мешаванд».

Бархе аз беморон, бахусус занҳо, ба хотири мард будани мутахассисони сонографӣ ва рентген аз муоинаи вазъи саломаташон, ки муҳимтар аз масъалаи ҷинсият аст, сарфи назар мекунанд. Тавре дуктур Саидасрор Қурбонов мегӯяд: «Баъзеашон розӣ намешаванд, ки либосашонро бароранд, шарм медоранд. Мо мефаҳмонем, ки хилъат мепӯшед. Баъзеҳо ба ин ҳам розӣ намешаванд. Мегӯянд ба мо рентгенологи зан лозим аст ва аз ташхис нагузашта мераванд. Ин мушкил албатта ҳар рӯз пеш намеояд. Моҳе ду ё се маротиба.» 

Аммо Меҳроҷ Ҳақназаров, сонографисти Бемористони Ибни Сино, мегӯяд, бештар мардон монеъи муоинаи бонувони хонаводаашон мешаванд: «90 дарсади беморон медонанд, ки муоинаи сонографӣ (УЗИ) бо тамоси мустақими дастгоҳ ба пӯст сурат мегирад. Бо ин ҳол, вақте баъзе мардҳо бо модар, ҳамсар ва ё духтарашон меоянд, ҳассосият нишон медиҳанд ва намехоҳанд, ки муоина шаванд. Дар ин сурат онҳоро гинеколог cонографӣ мекунад.»

Савганди Буқрот (Ҳиппократ)

Тибқи меъёрҳои ахлоқи пизишкии рӯз, дар илми тиб, бавижа дар муносиботи пизишкон бо беморон, ҷинсият мавзӯъи муҳимме нест. Танҳо «пизишк» ва «бемор» дар баробари ҳам ҳастанд, яъне мешавад гуфт, ки на пизишк ҷинс дорад ва на бемор ва муносибат байни бемору пизишк ҳам бояд аз рӯи ҳамин асл сурат бигирад.

Буқрот (Ҳиппократ), пизишки юнонӣ ва аз поягузорони ахлоқи пизишкӣ, дар савганди худ беморро ба ҷинсият, дину мазҳаб ва нажод ҷудо накардааст. Дар матни савганде, ки ба ӯ нисбат дода мешавад ва қарнҳост савгандномаи пизишкони дунё шуда, танҳо вожаи «бемор» оварда шудааст. Махсусан порчае аз ин савганд чунин аст: «Дар ҳар хонае, ки дохил шавам, ба қасди муфид будан барои саломатии беморон ворид хоҳам шуд ва аз ҳар кори зишту олудакунанда, бахусус аъмоли ноҳанҷор бо занон ва мардон, хоҳ озод ва хоҳ барда, худдорӣ хоҳам кард».

Ба таъкиди Нозим Шодиев, пизишки гӯшу гулӯву бинӣ ва ҷарроҳи плостик, ин мушкил дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки огоҳӣ ва дониши мардум боло равад, пизишконро ҳамчун мутахассис қабул кунанд, на ҳамчун мард ё зан. Вай мегӯяд: «Табибон одамони маъмулӣ нестанд, балки мутахассис ҳастанд ва ин нозукиҳоро дар донишгоҳ ҳаматарафа омӯхтаанд».

Корҳои ‘мардона ва занона’

Агар дар ахлоқи пизишкӣ ҷинсият матраҳ нест, пас чиро дар кишвари мо урологҳои зан ва гинекологҳои мард ангуштшуморанд? Теъдоди парасторони мард низ имрӯз нисбатан камтар аст ва бештари парасторон маъмулан занон ҳастанд. Ин пурсишҳо ба мафҳуми тақсими кор дар ҷомеъа бармегардад, ки башиддат дар сояи равобити иҷтимоъӣ ва суннатҳои роиҷ дар ҷомеъаи Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Онгуна, ки пизишкон мегӯянд, мушкил инҷост, ки боз ҳам бархе аз занҳо мехоҳанд, ки аз сӯи урологи зан муоина шаванд, на урологи мард. Умар Азизов, урологи Бемористони Ибни Сино, мегӯяд: “Аксари вақт хонумҳое, ки бо мушкили гурда дар бахши урология бистарӣ мешаванд, иҷоза намедиҳанд, ки пизишк ё парастори мард катетер гузорад. Дар ин сурат мо аз бахши гинекологии бемористон кумак мегирем. Бояд гуфт, табиб ҳамеша дар фикри ин аст, ки бемор шифо ёбад».

Ҳеч пизишке нест, ки дар тӯли фаъолияти худ лоақал як бор бо ин мушкил рӯбарӯ нашуда бошад. Вале ба назар мерасад, ки камтар касе ба фикри пайдо кардани роҳкоре барои ҳалли ин мушкил аст. Ҳарчанд муқаррароти ахлоқии хоссеро дар ин замина намешавад таҳия ва тасвиб кард ва ба иҷро расонд, вале бархе пизишкон худашон метавонанд роҳи ҳалли муносибе барои ин вазъият пайдо кунанд.  

