БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Дармони интервенсионӣ чист?

Дармони интервенсионӣ равиши бисёр муассир ва камхазми боз кардани шараёнҳои бастаи дил ва даричаҳои он, рагҳои гардан, рагҳои мағзи сар, рагҳои гурда ва пойҳо мебошад.

Бархе аз нуқсҳои пайдошудаи дилро ҳам метавон бо роҳи интервенсионӣ дармон кард. 

Муҳимтар аз ҳама, сактаи қалбиро мешавад дар зарфи чанд дақиқа бо анжиопластӣ, ки яке аз бахшҳои табобати интервенсионӣ аст, дармон кард ва инсонро аз марг наҷот дод. Ҳангоми ин амал як сими хеле борик ба андозаи мӯ вориди раги коронарӣ шуда, сипас балону стент ба девораи раги басташуда гузошта мешавад. Дар натиҷа раги масдудшуда боз мегардад. Ин равиш имрӯз дар ҷаҳон ҷойгузини ҷарроҳии қалби боз шудааст. 

Дармони интервенсионӣ инчунин равиши валвулопластик ва аблатсияро низ фаро мегирад. 

Амали валвулопластикро барои боз кардани даричаҳои митралӣ ва шушии дил ва бартараф кардани баъзе аз нуқсҳои пайдошудаи дил анҷом медиҳанд.

Дармони дигари интервенсионӣ ин аблятсия мебошад. Бо ин равиш зарабони аз меъер зиёди дил ва аритмияҳои гуногун табобат мешаванд. Ҳангоми аблятсия манбаи аритмияҳо бо васоили махсус сӯзонда мешаванд.  

Маълумоти бештарро дар бораи дармони интервенсионӣ аз ин пайванд дарёфт кунед.

Доир ба анжиографӣ ва анжиопластӣ ба ин пайванд сар бизанед. 

Дар бораи нархи амали анжиопластӣ инҷоро боз кунед.

ФОТО

 

ВИДЕО