БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИЛТИҲОБИ ҚАРНИЯИ ЧАШМ Ё КАРОТИТ!

    Мудири бахши чашмпизишкии

    Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Шаҳло Бобоҷонова.

     

    Қарнияи чашм дар биноии инсон нақши муҳим дорад. Аммо ин қисмати чашми одамӣ низ дар баробари бемориҳои гуногун осебпазир мебошад. Яке аз хатароти асоси барои қарния, раванди илтиҳобӣ ба шумор меравад. Раванди илтиҳобӣ дар қарнияро дар истилоҳи тиббӣ "каротит" меноманд.

     
  • ИНКОНТИНЕНТСИЯ Ё БЕИХТИЁР ҶОРИШУДАНИ ПЕШОБ

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,                                                

    доктор Мубин Аминов.

     

    Беихтиёр ҷорӣ шудани пешбро дар забони тиб инконтинентсия меноманд. Инконтенентсия яке аз бемориҳои паҳнгашта дар таҷрибаи клиникии урологӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи оморҳои тиббӣ, тақрибан 20% аз аҳолии курраи Замин гирифтори ин беморианд. Бемории мазкур бештар дар хонумҳо мушоҳида мешавад.

     
  • БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ: АЗ ЭПИДЕМИЯ ТО ПАНДЕМИЯ

    Аз рӯи дараҷаи паҳншавӣ, бемориҳои сироятӣ метавонанд пароканда бошанд (спорадикӣ, бемориҳои ҷудогона, ки дар маҳалли муаян ва дар тӯли муаяни вақт мушоҳида мегарданд). Агар рушди беморӣ аз дараҷаи пароканда (спорадикӣ) боло равад, дар истилоҳи тиббӣ онро эпидемия меноманд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

18 Август 2015

БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН АМАЛИЁТИ ҶАРРОҲИИ РЕЗЕКТСИЯИ АНЕВРИЗМАИ ШОҲРАГ ВА ИВАЗИ ҚИСМИ БОЛОРАВАНДА, КАМОНАК ВА ПОЁНРАВАНДАИ ОН БО ПРОТЕЗИ РАГӢ ДАР ШАРОИТИ ХУНГАРДИШИ СУНЪӢ ВА КАРДИОПЛЕГИЯИ ФАРМАКОСАРДӢ ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО АНҶОМ ШУД

Ҷарроҳони эронӣ ва тоҷик бори аввал дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии резектсияи аневризма ишоҳраг ва ивази қисми болораванда, камонак ва поёнравандаи он бо протези рагӣ дар шароити хунгардиши сунъӣ ва кардиоплегияи фармакосардиро дар Бемористони Ибни Синои Душанбе бомуваффақият анҷом доданд. Бемори 56 солаи амалиётшуда пас аз ҷарроҳӣ худро хуб эҳсос мекунад ва айни ҳол ба хона мураххас шудааст ва таҳти назорат ва табобати амбулатории духтурон мебошад.

Муфассал...

ФОТО