Дуктур Сомии Алдубонӣ, пизишки қалби Бемористони Ибни Сино, мегӯяд, беморони дорои тафаккури муҳофизакор ҳама ҷои дунё ҳастанд ва бояд бо онҳо дуруст бархурд кард ва онҳоро мутақоид намуд: «Гоҳе ишкол дар робита бо бемор аст. Пизишк, чи ҷавон бошад, чи солманд, чи мард бошад, чи зан, бояд аввал эътимоди беморро ба даст орад ва бемор эҳсос кунад, ки назди ин пизишк амният дорад. Ҳангоми муоина бояд ба ҳассосиятҳои мариз таваҷҷуҳ кард. Баъзе мариз хеле ҳассос аст, ки ба ӯ даст бизанӣ. Ман дар ин сурат ҳангоми муоина болояшонро бо малофа мепӯшонам, то эҳсоси нороҳатӣ накунанд. Меъёри ахлоқӣ инро тақозо мекунад».

Дар ниҳоят, тавсияи мутахассисон ба дармонҷӯён ин аст, ки ҳангоми бурузи ҳар беморие ба ҳеч ваҷҳ аз муоинаи пизишк ба хотири масоили ҷинсиятӣ худро маҳрум насозанд ва сарфи назар аз ин ки пизишк мард аст ё зан, ба ӯ муроҷиат кунанд, зеро барои пизишк ахлоқан ҷинси бемор муҳим нест.

Ахлоқи пизишкӣ дар замони бостон

Ахлоқи пизишкӣ риштаест, ки таърихи тӯлонӣ дорад ва дар куҳантарин сарчашмаҳо дастуруламалҳое дар бораи шеваи кор, рафтору муносибати пизишкон бо беморон ба сабт расидааст. Ахлоқи пизишкии Ғарб бештар бар пояи фалсафаи Юнону Рум ва калисои масеҳӣ аст, ки ба мурури замон тағйир ва таҳаввулоте дар он эҷод шудааст.

Ахлоқи пизишкии эрониён ё тоҷикон бошад, бар пояи фарҳанги Шарқ бунёд шудааст. Дар сарчашмаҳои бостонии мо дар мавриди ахлоқи пизишкон фаровон зикр шудааст.

‘Дӯсти бемору душмани беморӣ’

Аз муҳимтарин осори марбут ба ахлоқи пизишкии Эрони Бостон бахши “Вандидод” аз китоби Авесто аст, ки омӯзаҳое дар бораи ҳифзи саломатиро дар бар мегирад. Инчунин аз китобҳои бостонии ба монанди  “Динкард” метавон дарёфт, ки пизишкони Эрони Бостон аз чи арзишҳо ва қоидаҳои ахлоқӣ пайравӣ мекарданд.

Масалан, дар китоби Динкард омадааст: “Як пизишки барҷаста касест, ки бо андомҳои инсон хуб ошноӣ дорад, тағйироти онҳоро бидонад, доруҳо ва дармони бемориро балад аст, сараро аз носара ташхис медиҳад, беморонро ба сурати ҳузурӣ дармон мекунад, дӯсту ёвари онҳост, кину ҳасодат надорад, ширинзабон аст, муаддаб аст, доруҳои хубро тавсия мекунад, душмани беморӣ ва дӯсти беморон аст, эҳсоси шарм намекунад, озораш ба касе намерасад ва ҳаргиз ҳеч кумакеро аз беморе дареғ намедорад...”        

Пол Корик, нависандаи китоби “Ахлоқи пизишкӣ дар ҷаҳони бостон” (Paul Carrick: Medical Ethics in the Ancient World) дар бораи ин бахши китоби Динкард мегӯяд, ки ин порчаи овардашуда ба замони имрӯз ҳам мутобиқ аст ва инсонро дар ҳайрат мегузорад.

Сезориян ё рустамона?

Онгуна, ки аз матнҳои дигари бостонӣ бармеояд, баъзе аз мӯбадон худ пизишк будаанд ва беморонро бо равишҳои гуногун, аз ҷумла ҷарроҳӣ, дармон мекардаанд. Дар ин маврид дар Шоҳнома ҳам абёти фаровоне ҳаст ва масалан достони зода шудани Рустам ба воситаи амали ҷарроҳӣ аз ин далолат медиҳад.

Биёмад яке мӯбаде чарбдаст,

Мар он моҳрухро ба май кард маст.

Бикофид беранҷ паҳлуи моҳ,

Битобид мар бачаро сар зи роҳ,

Чунон бегазандаш бурун оварид,

Ки кас дар ҷаҳон ин шигифтӣ надид....

Инҷо мебинем, ки амали ҷарроҳии рустамонаро дар мавриди Рӯдоба, духтари Зол ва модари Рустам, як мард анҷом додааст. Яъне метавон гуфт, ки дар замони бостон ҷинсият ба кори пизишкони эронӣ монеъ намешудааст.

ФОТО

 

ВИДЕО