БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИЗОФАИ ВАЗН, ФАРБЕҲӢ, ЧОҚӢ

    Эндокринологи бемористон,                           

    Доктор Аббоси Таваккулиён.

     

    Фарбеҳ шудан ё ҳамон чоқӣ, як мушкили наслӣ ё женетикӣ аст. Ба ҷуз намуди хоси фарбеҳӣ, ки он ҳам бисёр кам дида мешавад, бештари мавориди фарбеҳӣ ба иллати вуҷуди женӣ диабети қанд  дар бадан, ба вуҷуд меояд.

     
  • ФИЗИОТЕРАПӢ ҲАНГОМИ ОСТЕОХОНДРОЗИ СУТУНМӮҲРА!

    Мудири бахши физиотерапӣ,

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Каримов Муҳибулло.

     

    Ба бемории остеохондрози сутунмуҳра бештар одамони солхурда гирифтор мешуданд, аммо солҳои охир остеохондроз миёни ҷавонон ҳам зиёд паҳн гардидааст.

     
  • ТАРМИМИ ПЛАСТИКИИ БЕРУНИИ БИНӢ (РИНОПЛАСТИКА)

    Сартабиби бахши  гӯшу гулӯю бинӣ,

    доктор Нозим Шодиев.

     

    Деформатсияи (тағйири шакл)   бинӣ чеҳраро тағйир медиҳад ва ба чашми дигарон  бармехӯрад.  Чунин ҳол  шахсро маҷбур менамояд,  барои  бартараф намудани ин нуқсон ба табиб муроҷиат намояд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бахшҳо

Ринопластика

Ринопластика- пластикаи бинӣ, тағир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, тағир додани шакли нӯги бинӣ, хурд кардани андозаҳои  қанот ва сӯрохиҳои бинӣ, бартараф кардани деформатсияҳо ва качии бинӣ ва миёнадевори он, рафъи хамидагии (пастии) пуштаки бинӣ ;

 

Гастроэнтерология

Бо кушодашавии бахши гастроэнтерология дар Бемористони Ибни Сино имкониятҳо барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима ва гепатитҳо фарохам оварда шуд. Дар ин бахш бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхруда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рудаҳои бузург, нест кардани омоси зиёдатӣ аз рудаҳо, бастани варикозҳои сурхруда, сӯзонидани захм, васеъ намудани тангии сурхруда бо балон ва стент, гузоштани лулаи тағзия тавассути эндоскоп дар даруни меъда, сӯзонидан ё хушк кардани варикоз ва ҳама намуди гепатитҳо анҷом дода мешаванд. Ба табобати беморон бошад гастроэнтероги барҷастаи эронӣ доктор Сиёвуш Мансурӣ машгул аст, ки мутахассиси варзидаи ин соҳа мебошад. Бояд илова намуд, ки бахши гастроэнтерология бо беҳтарину муосиртарин таҷҳизот аз қабили эндоскоп ва клоноскоп муҷаҳҳаз буда, табобат бо кор гирифтан аз усулҳои навтарин сурат мегирад.   

 

  

 

 

 

Бемориҳои чашм

Дар шӯъбаи бемориҳои чашми Бемористони Ибни сино мутахассисони варзидаи ватанӣ ва иронӣ фаъолият доранд. Қабули беморон дар ин шӯъба аз рӯи чунин намуди бемориҳо ба роҳ монда мешавад: чашмпарда ё хирашавии бураки чашм, нейроофтальмология (оризаҳои бемориҳои асаб), оризаҳои эндокринологӣ ё оризаҳои чашм, ки аз таъсири бемории диабети қанд ба вуҷуд омадаанд, дурбинӣ ва наздикбинӣ, марҳилаи барқароркунии баъдиҷарроҳии захмҳои чашм ва барқароркунии биниши он, ретинопатияи навзодон ва ғайра.

Методҳои тадқиқотӣ ва табобат дар бахши бемориҳои чашм

  • Визометрия-муайян намудани тезбинии чашм.
  • Авторефкератометрия - таҳқиқи компютерии қарнияи чашм, ки

    Муфассал...

Бахши гемодиализ

Дар  Бемористони Ибни Сино бо насби дастгоҳи навтарин, беҳтарин лавозим ва маводи якбормасрафи тавлиди Олмон ва Эрон ва мутахассисони варзидаи хориҷию ватанӣ ба мушкили беморони норасоии музмини гурдаи Тоҷикистон, ки ниёз ба диализ доранд, расидагӣ мекунанд.

Муфассал...

Томографияи компютерӣ

      Томографияи компютерӣ усули нави муоинаи тиббӣ мебошад, ки барои муайян намудани хурдтарин ҷузъиёти узвҳои дохилӣ ва сохту таркиби он тавассути нурҳои рентгенӣ истифода бурда мешавад.

Муфассал...

