БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФӢ

    Электрокардиогрофӣ (ЭКГ) - усули ба қайдгирӣ ва ташхиси майдонҳои электрикие мобошад, ки дар раванди кори дил шакл мегиранд. Ин навъи ташхис, хусусан дар кордиоложӣ, усули арзон ва бисёр боразиш ба шумор меравад.

     
  • ГУРДА ВА НАҚШИ ОН ДАР БАДАНИ ОДАМӢ.

    Урологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Абдувоҳид Абдусамадов.

     

    Гурда узви муҳими бадани одамӣ ба шумор меравад. Асоситарин вазифаи ин узвҳо - бартараф намудани пасмондаҳо ва ба пешоб табил карани онҳо мебошад. 8 литр хун дар дохили бадани мо дар як рӯз аз 20 то 25 маротиба тавассути гурдаҳо мегузарад.

     
  • БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО - ОРГАНИЗМИ ВОҲИД!

    Муовини табобатии директори

    Бемористони Ибни Сино.

    Бобоалиев Сархад.

     

    Бемористони Ибни Сино организми воҳидест, ки аз қисмҳои мухталиф иборат буда, аз ҳамоҳангии онҳо кори дармонӣ, ки  ҳадафи фаъолияти мост, вобаста мебошад. Бахши дармон, бахши парасторӣ, бахши таъминоту таъсисот, бахши молӣ, бахши равобити хориҷӣ ва дигар хадамоти ёрирасон, чун аъзоёни як бадан кор карда, шароити лозимаро барои кори пурсамар фароҳам мекунанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Июл 2015

27 Июл 2015

Нерӯбахшҳои организм

Электролитҳо пайвастаҳои минералӣ мебошанд, ки қобилияти гузаронидани  заряди электрикиро доранд. Ин пайвастаҳои минералӣ дар бофтаҳои хун дар шакли маҳлулҳои намакӣ ҷой гирифта, ба интиқоли моддаҳои ғизоӣ ба ҳуҷайраҳо ва бофтаҳо кумак  мекунанд ва аз ҳуҷайраҳо маҳсули мубодилаи  моддаҳоро  бароварда, дар онҳо мувозинати об ва сатҳи зарурии турширо (кислотностӣ) нигаҳ медоранд. Асоситарин элоктролитҳои бадани инсон натрий, калий, калтсий, магний ва хлор ба шумор мераванд. Онҳоро  дар навбати худ ба катионҳо ва анионҳо

Муфассал...

20 Июл 2015

Пизишки амрози занон (гинеколог) Ситора Қодирова бо сафари корӣ ба филиали Бемористони Ибни Сино дар ш. Панҷакент ташриф меорад!

Ба тавваҷӯҳи сокинони шаҳру ноҳияи Панҷакент мерасонем ки дар таърихи  3-4 август пизишки амрози занон (гинеколог) Ситора Қодирова бо сафари корӣ ба филиали Бемористони Ибни Сино дар ш. Панҷакент ташриф меорад! Онҳое, ки аз бемориҳои мухталифи занона азият мекашанд, метавонанд аз машварат ва табобати ин мутахассиси ботаҷриба баҳраманд гарданд!

Ба таваҷҷуҳи  мизоҷони мӯҳтарам

Муфассал...

16 Июл 2015

Иди саиди Фитр муборак ҳамдиёрони азиз!

Бемористони Ибни Сино тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрику таҳният мегӯяд. Ҳамасола ин Иди саид бо баракоти осмониаш ба хонаҳои ҳар яки мо ҳамчун рамзи лутфу меҳрубонӣ, сулҳу сафо ва хайру эҳсон қадам мегузорад. Роҳбарият ва тамоми кормандони Бемористони Ибни Сино дар ин Иди осмонӣ ба ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз пеш аз ҳама саломатӣ, умри дароз, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар хонадони Шумо баракати бешуморро таманно доранд. Идатон муборак ва тоату ибодататон  мақбули даргоҳи

Муфассал...

