БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФӢ

    Электрокардиогрофӣ (ЭКГ) - усули ба қайдгирӣ ва ташхиси майдонҳои электрикие мобошад, ки дар раванди кори дил шакл мегиранд. Ин навъи ташхис, хусусан дар кордиоложӣ, усули арзон ва бисёр боразиш ба шумор меравад.

     
  • ГУРДА ВА НАҚШИ ОН ДАР БАДАНИ ОДАМӢ.

    Урологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Абдувоҳид Абдусамадов.

     

    Гурда узви муҳими бадани одамӣ ба шумор меравад. Асоситарин вазифаи ин узвҳо - бартараф намудани пасмондаҳо ва ба пешоб табил карани онҳо мебошад. 8 литр хун дар дохили бадани мо дар як рӯз аз 20 то 25 маротиба тавассути гурдаҳо мегузарад.

     
  • БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО - ОРГАНИЗМИ ВОҲИД!

    Муовини табобатии директори

    Бемористони Ибни Сино.

    Бобоалиев Сархад.

     

    Бемористони Ибни Сино организми воҳидест, ки аз қисмҳои мухталиф иборат буда, аз ҳамоҳангии онҳо кори дармонӣ, ки  ҳадафи фаъолияти мост, вобаста мебошад. Бахши дармон, бахши парасторӣ, бахши таъминоту таъсисот, бахши молӣ, бахши равобити хориҷӣ ва дигар хадамоти ёрирасон, чун аъзоёни як бадан кор карда, шароити лозимаро барои кори пурсамар фароҳам мекунанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бахши дандонпизишкӣ

МАШВАРАТИ ДАНДОНПИЗИШК

Қабули дандонпизишк 50 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Қабул ва муоинаи бемор (муоина бо оинаи дандонпизишкӣ ва зонд)

2. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

3. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва таъини озмоишҳои иловагӣ.

4. Баррасии озмоишҳо (ренгенографияи дандон)

5. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

6. Тавсияи табобат(навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ)

7. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ.

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад. 

Бахши дандонпизишкии Бемористони Ибни Сино яке аз бахшҳои муҳими бемористон ба шумор меравад. Ин бахш бо навтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва табобат дар ин ҷо бо истифода аз навтарин усулҳои кори соҳа, бо такя ба таҷрибаи мутахасисони ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Усулҳои муосири табобат имкон медиҳанд, мариз кучактарин нороҳатӣ ва дардро ҳангоми табобати дандонҳояш ҳис накунад. Ҳатто тазриқи сўзандору ба милк дар бахши мазкур, комилан бедард аст, зеро пеш аз ин амал, ба милки бемор гели махсус молида мешавад. Бедардкунии босифат бошад, ба табибон имкон медиҳад табобатро бо сифат анҷом диҳанд. Дар бахши дандонпизишкии бемористон табобати ҳамаи бемориҳои дандон анҷом дода мешаванд. Инчунин дар бахши мазкур руйкашкунӣ ва имплантгузории дандонҳо низ амалӣ мегардад. Аз ҷумла усули микроруйкашкунӣ инҷо васеъ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ин усул имкон медиҳад, ки бидуни даст расонидан ба дандонҳои солим, дар муддати кўтоҳ рўйкаш(протез) гузошта шавад.

Дар бахши дандонпизишкии мо, ин амалро дар ду рӯз ба итмом мерасонанд. Асоси дармони дандонро, табобати решаи он ташкил медиҳад ва дар бахши дандопизишкии беморон ба табобати решаи дандонҳо диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Барои назорати сифати дандон дар бахши дандонпизишкӣ, аз визиограф (рентген) истифода мебаранд. Ин дастгоҳи нодир имкон медиҳад, дар ҳамон курсии табобатѝ, саривақт аксбардорѝ ва ташхиси дандон гузаронида шавад. Ҳам вақти мизоҷ сарфа мешавад ва ҳам аз ҳуҷра ба ҳуҷра рафта навбат намеистад ва табиб ҳам билофосила табобатро шурўъ мекунад.  Умуман сатҳи пазироӣ, қабул ва хизматрасонии олӣ, бо истифода аз шароити мусоиде, ки дар ин бахш муҳайёст, ба он мусоидат менамояд, ки таваҷҷўҳ ва муроҷиати шаҳрвандон ба ин бахш рўз аз рўз зиёд гардад.

 

ФОТО