БАХШИ ҶАРРОҲИИ МАҒЗУ АЪСОБ (НЕЙРОХИРУРГӢ)

Ҷарроҳии мағзу аъсоб дар Бемористони Ибни Сино, ба шакли як бахши алоҳида ба роҳ монда шудааст. Ин бахши бемористон, бахши нисбатан ҷадид буда, аз моҳи сентябри соли 2013 ба фаъолияти худ оғоз намуд. Тасмими ифтитоҳи бахши ҷарроҳии мағзу аъсоб дар Бемористони Ибни Сино замоне қабул гардид, ки роҳбарияти бемористон вазъияти ин соҳаро дар кишвар таҳлил намуда, ба қароре омаданд, ки таъсис додани чунин як бахш бо ҳама таҷҳизоти замонавии тиббӣ амри бисеёр зарурирст, то ки гирифторони ин гуна бемориҳо тавонанд дар дохили кишвар бидуни сафар намудан ба хориҷа ва сарфу хароҷотҳои гарон худро табобат намоянд.

Муфассал...

Бахши дандонпизишкӣ

МАШВАРАТИ ДАНДОНПИЗИШК

Қабули дандонпизишк 50 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Қабул ва муоинаи бемор (муоина бо оинаи дандонпизишкӣ ва зонд)

2. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

3. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва таъини озмоишҳои иловагӣ.

4. Баррасии озмоишҳо (ренгенографияи дандон)

5. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

6. Тавсияи табобат(навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ)

7. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ.

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад. 

Бахши дандонпизишкии Бемористони Ибни Сино яке аз бахшҳои муҳими бемористон ба шумор меравад. Ин бахш бо навтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва табобат дар ин ҷо бо истифода аз навтарин усулҳои кори соҳа, бо такя ба таҷрибаи мутахасисони ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Муфассал...

Бахши гӯшу гулӯю бинӣ

МАШВАРАТИ МУТАХАССИСИ ГӮШУ ГУЛУЮ БИНӢ

Қабули мутахассиси Гушу Гулую Бинӣ 50 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Қабул ва муоинаи бемор (муоинаи бинӣ, гулӯ ва гӯш)

2. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

3. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва таъини озмоишҳои зарурӣ.

4. Баррасии озмоишҳо (аудиограмма, тимпанометрия, ABR, ASSR, OAE, рентгенографияи ҶЧБ, Бини балъум аз паҳлӯ, КТ ЧЧБ ва устуғони пистоншакл).

5. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

6. Тавсияи табобат (навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ).

7. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ

 Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад.

Мутахассиси бахши Гӯш, Гулӯ ва Бинӣ (ЛОР) доктор Нозим Шодиев рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8 то 12 беморонро қабул мекунад. Бахши Гӯш, Гулӯ ва Бинӣ дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир гардидааст ва дар ин ҷо бемориҳои ин се узвро ташхису табобат мекунанд. 

Дар бахши гӯшу гулӯю бинӣ чунин намуди бемориҳо табобат карда мешаванд:

1. Бемориҳои гӯш;

2. Бемориҳои гӯши хоричӣ: cерумени гӯш; ҷисми бегонаи гузаргоҳи хориҷи гӯш; кӯраки гузаргоҳи хориҷи гӯш; отити шадиди хориҷии густаришёфта; сурхбоди гӯши хориҷӣ; экземаи гӯши хориҷӣ; перихондрити суфраи гӯш; отомикоз.

Бемориҳои гӯши миёнӣ: отитҳои шадиди экссудативӣ; отитҳои миёнии шадид; отитҳои фасодноки миёнии музмин; мастоидитҳо; оризаҳои гӯшзоди косахонаи сар ва сепсис; бемориҳои гӯши дохилӣ; гӯшвазнинии найросенсорӣ; отосклероз.

Бемориҳои бинӣ ва ҷавфҳои шафати бинӣ:

1. Бемориҳои бинӣ;

2. Ринофима;

3. Ринити шадид;

4. Ринити музмин;

5. Ринити бодигармӣ;

6. Каҷшавии миёндевори бинӣ;

7. Кӯраки бинӣ;

8. Хуномос ва думмали миёндевори бинӣ;

9. Хунравӣ аз бинӣ.

Бемориҳои ҷавфҳои шафати бинӣ:

1. Синуситҳои шадид;

2. Гайморитҳои музмин;

3. Фронтитҳои музмин;

4. Этмоидитҳои музмин;

5. Сфеноидитҳои музмин;

6. Омосҳои хушсифати бинӣ ва ҷавфҳои шафати бинӣ;

7. Осеби бинӣ;

8. Осеби ҷавфҳои шафати бинӣ.

Бемориҳои балъум:

1. Фарингитҳои шадид ва музмин;

2. Аденоидҳо;

3. Гипертрофияи бодомакҳои ком;

4. Тонзиллити музмин;

5. Паратонзиллит;

6. Парафарингит;

7. Думмали паси гулӯ;

Бемориҳои ханҷара, сурхрӯда ва хирной:

1. Ларингитҳои шадид ва музмин.

 

Бахши ортопедӣ

МАШВАРАТИ ОРТОПЕД

Қабули ортопед 58 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Қабул ва муоинаи бемор (муоинаи ҷойи шикояти бемор, камар, андомҳои болоӣ ва поёнӣ).

2. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

3. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз.

