БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

CODE BLUE

Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Аз ҳамин сабаб ва бо ҳамин мақсад тибқи меъёр бемористонҳо бо баландгӯҳо муҷаҳҳаз карда мешаванд. Дар назди нуқтаи эълон телефони махсус гузошта мешавад ва танҳо барои эълони код истифода мешавад. Масалан дар бемористони Ибни Сино рақами ин телефон 222 аст ва дар ҳоли зарурат персонали ҳар бахш ба нуқтаи эълон муроҷиат карда, код эълон мекунад.

Дар ин эълон ҷои бемор мушаххас эълон мешавад. Масалан: "Код блю утоқи 600", ё "Код блю бахши уржонс".

Мутахассисони эҳёгар бо ҳамин эълони кӯтоҳ огоҳ мешаванд, ки дар кадом нуқта ҷони бемор дар хатар аст ва ба таври фаврӣ худро ба он ҷо мерасонанд ва ба бемор ёрии таъҷилӣ мерасонанд.

Агар шумо дар бемористон чунин эълонро шунидед ва даводави кормандонро мушоҳида кардед, нигарон набошед ва оромиро ҳифз намоед. Хушбахтона беморе ки ниёз ба кумаки фаврӣ пайдо кардааст худи шумо нестед, вале мутахассисони бемористон ҳама кори лозимаро барои эҳёи ҷони ӯ анҷом медиҳанд. Борҳо аз тариқи ин код ҷони беморе наҷот ёфтааст.

ФОТО

 

ВИДЕО