БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Дар Бемористони Ибни Сино амали дармони тангии даричаи митралӣ бидуни боз кардани қафаси сина анҷом дода шуд

  08-02-2013 Ба бемористон зани 53 сола бо бемории тарбод ва аворизи тангии даричаи митралӣ муроҷиат намуд. Пас аз муоина ва гузаронидани ташхисҳои лозима, дар эхокардиография муайян гардид, ки тангии равзанаи митралӣ ва норасогии даричаи сетабақа бо сатҳи фишор дар шараёни пулмонарӣ  (легочная  артерия) 60 мм.сс-ро ташкил

медиҳад. Пас аз он  тасмим гирифта  шуд, ки ин бемор таҳти амали ҷарроҳӣ ва ё бартараф кардани тангии даричаи митралӣ аз тариқи зайлипӯстӣ қарор гирад. Қаблан чунин бемориҳо таҳти амали ҷарроҳии кушода қарор мегирифтанд, ҳамчунин ҳадди ақал 10 рӯз дар Бемористон мехобиданд ва баъди амал низ як умр таҳти дармон буданд. Ба бемор дар таърихи 07.02.2013 амалиёти комиссуротомияи транслюминалии зайлипӯстии  даричаи митралӣ (PTMC) бо баллон бомуваффақият анҷом дода шуд ва тангии ҷойдоштаи даричаи митралӣ бартараф гардид. Чунин амали ҷарроҳӣ дар Бемористони Ибни Сино маротибаи 10-ум сурат мегирад, ки ҳамаи ин амалҳо бо ширкати мутахассиси варзидаи иронӣ, мутахассиси боз кардани тангии рагҳо ва дармони бемориҳои модарзод ва даричаи дил бидуни ҷарроҳѝ.  кардиолог-интервенсионист - Алдубонй Амирҳусейн (Доктор Сомй)              бе кушодани қафаси сина ва беҳушкунӣ бомуваффақият анҷом ёфтаанд. Бемор баъд аз як рӯзи ҷарроҳӣ аз бемористон мураххас хоҳад шуд.

ФОТО

 

ВИДЕО