4. Баррасии озмоишҳо (ташхиси ренгенӣ, ташхиси КТ ва МРТ).

5. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

6. Тавсияи табобат (навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ).

7. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад. 

Мутахассиси бахши ортопедӣ, доктор Қурбоналӣ Мирзобеков  рӯзҳои душанбе то шанбе аз соати 8 то 12 қабул мекунад. 

Бахши ортопедӣ (шикастабандӣ)  дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир гардидааст. Дар бахши мазкур бемориҳои гуногуни ортопедӣ ташхису табобат мегарданд. 

Муфассал...

Бахши ҷарроҳии пластикӣ


Дар ин бахш мутахассисони ватанӣ ва хориҷии пуртаҷриба амалҳои гуногунро дар соҳаи зебоӣ ва тармимӣ анҷом медиҳанд. Барои дар сатҳи зарурѝ амалӣ намудани ин амалҳо  бахши мазкур бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст.

Дар ин бахш амалҳои зерин гузаронида мешаванд:

Муфассал...

Дорухона

90% доруҳо ба бемористони мо аз Эрон ворид карда мешаванд. Ҳамчунин ширкатҳои истеҳсолкунандаи дору ва маводи тиббии аълосифати Амрико, Олмон, Туркия, Испания ва чанд мамолики дигар низ аз ҷумлаи шарикони мо мебошанд. Мо мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ фаъолият анҷом медиҳем ва ҳам дору, ҳам маводи тиббии масрафӣ, ки ворид мекунем, ҷавобгўйи стандартҳои байналмилалӣ  мебошанд!

Васоил ва маводе, ки дар шикастабандиҳо ва амалҳои дигари ортопедӣ, ҷарроҳиҳои гинекологиву урологӣ истифода  мешаванд, низ аз Олмону Испания ворид карда мешаванд.

Шарикони бемористони мо ба мо эътимод доранд ва дар сатҳи меъёрҳои роиҷи  байналмилалӣ бо мо муносибат мекунанд. Бештар мо аз тариқи шабакаи интернет табодули назар карда, ба тавофуқ мерасем ва шартнома мебандем. Дар баробари ҷиддӣ будан, онҳо хеле ҳассос ҳам ҳастанд. Як ҳарфи зиёдатӣ, як калимаи беҷо метавонад ба кори мо халал ворид созад. Ба ҷуз донистани забону назокатҳои муошират, боз каме дипломат будан ҳам лозим аст.

Интихоби дору 

Аз анбори махсуси нигаҳдории доруҳо ба мо хабар медиҳанд, ки захираи кадом номгўи доруҳо  камтар боқӣ мондааст. Ҳамчунин  мудирони шўъбаҳо супориш медиҳанд, аз бахшҳои бемористон дар Панҷакенту Хуҷанду Фархор омори лозимаро мегирем, пас аз ҷамъ кардани маълумоти зарурӣ, бо ширкатҳои ҳамкорамон тамос мегирем ва дар доруҳои лозимаро супориш медиҳем ва онҳо бароямон ирсол  мекунанд.

Нархи доруҳо

Нархи доруҳои мо ба истиснои чанд номгўи дору, ки камёфту гаронарзишанд, аз нархи бозори дохилӣ фарқ намекунад.  Вале бартарии доруҳои мо дар он аст, ки комилан аз дасти аввал, бидуни миёнҷиҳо дастрас карда мешавад! Бо итминон  гуфта метавонам, ки дар дорухонаи мо ягон доруи қалбакӣ нест ва дар оянда ҳам роҳ намеёбад! Доруҳои мо дорои сифати аъло ва хеле муассир мебошанд! Касоне ҳам буданд, ки пас аз тавсияи пизишкон аз дигар дорухонаҳо дору харида, таъсири онро эҳсос накарданд ва дубора ба мо муроҷиъа карданд. Агар мақсад аз истеъмоли дору сиҳат ёфтан  бошад, пас дору бояд истеъмол намуд, на номи дору! Чунонки гуфтам, доруҳои мо пас аз муоинаи нафари муроҷиаткарда,  бо тавсияи духтурон фурўхта мешаванд,

Доруҳои мавсимӣ 

Мо вобаста ба мавсим ва бемориҳое, ки дар ин фасл хурӯҷ мекунанд низ дору ворид месозем. Ду –се моҳ пешакӣ супориш медиҳем, шартнома мебандем ва шариконамон  доруҳоро бароямон  мефиристонанд. Доруҳо дар утоқи махсуси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти баландсифати хориҷӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва аз ҷониби Хадамоти фарматсевтии кишварамон сертефикати лозима доранд. Рўйхати  тамоми доруҳо дар компютер ҷой дода шуда, ҳангоми фурўхтан ба мизоҷон пурра таркибу хосияти он ва тарзи истеъмоли он шарҳ дода  мешавад. Тамоми ҷаҳду кўшиши мо ба он равона шудааст, ки дар таъмини беморону аҳолӣ бо дору  камбудие надошта бошем ва хушбахтона, дар ин замина то ҳол муваффақ будаем!



Нархномаи Дорухона

ФОТО