БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИСТИФОДА ВА САМАРАНОКИИ УСУЛИ ЭНДОҶАРРОҲӢ (ЭНДОУРЕТРОТОМИЯ) ДАР БЕМОРОНИ ГИРИФТОРИ ТАНГИИ (СТРИКРУРА) МАҶРОИ ПЕШОБ (УРЕТРА).

    У.Қ. Азизов., А.А. Абдувоҳидов., А.А. Нусратов.

    Кафедраи Урологияи ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино

    Бемористони ибни Сино. Тоҷикиситон

    Муқаддима.

    Тангии (стриктура) уретра ё тангии маҷрои пешоб, тангшавии патологии маҷрои пешоб (уретра) мебошад, ки дар бештари ҳолатҳо баъд аз осебҳо ва илтиҳобҳои гуногуни уретра ба амал омада, 2-3% дар мардон ва 0,5-1% дар занон вомехӯрад.

     
  • ФАРЗАНДАТОНРО АЗ БОЗИЧАҲОИ ҲАҶМАН ХУРД ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

    Кунҷкобии кӯдакон дар аввали ҳаёт водор мекунад, ки онҳо ба омӯзиши бадани худ машғул шуда, узвҳои баданро ламс кунанд ва  ҳиссиётҳои нав водор месозад, ки кӯдаки Шумо бори аввал ба ковокии биниаш ангушт занад. Рӯзе дар сари ӯ савол ба миён меояд: «Оё ба дохили ковоки бинӣ чизе ҷой кардан мумкин аст???».

     
  • ОТИТИ ТОБИСТОНА

    Мудири бахши Гӯшу Гулӯ ва Бинӣ - и

    Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Нозим Шодиев.

     

    Бемориҳои илтиҳобии ЛОР - узвҳо дар фасли гармӣ ҳам хеле зиёд ба назар мерасанд. Яке аз чунин бемориҳо отит ба шумор меравад, ки бо фарорасии гармӣ ва мавсими оббозӣ, хатари гирифтор шудан ба ин бемории гӯш ба маротиб боло меравад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

БАХШИ ҶАРРОҲИИ МАҒЗУ АЪСОБ (НЕЙРОХИРУРГӢ)

Ҷарроҳии мағзу аъсоб дар Бемористони Ибни Сино, ба шакли як бахши алоҳида ба роҳ монда шудааст. Ин бахши бемористон, бахши нисбатан ҷадид буда, аз моҳи сентябри соли 2013 ба фаъолияти худ оғоз намуд. Тасмими ифтитоҳи бахши ҷарроҳии мағзу аъсоб дар Бемористони Ибни Сино замоне қабул гардид, ки роҳбарияти бемористон вазъияти ин соҳаро дар кишвар таҳлил намуда, ба қароре омаданд, ки таъсис додани чунин як бахш бо ҳама таҷҳизоти замонавии тиббӣ амри бисеёр зарурирст, то ки гирифторони ин гуна бемориҳо тавонанд дар дохили кишвар бидуни сафар намудан ба хориҷа ва сарфу хароҷотҳои гарон худро табобат намоянд.

Ва натиҷаи фаъолияти ин бахш то ба имрӯз, дурустии ин амалкардро собит намуд. Танҳо дар соли аввали фаъолияти он, дар ин ҷо беш аз 100 амали ҷароҳии мағзу аъсоб, аз қабили ҷарроҳии чурраи байни мӯҳраҳои сутунмӯҳра, спондилолистез ё бартараф намудани беҷошавии мӯҳраҳо, спондилолиз - бартараф намудани ноустувории мӯҳраҳо бо василаи лавҳаи титан ва ғ. бо муввафақият анҷом дода шуд. Ҷарроҳони ин бахш ҳамзамон бо ҷарроҳиҳои сутунмӯҳра, ба ҷарроҳиҳои аз байн бурдани омоси ҳароммағз ва омоси майнаи сар низ даст мезананд, ки дар ҷарроҳии муосир амалҳои бисёр нозуку нодиранд.

Мутахассиси ҷавон Парвиз Иброҳимов, ки хатмкардаи орденатурии Донишгоҳи ҷарроҳиҳои мағзу аъсоби шаҳри Ҳамадони Эрон мебошад ва тоза фаъолияташро дар ин бахш шурӯ карда аст. Ба гуфтаи ин мутахассиси ҷавон имрӯз бахши ҷарроҳии мағзу аъсоб дар Бемористони Ибни Сино ба таври доъимӣ фаъолият мекунад ва онҳо имкони гузаронидани мушкилтарин ҷарроҳиҳои мағзу аъсобро доро мебошанд. Ба гуфтаи доктор Иброҳимов, дар бахши мазкур табобат ва ҷарроҳии сутунмӯҳра ва ҳароммағз ( ҷарроҳиҳои Spinal trauma, Spinal Degeneration, Spinal Stenosis, Spinal Instability), ҳамаи осебҳои мағзӣ (Head Brain Trauma), ҷарроҳии омосҳои сутунмӯҳра (Spinal tumors), омосҳои ҳароммағз (Spinal cord tumors), ҳамагуна омосҳои мағзӣ (Brain tumors), кистҳои мағзи сар ва ҷарроҳии омоси ғадуди гипофизро (Pituitaris tumor) бо истифода аз усулҳои муосир ва таҷҳизоти замонавӣ анҷом медиҳанд. Баъзе аз усулҳои ҷарроҳӣ масалан дар ҷарроҳии сутунмӯҳа, ба гуфтаи доктор Парвиз Иброҳимов ба беморон имкон медиҳанд баъди гузаштани 2 рӯз аз амали ҷарроҳӣ ба зиндагии маъмулиашон баргарданд. Вай афзуд, ки барои гузаронидани ҷарроҳиҳои мураккаб ба бахши ҷарроҳии мағзу аъсоб мутахассисони варзидаи соҳа аз хориҷи кишвар низ даъват мешаванд. Ҳамаи ин ҷароҳиҳо дар бахши мазкур бо усули буриши кӯтоҳ ё инвизивӣ анҷом мешаванд, ки имкон медиҳад бемор баъди ҷарроҳӣ зудтар саломатиашро барқарор намояд. 

ФОТО