БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИЛТИҲОБИ ҚАРНИЯИ ЧАШМ Ё КАРОТИТ!

    Мудири бахши чашмпизишкии

    Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Шаҳло Бобоҷонова.

     

    Қарнияи чашм дар биноии инсон нақши муҳим дорад. Аммо ин қисмати чашми одамӣ низ дар баробари бемориҳои гуногун осебпазир мебошад. Яке аз хатароти асоси барои қарния, раванди илтиҳобӣ ба шумор меравад. Раванди илтиҳобӣ дар қарнияро дар истилоҳи тиббӣ "каротит" меноманд.

     
  • ИНКОНТИНЕНТСИЯ Ё БЕИХТИЁР ҶОРИШУДАНИ ПЕШОБ

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,                                                

    доктор Мубин Аминов.

     

    Беихтиёр ҷорӣ шудани пешбро дар забони тиб инконтинентсия меноманд. Инконтенентсия яке аз бемориҳои паҳнгашта дар таҷрибаи клиникии урологӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи оморҳои тиббӣ, тақрибан 20% аз аҳолии курраи Замин гирифтори ин беморианд. Бемории мазкур бештар дар хонумҳо мушоҳида мешавад.

     
  • БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ: АЗ ЭПИДЕМИЯ ТО ПАНДЕМИЯ

    Аз рӯи дараҷаи паҳншавӣ, бемориҳои сироятӣ метавонанд пароканда бошанд (спорадикӣ, бемориҳои ҷудогона, ки дар маҳалли муаян ва дар тӯли муаяни вақт мушоҳида мегарданд). Агар рушди беморӣ аз дараҷаи пароканда (спорадикӣ) боло равад, дар истилоҳи тиббӣ онро эпидемия меноманд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

11 Август 2015

Селиакия - "бемории ордӣ"

Селиакия бемории вазнини ирсӣ буда, бо халалдор гаштани таҷзияи як ё якчанд сафеда дар рӯдаи борик зоҳир мешавад. Ҳангоми селиакия дар натиҷаи вайрон шудани мӯякҳои рӯдаи борик бо маҳсулоти дорои сафедаи ширешаки ғалла (глютен, глиадин, авенин), ки дар растаниҳои  ғалладона  монанди ҷав, ҷави русӣ (овес), гандум ва ғ. воқеъ гардидаанд, системаи ҳозимаи инсон низ халалор мегардад.

Муфассал...

Отити дарунӣ

Мутахассиси шӯъбаи гушу гулую

бинӣ (ЛОР), клиникаи Ибн Сино.

доктор Нозим Шодиев

 

Гӯши одам аз се қисм (қисми берунӣ, миёна ва дарунӣ) иборат ёфтааст. Қисмати берунаи гӯшро суфраи гӯш ва роҳи шунавоӣ ташкил медиҳанд, ки бо пардаи гӯш хатм мегардад. Қими берунии гӯш садоҳоро дарёфт карда онҳоро ба қисмати миёнаи гӯш ирсол мекунад.  Қисмати миёна аз таҷвифи пардагӣ ташкил гардида, дар миёни шикофии устухони чакка ва пардаи гӯш  воқеъ гардидааст. Кори ин қисмати гӯш гузаронидани садо ба ҳисоб меравад. Қисмати дарунии гӯш аз системи мурракаби ҷӯякчаҳо, ки онро улитка меноманд  дар  дохили устухони чакка ташкил гардидааст. Дохили ҷӯякчаҳо (улитка) бо мое пур кардашуда,

Муфассал...

ФОТО