БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

Нуқсҳои модарзодии узвҳои ҷинсӣ бисёранд, аммо шоеътаринашон инҳо мебошанд:

• крипторхизм - нафаромадани тухм ба моядон (яктарафа, дутарафа).

• анорхизм - набудани тухмҳо дар моядон.

• монорхизм - набудани яке аз тухмҳо дар моядон.

• полиорхизм - аз шумора зиёд будани тухм ё тухми зиёдатӣ (сеюм).

Крипторхизм ин нафаромадани тухм ба моядон ё боз мондани тухм дар канали қадкашак аст, ки бар асари мушкил дар системи ғуддати дарунрез ё мушкил дар канали кадкашак ба вуҷуд меояд. Аксари кӯдаконе, ки бо нуқси байза ба дунё меоянд, криптархизми яктарафа доранд. Дарсади хеле ками онҳо криптархизми дутарафа доранд. Дар маҷмуъ ҳудуди се-чаҳор дарсади кӯдакон бо нуқси модарзодии тухм ба дунё меоянд ва дар аксари онҳо то ду моҳагӣ ин мушкил бартараф мешавад. Дар кӯдакони норасид таваллудшуда ин дарсад ба маротиб боло аст ва 25-30%-ро ташкил медиҳад, чунки марҳилаҳои фаромадани тухм ба моядон дар ҳафтаҳои охири бордории модар ба амал меояд.

Намудҳои крипторхизм:

- яктарафа (аз чап, ё аз рост),

- дутарафа (аз ҳарду тараф ҷойгиршавии тухм дар канали қадкашак),

- қалбакӣ (ҳангоми ҷой иваз кардани тухм, гоҳ дар моядон аст, гоҳ дар канали қадкашак),

- ҳақиқӣ (ҳамавақт дар канали қадкашак),

- намуди кадкашакӣ ва шикамӣ.

Намуди шикамӣ (тухм дар ковокии шикам)

Намуди қадкашакӣ:

- Ҳалқаи берунаи канали қадкашак

- Тухм берун аз ҳалқаи берунаи канали қадкашак

Сабабҳои беморӣ.

Мушкили дар инкишофи нахи  тухм. Ҳангоми ҳаракат дар канали қадкашак (як нахи махсусе ҳаст, ки аз қисми поёнии тухм то моядон тул мекашад ва ин нах тухмро оҳиста-оҳиста мефарорад).

Норасоии ҳормони гонадотропӣ. Ин ҳормон дар ҳафтаҳои охири бордорӣ дар ҷисми модар зиёд шуда, дар инкишоф, рушд ва ҷобаҷошавии узвҳои ҷинсии тифл нақш мебозад. Агар тифл норасид ба дунё ояд, ин ҳормонро ба қадри кофӣ намегирад ва чунин нуқс ба амал меояд.

Фишори мушакҳои атрофи канали қадкашак ба тухм (таъсири механикӣ).

Моядон як узви хос ва танзими ҳарорат барои инкишофи ояндаи тухмҳо мебошад. Ҳуҷайраҳои таркиби тухм, ки нутфаро ҳосил мекунанд, ба ҳарорати паст ё баланд хеле ҳассосанд. Муддати зиёд мондани тухм дар канали қадкашак метавонад ба ин ҳуҷайраҳо таъсири манфӣ расонад ва имкон дорад дар ду соли аввали ҳаёт дар онҳо тагйироти склеротикӣ ва фиброзӣ ба амал ояд. Ин мушкил дар оянда метавонад қобилияти тавлиди сперм ё нутфаро кам кунад ва  яке аз сабабҳои безуриётӣ шавад. Ба ин хотир крипторхизм бояд дар соли аввали ҳаёти кӯдак бартараф ва аз оризаҳо ҷилавгирӣ карда шавад. Аммо бояд зикр кард, ки ҳарчанд ин нуқс боиси безуриётӣ шавад ҳам, аммо эҳсоси шаҳват ва нуъуз (эрексия) дар мардон халалдор намешавад, чунки ҳуҷайраҳое, ки қобилияти шаҳватро барқарор ва назорат мекунанд, аз оризаҳои крипторхизм маҳсуб намеёбанд.

Шикоятҳо ва аломатҳои беморӣ:

Одатан беморони гирифтори ин нуқс шикояти хосе надоранд. Дар баъзе ҳолатҳо дардҳои хафифи мавзеъи канали қадкашак ҳангоми варзиш ва ё кори сангини ҷисмонӣ пайдо мешавад. Бештар волидон ин мушкилиро пай мебаранд ва ба мутахассис муроҷиат мекунанд. Мутаассифона бисёре аз волидайн ба саломатии фарзанди худ диққати ҷиддӣ намедиҳанд ва дар оянда дучори мушкилоти ҷиддӣ ва бартарафнашаванда дар системи борварии (репродуктивӣ)-и онҳо мешаванд.

Муоина ва ташхис:

Ҳангоми крипторхизми ҳақиқӣ дар як тарафи моядон тухм ламс намегардад. Тухм дар канали қадкашак ё аз ҳалқа берун ё дар дарун дарёфт мегардад. Барои гузоштани ташхиси дақиқ ҳатман бояд аз тахшиси сонографӣ  (ҳангоми ҷойгиршавии тухм дар канали қадкашак), томографии компютерӣ (дарёфт ва фарқ кардани тухм аз бофтаҳои атроф), ТМР (томографияи магнитию резонансӣ), таҳлилҳои хун (муайян кардани сатҳи ҳормони гонадотропӣ дар зардобаи хун, ки одатан дар чунин беморон сатҳи ҳормони гонадотропӣ паст мешавад) ва лапароскопӣ (усули ташхиси эндоҷарроҳӣ) гузарад.

Табобати беморӣ:

Табобати консервативӣ - ҳормонӣ. Гурӯҳе аз мутахассисон тарафдори табобати ҳормонии ин нуқс ҳастанд, аммо ин равиши дармон барои рафъи крипторхизми берун аз ҳалқаи канали қадкашак самарабахш аст. Самараи чунин табобат дар моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак аз  даҳ  то бист дарсад аст.  

Табобати ҷарроҳӣ

Агар табобати ҳормонӣ кумак накунад,  бемор бояд ҷарроҳӣ шавад. Амали ҷарроҳии бартараф кардани крипторхизм орхопексия ном дорад, ки тухмро  фароварда ва  дар моядон ҷойгир мекунанд. Гоҳе амали ҷарроҳӣ ба далели кӯтоҳии нахи тухм дар ду марҳала анҷом мешавад. Агар амали ҷарроҳӣ саривақт ва дуруст анҷом шавад, фард метавонад дар оянда борварӣ ва зиндагии солим дошта бошад.

Саломатии тану ҷони модар-саломатии фарзанди ӯст!

Тавсия ба модарон: барои ояндаи неки фарзандатон, мутаваҷҷеҳи саломатии худ ва фарзанди хеш бошед!

ФОТО

 

ВИДЕО