БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бори аввал дар Тоҷикистон ҷарроҳии PCNL дар зани ҳомила тавассути ултрасадо анҷом дода шуд

 06-02-2013 Ба шўъбаи урологии Бемористони Ибни Сино зани ҳомиладоре (12 ҳафтаина) муроҷиат намуд. Пас аз гуфтугў бо бемор ва наздиконаш бемор ба утоқи амал гузаронида шуда, дар он ҷо бо дастгоҳҳои дақиқ ташхису муоина карда шуд.

Маълум гардид, ки бемор мубталои бемории сангҳои зиёди гурда ва ҷамъшавии моддаҳои зиёдатӣ  дар он гардидааст. Аз сабаби он ки бемор ҳомиладор буда, равиши амалиётро бо нурҳои рентгенӣ назорат кардан номумкин буд, бо истифода аз ултрасадо ба бемор амали PCNL анҷом дода шуд. Дар айни замон ҳолати бемор хуб аст.

ФОТО

 

ВИДЕО