13 Июл 2015

Оби марворид - табобат дар 20 дақиқа

Узви биноӣ барои инсон аҳамияти вежае дорад. Мо бо чашм дунёи берунаро мебинем ва аз рӯи маълумоти мутахассисон, то 90% маълумотҳоро тариқи ин узв мегирем. Бинобар ин,  чашмро бояд эҳтиёт кард, чун чашми инсон мисли дигар узвҳои ӯ ниёз ба муносибати эҳтиёткорона ва табобат дорад.

Дар тибби имрӯз чашмпизишкӣ ё офтолмология ба омӯзиши  чашм, анатомия ва физиологияи он, бемориҳои гуногуни чашм ва табобату  пешгирии онҳо аз бемориҳо машғул аст. Чашмпизишк

Муфассал...

02 Июл 2015

Бемористони Ибни Сино: Ёрии аввалия дар ҳолати офтобзадагӣ

Ба офтобзадагӣ бештар одамоне мубтало мегарданд, ки организмашон ба таъғироти муҳити беруна мутобиқ  шудан  наметавонад. Ба гарм шудани муҳит ҳар  одам  ба тарзи  гуногун  вокуниш  мекунад - баъзеҳо гарм шудани ҳароратро бе ҳеҷ таъсири манфи ба саломатиашон пушти сар мекунанд ва баъзеи дигар  бар  асари он   рўйи   кати  беморӣ  қарор  мегиранд.

Мутахассисони  Бемористони Ибни Сино огоҳ мекунанд, ки расонидани ёрии аввалия  ҳангоми  офтобзадагӣ  ва гармои бештар аз меъёр, мисли ёрӣ ҳангоми сактаи дил муҳим мебошад. Бисёр вақт маҳз ёрии дурусти пешакӣ ҳангоми  офтобзадагӣ  (ва гармо) метавонад ҳаёти инсонро

Муфассал...

Коксартроз - иллатдор шудани тағояки сатҳи буғумҳо

Узвҳои ҳаракатдиҳандаи бадан барои инсон нақши муҳиме доранд. Маҳз ба хотири ин узвҳо мо роҳ меравем, медавему меҷаҳем ва дигар ҳаракоти бароямон муқарариро анҷом медиҳем. Аммо ҳеҷ як инсон аз ҷароҳату шикастани аъзо ва дигар халалдоршавӣ дар узвҳои ҳаракатдиҳандаи худ эмин нест. Дар ин гуна ҳолатҳо инсон ба ёрии духтури шикастабанд ниёзманд  аст. Маҳз шикастабанд ба ташхис ва табобати узвҳои ситемаи ҳаракатдиҳандаи бадан  машғул мебошад. Шикастабандӣ  яке аз бахшҳои муҳими тибб ба шумор

Муфассал...

01 Июл 2015

Ғалборгарӣ чист? Ва оё дар Тоҷикистон низ роҳандозӣ мешавад

Ташхиси пизишкии қабл аз никоҳӣ  имрӯз ба як масъалаи пурбаҳс дар ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ин  масъала  дар Паёми  солонаи  сарвари  давлат  садо  дод  ва  баъди  он  баҳсҳо  сари  никоҳи  хешутаборӣ  низ  дубора  сари  забонҳо чархид. Бештари эродҳое,  ки  мухолифини  никоҳи  хешутаборӣ  ба  ин  издивоҷ  мегиранд,  таваллуди насли  носолим мебошад. Барои  мисол,  тибқи  омори  вазорати  тандурустӣ   соли 2014  дар  Тоҷикистон  тақрибан  25 500  кӯдаку  навраси  маъюб  буд,  ки  35 дар садашон аз  ҷуфтҳои  ба  ҳам  хеш  ба  дунё  омадаанд.  Ба  гуфтаи  табибон,  40  дарсади кӯдакони то

Муфассал...

ФОТО