БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Фазои солими корӣ, омӯзишҳои пайваста ва навовариҳои пизишкони Бемористони Ибни Сино

Дар муносибат бо ҳамдигар озод, роҳат ва самимӣ будан, эҳтиром гузоштан ба якдигар аз арзишҳои аслӣ ва розҳои дигари муваффақияти Бемористони Ибни Сино аст.

Дар ин бемористон бар хилофи бисёре аз муассисоти дармонии дигар дар Тоҷикистон миёни парастору тамизкору пизишку сарпизишку дуктуру профессор ва коромӯз фосила, хало ва ё табақабандӣ вуҷуд надорад ва ҳама бо якдигар меҳрубону самимӣ ҳастанд.

Дуктур Марҷона Қодирова, пизишки қалби бемористон, дар ин бора мегӯяд: «Инҷо пизишкони ҷавону навкор бо сарпизишку профессор метавонанд дар як сатҳ дар бораи ҳар мушкиле суҳбат кунанд. Масалан, агар фарде бо бемории нодире вориди бемористон шавад, профессор Алдубонии Сомӣ тамоми пизишкони қалбро даъват мекунад, то мушкили он беморро якҷо баррасӣ кунанд. Ман аз ин тарзи кор бисёр хушҳол ва розӣ ҳастам. Дар инҷо тамоми усули ахлоқи пизишкӣ риоят мешавад.”Дар Бемористони Ибни Сино тамоми кормандон, аз назофаткорон гирифта то пизишкону профессорон аз ҳаққу эҳтироми баробар бархӯдоранд ва бо ҳам мисли як хонавода ҳастанд. Абдухалил Холиқзода раиси ҳайати мудираи бемористон бо ин ки пизишк нестанд, аммо бо ишқу алоқаи зиёд ба фаъолияти пизишкӣ ва ба хотири дар ҷараён будан аз корҳои дохили бемористон ҳамарӯза шахсан ҳамроҳ бо пизишкон ба аёдати беморони бистарӣ мераванд. Бо зердастони худ ҳамеша муҳтарамона ва одилона муносибат мекунад. Ин ҳам аз розҳои дигари муваффақияти Бемористони Ибни Синост.

Омӯзишҳои пайваста

Пизишкони Бемористони Ибни Сино ҳамеша ангеза ва имкони омӯзиш доранд ва дар ин амр аз ҳимояти пайвастаи раҳбариияти бемористон бархӯрдоранд. Тақрибан ҳамаи мутахассисони Бемористони Ибни Сино дар кишварҳое монанди Русия, Эрон, Амрико, Испониё, Қазоқистон ва ғайра давраҳои такмили ихтисосро пушти сар кардаанд.

Ҳазинаи омӯзиш дар хориҷ аз кишвар на аз сӯи ширкатҳои хусусӣ, балки аз ҳисоби бемористон таъмин мешавад. Борҳо аз ҷониби раҳбарият ба сурати ройгон давраҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои пизишкон баргузор шудааст, то пизишкон дар пазириши беморони хориҷӣ душворӣ накашанд. Бояд гуфт, Бемористони Ибни Сино аз лиҳози пазириши беморони хориҷӣ миёни дигар бемористонҳо ҷойгоҳи вижае дорад.

Пешгоми навовариҳои пизишкӣ

Бемористони Ибни Сино мубтакири бисёре аз равишҳои тозаи дармони бемориҳои қалб дар Тоҷикистон аст ва бархе аз абзорҳо ва таҷҳизоти мудернро бори аввал вориди кишвар кардааст. Профессор Алдубонии Сомӣ, пизишки қалби Бемористони Ибни Сино, дар ин бора мегӯяд: «Бемористони мо муассисаест, ки дар ташхиси бемориҳои қалб назир надорад. Замоне ки бемористон ба фаъолият шурӯъ кард, аввалин утоқи амали муҷаҳҳази бемориҳои қалб ва ҷарроҳиҳои кушоди қалбро тибқи меъёрҳои нави байналмилалӣ эҷод кард. Бо овардани тимҳои ҷарроҳӣ дар заминаи кардиоложӣ ва уроложӣ Бемористони Ибни Сино хидмати бузурге барои Тоҷикистон кардааст. Ҳамчунин, дар заминаи навоварӣ ва пешрафт ва донишҳои пизишкӣ пешгом аст.»

Дар ҳамин бора Орифҷони Сатторзода, пизишки қалби Бемористони Ибни Сино, мегӯяд, вақте ин бемористон дар соли 2009 шурӯъ ба фаъолият кард, дар бахши тандурустии кишвар таҳаввули бузурге ба вуҷуд овард ва тибби даҳ сол фаротар гом ниҳод. Аз оғози фаъолияташ то ба ҳол Бемористони Ибни Сино дар радифи аввали бемористонҳои кишвар аст ва аз эътибори байналмилалии болое низ бархӯрдор аст.

ФОТО

 

ВИДЕО